logo

маориф

САНГВОР. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ МАОРИФ

Дар ноҳияи Сангвор ҷиҳати таъмин намудани пешрафти соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, барои рушди он аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Мувофиқи ҳисоботи оморӣ, айни замон дар ноҳия 59 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 22 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 8 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 29 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, Мактаб-интернати ҷумҳурявӣ барои кӯдакони ятим ва интернати наздимактабӣ, фаъолият дорад. 
- Дар ҳама намуди муассисаҳои таълимӣ 5098 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Ба таълиму тарбияи насли наврас 575 нафар омӯзгор (211 нафар зан) машғул аст. Дар шаш моҳи соли 2022 5 шурои методӣ, 6 шурои шуъбаи маориф ва ҳафт ҷаласаи назди мудир гузаронда шудаанд, ки дар онҳо масъалаҳои гуногуни соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд, - иброз дошт Абдулло Олимзода, муовини раиси ноҳияи Сангвор.
Озмун ва олимпиадаҳои фаннӣ нисбат ба солҳои гузашта дар сатҳи баланд ва ба талаботи низомнома мувофиқ гузаронда шудаанд.
Дар ин давра ба омӯзгорон ва маъмурияти муассисаҳои таълимии ноҳия аз тарафи кабинети методии шуъбаи маориф 6 семинари дастурдиҳӣ гузаронда шуда, ба омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ 6 маротиба ёрии методӣ расонда шуд.
Дар 28 муассисаи таълимӣ кабинетҳои фаннии забони русӣ ва англисӣ, математика, забону адабиёти тоҷик, физика, химия, технологияи информатсионӣ ташкил шудаанд. Гарчанде пояи моддӣ – техникиашон ба таври ҳозиразамон набошад ҳам, ба қадри ҳол бо таҷҳизоти зарурӣ, маводи таълимӣ, ороиши дохилӣ таъмин карда шудаанд. Дар доираи маблағҳои буҷетӣ харидорӣ намудани маводи лабораторӣ ва адабиёти иловагӣ ба роҳ монда шудааст. Аз 29 март то 2 апрел хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия тибқи Маркази миллии тестӣ барои дохил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ аз қайд гузаштанд. Рӯйхати ихтисосҳои донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ тибқи Квотаи президентӣ барои ноҳия муайян гардида мувофиқи он 22 нафар довталаб (11 писар ва 11 духтар) ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар асоси озмун дохил гардид.
Дар назди шуъбаи маориф маркази таҳсилоти иловагӣ бо панҷ намуди маҳфил, маркази технологияи информатсионӣ ва маркази рушди истеъдод фаъолият намуда истодаанд.
Ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ таҳия ва тасдиқ шуда, айни ҳол дар назди 18 муассисаи таҳсилоти умумии ноҳия маркази инкишофи кӯдакон ташкил гардидааст, ки ба онҳо зиёда аз 380 кӯдак ҷалб карда шуд. Шароити кӯдакистони маркази ноҳия ва маркази ҷамоатҳои деҳоти Сангвор ва Чилдара низ хуб ба роҳ монда шуда, бо фарогирии 125 нафар кӯдак фаъолият намуда истодаанд. Тарбиятгирандагон бо тамоми шароити зарурӣ, аз ҷумла асбобҳои хониш, бозичаҳо ва се вақт хӯроки гарм таъмин мебошанд. Дар муассисаҳои томактабӣ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ машғулиятҳо ба роҳ монда шудаанд. 
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳия айни ҳол 102 хонанда, аз ҷумла 31 духтар аз синфи 1 то 11 ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Барои пешбурди таълиму тарбия 21 омӯзгор ва 8 мураббӣ машғуланд. Тарбиятгирандагон мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида чор маротиба бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд. Хонандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳия дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ иштироки фаъолона доранд. Дар назди Мактаб-интернати мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, сарпарастон ва шахсони саховатпеша майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар арафаи Ҷашни Соли нав, Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи модар, Ҷашни Наврӯз, инчунин дар арафаи идҳои Рамазон ва Қурбон аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия хӯроки идона ва сарулибос кумак расонда шуд. Хонандагони ин муассисаи таълимӣ дар озмуну олимпиадаҳо ва чорабиниҳои ноҳиявӣ иштироки фаъолона доранд. 
Дар Литсейи касбӣ-техникӣ теъдоди касбомӯзон 131 нафар буда, 83 нафараш духтарон мебошанд. Касбомӯзон аз рӯи ихтисосҳои гуногун: тракторчӣ-мошинисти истеҳсоли соҳаи кишоварзӣ, ронандаи силсилаи “С”, ҳисобчӣ бо донистани компютер ва дӯзандагӣ таҳсил намуданд. Аз теъдоди умумии касбомӯзон 22 нафари онҳо, ки ба хобгоҳ эҳтиёҷ доштанд, бо ҷойи хоб ва хӯроки гарм таъмин карда шудаанд. Ба пойгоҳи моддӣ-техникии Литсей 12 мошинаи дарздӯзии барқӣ, 11 мошинаи дарздӯзии дастӣ, 6 компютер, 4 камераи мушоҳидавӣ, 1 проектор ва 550 китоби дарсии умумии таълимӣ ва тахассусӣ ворид шуданд. Дар Литсейи мазкур дар баробари пешравиҳо камбудиҳо низ дида мешаванд, ки баҳри пешбурди таълиму тарбия садди роҳ мешаванд ва масъулони муассисаи мазкурро лозим аст, ки камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намоянд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.08.2022    №: 153    Мутолиа карданд: 3090
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед