logo

сиёсат

ҶОМЕА. ФИРЕФТАИ НАҲЗАТИЁНИ ИФРОТӢ НАБОШЕМ!

 
Вазъи имрӯзаи ҷаҳон баҳри пурталотум, сербоду пуртуғёнеро мемонад, ки бо мавҷҳои обхезаш мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Аз як ҷониб куштору одамрабоӣ, дуздиву ғоратгарӣ бошад, аз ҷониби дигар, ҷангҳои таҳмилӣ, терроризму экстремизм даҳшатро дар дили халқи осоишта дучанд бинмудаанд. 
 
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳадафи асосии созмонҳои террористӣ на хизмат ба халқу Ватан, балки ба воситаи фиребу найранг, афкандани тарсу ҳарос, амалҳои нопокона ба даст овардани қудрату мавқеъ дар ҷомеа мебошад. Ин ташкилотҳо бо пайдо кардани хурдтарин имкон ҳуқуқи озодии эътиқодии мардумро поймол намуда, ормонҳои дили худро шикастан мехоҳанд. Яъне, орзуву омоли онҳо танҳо бо роҳи даҳшат афкандану нифоқ андохтан дар ҷомеа қудрат ба даст овардану соҳибмулк гардидан аст.
Созмонҳои ифротгаро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ барномаву ҳадафҳои худро пайваста пахш мекунанд. Аз мушоҳидаҳои фаъолияти солҳои охири онҳо маълум мегардад, ки нохалафон ҳоло ҳам аз дасисабозиҳо даст накашидаанд. Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки бадхоҳони миллати тоҷик бо барномаҳои дар хориҷа тарҳрезӣ намудаи худ сӣ сол пеш тӯфони ҷангу ҷидолро дар Тоҷикистон бархезонда,  кишварро ба парокандашавӣ кашиданӣ буданду ҳоло  ҳам ором нагирифтаанд. Бадхоҳони Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз ниқоб дигар бинмудаанд, яъне, ҳамон шағолбачаҳое, ки Ватанро тарк бинмудаву дар кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурдаанд, алҳол ба сиёҳ намудани вазъи имрӯзаи кишвар машғуланд. Ҳаққо, ки ин нохалафон ба ҷуз душманиву ғарази нопок дигар ҳадафе надоранд. Аз ҷониби ана ҳамин душманони миллати тоҷик, ки пешравӣ ва осудаҳолии мардуми Тоҷикистонро дида наметавонанду дидан ҳам намехоҳанд, зеро тинати каждумиашон ба ин монеъ мешавад, бо суханҳои пучу гумроҳсозанда ҷавонони ноогоҳро фирефтаи амалҳои нопоки худ карданианд. Мехоҳанд онҳоро раҳгум занонда, афкору ақидаашонро дар либоси дини ислом дар майнаи онҳо ҷой диҳанд.  
Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом, ки аз рӯзи пайдоишаш дини муқаддаси Исломро барои рӯйпӯш кардани ҳадафҳои ғаразнокаш ниқоби мувофиқ интихоб намудааст, созмони сирф хурофотӣ асту аз роҳбар то аъзояш ҳама муртаду мунофиқанд. Далели мутмаини ин маъниро метавон дар макру ҳила, фитнаю дасиса, иғвоангезиву ҳарзагӯӣ, ҳангоматалабии наҳзатиёни хоин   дарёфт. 
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷи-кистон хуб медонанд, ки ташкилоти мамнуи наҳзат барои амалӣ намудани мақсадҳои нопокаш созмон дода шудааст. Мақсади асосии ин гурӯҳ ва ташкилкунандагони он, дар мисоли  Кабирӣ,  оромӣ ва ободии Тоҷикистонро халалдор кардан аст ва бо ин васила мехоҳанд фазои амни Ватани моро вайрон намоянд. Наҳзатиёни хоин пас аз амалҳои ваҳшиёна  ва разилонаи хеш боз даъвои ватандӯстӣ мекунанд, ҳол он ки ин гуна ашхос ба номи  фарзанди Меҳан лоиқ нестанд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки амали зишти чунин ҷиноятпешаҳо бо об ҳован кӯфтан аст. Дигар ба лофзаниҳои болохонадори онҳо дар Тоҷикистон касе бовар нахоҳад карду ба роҳи пешгирифтаи ӯ нахоҳанд рафт. Роҳи мо сулҳу субот, амну осоиштагиву ободии Ватану саодати халқ аст. 
 
Шамил НАЗАРЗОДА, ДДХ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.08.2022    №: 153    Мутолиа карданд: 695
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед