logo

иҷтимоиёт

НОН ДОРӢ, НОМ ДОРӢ

 
Дар байни мардуми мо вожаи нон яке аз муқаддастарин вожаҳо маҳсуб меёбад. Далел ин аст, ки ҳатто сахттарин қасам, пас аз қасам ба номи Худо ва қасам ба шири модар, қасам ба нон аст. Қасамҳое, мисли “Нонам занад”, “Нон кӯрам кунад”, аз он ҷумлаанд ва гувоҳи онанд, ки мардуми тоҷик арҷи баландтаринро ба ин вожа ё мафҳум гузоштаанд. Ин қасамҳо бар он эътиқод бунёд ёфтаанд, ки исрофкорӣ ва беэътиноӣ нисбат ба нон,  пеши по задану зери по кардани он оқибатҳои хуб надорад. 
 
Аммо муқаддас шумурдани нон, гузоштани арҷи баландтарин ба ин неъмати ҳастӣ дар миллати мо на фақат ба хотири ғизо будани нон аст, зеро маводи ғизоӣ ва хӯрданӣ хеле ва хеле фаровон мебошад. Инсон ҳатто метавонад, бидуни хӯрдани нон, бо хӯрдани анвои гиёҳу зироату сабзавот рӯзашро бигзаронад, аммо маҳз нон муқаддас ҳисобида шудааст. Чаро? Посух ба ин суол, аслан, паҳлуҳои зиёд дорад, аммо дар мавриди суоли гузошта чунин аст, ки  нон барои мардуми мо на фақат маънои ғизо ва хӯрданиро дорад, балки рамзест, ки чандин мафҳумҳои дигари маънавию руҳониро низ фаро мегирад. Албатта, имрӯз рӯзгори инсониятро наметавон бидуни нон тасаввур кард. Тули ҳазорсолаҳо ғизои асосии тановулии инсоният маҳз нон шудааст. Аммо шояд дар ягон қавму миллате нон перомуни мафҳуми худ ин қадар рамзу фаҳмишҳои гуногуни маънавиро ҷамъ наовардааст, чуноне ки дар мо - тоҷикон. 
Волотарини ин мафҳумҳо он аст, ки нон рамзи зиндагӣ, асоси ҳастӣ шумурда шуда, муқаддас маҳсуб меёбад.  Ҳамчун далели равшани ин суннат метавон байти машҳури устод Мирзо Турсунзодаро ба ёд овард:  
Аз замин нонрезаҳоро чида 
мемолам ба чашм,
Нони гарми меҳнатиро 
дида мемолам ба чашм.
Дар ин мисраъҳои воқеан, дурахшони устод як манзараи хеле зебову эҳсосбахш, як суннату одобу фарҳанги волои миллати мо таҷассуми зебои шоирона дорад. Дар он одоб, арҷи  баланд ва  муҳаббати мардуми мо ба тасвир меояд ва ба хонанда таъсири нек мегузорад.  
Ҳамаи мо борҳову борҳо шоҳиди он будаем, ки мардуми мо, хусусан пирону калонсолон, вақте чашмашон ба нонрезаи рӯи роҳ меафтад, хам шуда онро мегиранду ба чашм мемоланд, зеро аз назари мардуми мо нон аз арзишмандтарин неъматҳо будаву муқаддас аст ва набояд беқадру хор шавад.
Дар байни халқи мо қиссаи ибратангезе машҳур аст. Муҳоҷире, ки дар домани саҳро ҳангоми сафар дар болои маркаб резаи нон аз дасташ ба замин меафтад ва ӯ пиёда шуда, онро мекобаду мекобад, аммо намеёбад ва барои он ки ин резаи нон зери пои дигар раҳгузарон намонад, атрофу акнофи он қисмати заминро, ки нонреза фитода буд, девор мегирад. Баъдан он мавзеъ пайваста дар тули солҳо ба зиёратгоҳе табдил меёбад, ки раҳгузарон арҷ ба он мегузоранд. Яъне, резаи нон шояд худ қимате надорад, аммо рамзи арҷгузорӣ ба ин муқаддасот аст, ки халқ онро дар фарҳанги одобу русуми худ ворид намудааст. 
Ин аст, ки то имрӯз мардуми мо нонро муқаддас мешуморанд ва ҳар беэҳтиромӣ ва исрофкорӣ ва муносибати хунукназаронаро ба он маҳкум менамоянд.
Нон барои халқи мо, ҳамчунин, маънои шарафу  иззату обрӯ ва ғайраро ифода мекунад. Мақоле дар забони тоҷикии мо машҳур аст, ки мегӯянд: “Нон дорӣ, ном дорӣ”. Дар ин мақол “нон” мушаххас танҳо ғизои тановулӣ нест, балки дороии маънавию иқтисодии инсон, ободӣ, обрӯву мавқеи ӯ дар ҷомеа ва ғайраро низ ифода мекунад. 
Дар адабиёти бузурги классикии мо навиштаҳои пандомезе ҳастанд, ки бартарии мақоми нон ва аввалдараҷа будани онро хеле моҳиронаву бадеӣ инъикос намудаанд ва  тавассути нақлу ривоятҳо таҷассуми хосса додаанд.  Масалан, дар яке аз ин ривоятҳо аз баҳсе сухан меравад, ки чӣ арзиши бештар дорад: китоб ё нон? Олимеро, ки  арҷро ба китоб мегузорад ва баҳс мекунад, ки арзиши китоб хеле болотар аз нон аст, барои санҷиш ва ҳалли баҳс бо чандин нусха китоб ва як қурси нон ба хонае маҳкам мекунанд. Нонро дар равоқи баланди он ҳуҷра мегузоранд, дар он ҷой, ки қади олим ба он намерасад. Олим чанд рӯзе тоқат мекунад, баъдан гуруснагӣ ӯро вомедорад, ки китобҳоро зери по монаду нонро аз баландии дастнорас бигирад ва худро аз гуруснагии марговар раҳо бидиҳад. 
Хушбахтона, насли нави зодагони даврони истиқлолият дар Тоҷикистони азизи мо дар замони сериву пурӣ зиндагӣ мекунанд  ва замони гуруснагиву камчинии нонро надидаанд, ҳол он ки дур нарафта дар ҳамин даврони ҷангҳои нангини шаҳрвандӣ мардуми мо замони гарони камчинии нонро аз сар гузарондаанду азоби гуруснагиро кашидаанд. Мардум дар суроғи нон фарсахҳои зиёдеро аз як гӯшаи шаҳр то гӯшаи дигар мепаймуданд ва аз субҳ то шом дар назди корхонаҳои истеҳсоли нон навбат мепоиданд. Дар ин ҷодаҳо  баъзеҳо қурбони тирҳои дайду ҳам гардидаанд. 
Дар ёдам ҳаст, ки як рафиқам нависандаи номдор, ки дар хонаводааш панҷ нафар хӯранда дошт, дар он рӯзҳои гарони ҷанги шаҳрвандӣ ҳар рӯз як нони гирдакро панҷ қисмат мекард ва хӯроки якрӯзаи ин хонавода ҳамин як пора нони  аз як нони нонвоӣ буридашуда буд ва онҳо тули беш аз як сол маҷбур буданд, ки ба ҳамин як пора нон ҳам қаноат кунанду ҳам одат. 
Пӯшида нест, ки дар ҷаҳони муосир нон ғизои асосии истеъмолии инсон аст ва бисёр кишварҳое ҳастанд, ки аз нарасидани нон вазъи хароб доштаву мардумаш мувоҷеҳи гуруснагӣ гардидаанд ва имрӯз аз гуруснагиву ташнагӣ мурдани инсон дар баъзе аз гӯшаҳои дунё зуҳуроти муқаррарӣ гардидааст. Мушкилоти иқтисодии ҷомеа, хусусан ҳалли яке аз масъалаҳои мадди аввали ҷомеаи инсонӣ, масъалаи ҳалли амнияти озуқаворӣ, нарасидани ғизову об, таҳдиди гуруснагӣ ба инсонҳои сайёра пайваста қадру қимату манзалати нонро боло мебардорад. Мутаассифона, имрӯз ҳам дар сайёраи Замин мавзеъҳое ҳастанд, дар онҳо ҳазорон нафар инсонҳо, кӯдакону пирон аз ташнагиву гуруснагӣ азият мекашанд ва ҳатто мефавтанд. 
Имрӯз бояд шукри озодию ободии кишварамонро кунем, ки дар мағозаҳои мо даҳҳо намуди нон вобаста ба табъу табиат, саломатӣ ва дархостҳои шахсӣ дастраси мардум мебошад. Аммо анвои гуногуну рангоранги нони тоҷикӣ кайҳост, ки ҷаҳониёнро мафтун намудааст.  Гумон мекунам, мавзуи навъҳои нони тоҷикӣ, ҳунару санъати омодасозии он, намуду шаклҳои беҳтар аз ҳамдигарии он, лаззати бебаҳо ва дигар сифату ҷиҳатҳои шоистаи нони тоҷикӣ мавзуи алоҳидаи суҳбат ва ҳатто рисолаи илмию ҳунарист. 
Аз ин навиштаҳо чунин хулосаҳо метавон баровард: аввалан, нон барои мардуми саҳибтамаддуни мо на фақат ғизои тановулӣ аст, балки рамзи бисёр хуҷастагиҳои маънавиву инсонӣ низ мебошад.
Сипас, эҳтиром ва арҷгузории миллати тоҷик ба нон, ки аз фарҳанги бузурги халқи мо сарчашма мегирад ва ҳадафҳои баланди хайрхоҳиву инсонпарастӣ дорад, метавонад намунаи ибрати ҷаҳониён бошад. 
Оқибат, дар ҷаҳони имрӯза, дар замоне ки инсоният рӯ ба рӯ бо мушкилоти зиёди зиндагӣ, хусусан буҳронҳои иқтисодиву сиёсӣ, муаммоҳои табииву сохтаи худ, таҳдидҳои глобалии табиат  рӯбарӯст, танҳо сиёсати оқилонаи роҳандозишуда дар ҷодаи амнияти озуқаворӣ ва ҳамзистиву ҳамдилии инсонҳои сайёра метавонанд башариятро аз вартаҳои фалокатҳо бираҳонанд.
 
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.08.2022    №: 153    Мутолиа карданд: 552
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед