logo

мулоқотҳо

Вохӯрии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо меҳмонони олиқадр

17 май  дар мулоқот бо вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Наватзада Малик Амад Хан масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ба Тоҷикистон, ки тобистони соли гузашта ҷараён гирифта буд, баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки он «дар муносибатҳои байнидавлатии мо марҳалаи нав боз намуд» ва таъкид кард, ки «барои татбиқи босамари санадҳои дуҷониба бояд Барномаи мушаххаси дарозмуддати ҳамкориҳо таҳия ва қабул гардад». Барои ин ҷоннок намудани  кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ зарур шумурда шуд.
Соҳаи энергетика самти афзали ҳамкориҳои бунёдии иқтисодӣ ном гирифт. Гуфтугӯйи судманд оид ба татбиқи амалии лоиҳаи кашидани хати интиқоли барқи КАСА-1000 ва имконоти бунёди корхонаҳои муштарак дар бахшҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ сурат гирифт.
Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба масоили амнияти минтақавӣ ва омодагӣ ба мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Покистон ва Афғонистону Русия, ки тобистони имсол дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия баргузор хоҳад гашт, зоҳир гардид.

***
17 май дар вохӯрӣ бо Котиби давлатии Марокаш оид ба корҳои хориҷӣ ва ҳамкорӣ хонум   Латифа Ахарбаш масоили густариши робитаҳои ду кишвар баррасӣ гаштанд.
Латифа Ахарбаш нахуст салому паёми Подшоҳи Марокаш Муҳаммади Шашумро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳавасмандии зиёди ӯро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо кишвари мо расонд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз муштаракоти зиёди таърихию фарҳангӣ бо кишварҳои арабӣ, аз ҷумла изҳор дошт: - «Мо медонем, ки Марокаш чӣ дар чорчӯбаи Созмони конфронси исломӣ ва чӣ дар минтақаи Мағриби арабӣ соҳиби нуфузи бузург аст ва мо ба таҳкими робитаҳои ҳасана бо он манфиатдорем».
Ҳар ду ҷониб омодагии худро ба ташкил ва густариши муносибатҳои густурдаи ҳамкорӣ таъкид доштанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо салому паём даъват намуд, ки Подшоҳи Марокаш Муҳаммади Шашум ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.

***
Субҳи 18 май  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Сурия Валид ал-Муаллимро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории ду кишвар, қабл аз ҳама татбиқи амалии санадҳои зимни сафари расмии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сурия имзошуда, баррасӣ гардиданд.
Таъкид шуд, ки баҳри истифодаи босамар аз имкону захираҳои фарохи ҳамкорӣ бояд равобити судманди дуҷониба ривоҷ дода шаванд.
Валид ал-Муаллим дар шаҳри Душанбе баргузор шудани иҷлосияи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломиро фоли нек аз оғози марҳалаи нави муносиботи Тоҷикистон бо кишварҳои мусулмонӣ арзёбӣ намуд.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои кунунии Шарқи Наздику Афғонистон ва дигар  масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия Башшор Асад ба Тоҷикиcтон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.

***
18 май дар бӯстонсарои Ҳукумати мамлакат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо вазири давлатии Туркия Ҷевдет Йилмаз мулоқот намуд, ки дар он масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ ёфтанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Туркияро шарики боэътимоди Тоҷикистон номида, аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кард.
Бо ёдоварӣ аз шарикии анъанавии тиҷоратии ду кишвар таъкид гардид, ки тайи ду соли ахир ҳаҷми мубодилаи мол аз ним миллиард доллари амрикоӣ боло меравад.
Зикр гардид, ки имрӯз дар Тоҷикистон даҳҳо ширкатҳои туркӣ дар бахшҳои тиҷорат, саноат, сохтмон ва хизматрасонӣ, аз ҷумла дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ширкат меварзанд.
Ҷевдет Йилмаз изҳор дошт, ки Туркия омода аст ба Тоҷикистон дар масъалаи шомил гаштан ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ кӯмак расонад.
Густариши ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ низ матлуб дониста шуд.

***
18 май  дар ҳошияи иҷлосияи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири давлатии Ҷамоҳирияи Либия оид ба корҳои хориҷӣ Муҳаммад ал-Барониро ба ҳузур пазируфта, масоили ҳамкории ду кишварро барасӣ намуд.
Муҳаммад ал-Баронӣ салому паёми самимии Роҳбари Ҷамоҳирияи Либия Муаммар Қаззофиро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонда, барои дар чунин сатҳи баланд пазироӣ намудани ин ҳамоиши бузурги исломӣ ба ӯ ва мардуми Тоҷикистон арзи сипос кард.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки Роҳбари Ҷамоҳирияи Либия Муаммар Қаззофӣ баҳри густариши бештари ҳамкории дуҷониба ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.

***
18 май дар сӯҳбат бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расул масоили сершумори ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамсоягии ду кишвар баррасӣ гаштанд.
Таъкид гардид, ки манфиатҳои муштараки сиёсии ду кишвар, таҳаввулоти босуръати дохилӣ ва минтақавӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳо густаришу тақвият додани робитаҳоро, аз ҷумла  миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ, сохторҳои  сарҳадӣ, амниятӣ, ҳарбӣ, интизомӣ ва адлия тақозо мекунад.
Бо қаноатмандӣ аз муносибатҳои дӯстонаи ҳамсоягӣ зикр гардид, ки тайи 3 моҳи охир ҳудуди 100 нафар донишомӯз ва корманди сохторҳои амниятию қудратӣ ва 300 нафар корманди тиббии  Афғонистон курсҳои омӯзиширо дар шаҳри Душанбе хатм карда, ба ватани худ баргаштанд.
Иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ аз самтҳои асосии ҳамкории иқтисодии ду кишвар арзёбӣ гардид.
Дар ин росто густариши робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон бо кишварҳо ва созмонҳои гуногуни манфиатдор, аз ҷумла мулоқотҳои чорҷонибаи Тоҷикистон - Афғонистон – Покистон –Русия мувофиқи матлаб дониста шуд.

***
18 май  дар мулоқот бо вазири давлатии корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ доктор Низор Маданӣ масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуданд.
«Мо ба густариш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Мамлакати Арабистони Саудӣ аҳамияти хоса медиҳем ва қаноатмандем, ки равобити сиёсии мо, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, бар асоси эътимод, ҳусни ният ва созандагӣ сурат мегиранд», - изҳор дошт зимни сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Низор Маданӣ изҳор дошт, ки Подшоҳи Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Абдуазиз даъвати Сарвари давлати Тоҷикистонро пазируфта, азми сафари расмӣ ба ин кишвари биҳиштосо дорад ва дар фурсатҳои наздиктарини муносиб ин ташриф ба вуқӯъ хоҳад пайваст».
Баҳри таҳким  ва густариши ҳамкории минбаъдаи дуҷониба ҳамчунин баргузор намудани ҷаласаи аввалини комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ ва омода намудани санадҳои мушаххаси  қарордодию ҳуқуқӣ зарур шумурда шуд.
Изҳори умед гардид, ки Анҷумани бошукӯҳи исломӣ дар шаҳри Душанбе дар таъмини ҳамбастагии воқеии кишварҳои мусулмонӣ саҳифаи нав хоҳад кушод.

***
18 май  зимни сӯҳбат бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Манучеҳри Муттакӣ масоили шарикии гуногунсоҳаи стратегии ду кишвар баррасӣ ёфтанд.
Бо қаноатмандӣ аз рушди муносибатҳои ду кишвар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки тавофуқоти муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамлу нақли транзитӣ ва саноат сари вақт ва босамар татбиқ мегарданд.Барои сохтмони бомароми нерӯгоҳи «Сангтӯда – 2» ба роҳбарияти давлати Эрон арзи сипос карда шуд.Баргузор кардани музокироти коршиносони ду ҷониб оид ба таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолкунандаи пояҳои хатҳои интиқоли барқ, чароғҳои камхарҷи барқӣ, трансформаторҳои пуриқтидор ва кабелҳои баландшиддат, бунёди корхонаи семент ва дигар корхонаҳои муштараки саноатӣ зарур шумурда шуд.
Таъкид гардид, ки ба ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон бояд такони тоза бахшида шавад.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили амнияти минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар доираи Созмони конфронси исломӣ ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

***
18 май  дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон Элмар Мамадёров масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ гардиданд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба татбиқи амалии санадҳои қарордодӣ-ҳуқуқии дуҷониба, ки дар сатҳу зинаҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Боку ба имзо расидаанд, зоҳир карда шуд.
Ҳар ду ҷониб омодагии устувори худро баҳри таҳким ва густариши муносиботи ҳасана, ҳамкории судманди минбаъда таъкид намуданд.

***
18 май  дар вохӯрии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  бо вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Аҳмад Абдуллоҳ оли Маҳмуд масъалаи рушди бемайлони муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвар баррасӣ гашт.
«Мо ба густариш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судбахш бо Давлати Қатар, ки  яке аз шарикони асосии тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон дар олами араб аст, аҳамияти хос медиҳем», - изҳор дошт зимни сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Аз омодагӣ ба ифтитоҳи хати мустақими ҳавоии байни ду кишвар ва бо сармоягузории ҷониби қатарӣ дар шаҳри Душанбе бунёд ёфтани як масҷиди бузург, мактаби замонавӣ, шаҳраки муосири иборат аз меҳмонхона ва биноҳои истиқоматӣ ва  таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди асал, меваю сабзавот ва гӯшту шир барои содирот изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Иштироки сармояи қатарӣ дар истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуд.
Баҳри такони бештар бахшидани ҳамкории дуҷониба баргузор кардани ҷаласаи аввалини Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ дар Тоҷикистон ва таъсис додани сафоратҳои мустақили ду давлат дар шаҳрҳои Душанбе ва Давҳа зарур шумурда шуд.

***
19 май  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Созмони конфронси исломӣ Рашад Ҳусейнро, ки баҳри иштирок дар Иҷлосияи 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои ин созмон ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот оид ба муносибатҳои бисёрсоҳаи Тоҷикистону Амрико, вазъи минтақа ва ҷаҳон ва хусусан оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои Афғонистон гуфтугӯ сурат гирифт.
«Мо ба рушди муносибот бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таваҷҷӯҳи хоса дорем ва ба таҳкиму  густариши онҳо ҳавасмандем», - изҳор дошт зимни сӯҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Аз заминаи ҳуқуқӣ ва сатҳи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Амрико, ки миёни сохторҳои гуногуни ду кишвар ба назар мерасад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки баҳри густариши ҳамкории иқтисодӣ, хусусан бо назардошти бозори фарохи Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ бояд тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Соҳаҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия аз самтҳои матлуб ва афзалиятнок дар ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар арзёбӣ гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили олами Ислом, таъмини ҳуқуқу озодиҳои динию мазҳабии инсон ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир мубодилаи афкор сурат гирифт.

***
19 май  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири сарватҳои обии Ҷумҳурии халқӣ - демократии Алҷазоир Абулмалик Салолро ба ҳузур пазируфт.
Абулмалик Салол нахуст ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон салому паёми Президенти кишвараш Абдулазиз Бутафлиқаро расонда, изҳор дошт, ки сафари расмии моҳи марти соли 2008 суратгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Алҷазоир баҳри рушди ҳамкориҳои ду кишвар асоси воқеӣ гузошт. 
Зимни сӯҳбати созанда масоили вобаста ба татбиқи амалии санадҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Алҷазоир ва масъалаҳои минтақавию ҷаҳонии мавриди таваҷҷӯҳ баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки ба наздикӣ бояд масоили таҳким ва густариши ҳамкории дуҷониба ба таври мушаххас дар мулоқоти коршиносони ду кишвар баррасӣ шаванд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки Президенти Алҷазоир Абдулазиз Бутафлиқа баҳри такони нав бахшидан ба густариши муносибатҳои ҳасана ва ҳамкории ду кишвар ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.

***
19 май  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон котиби давлатӣ, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Канат Саудабаевро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот мавзӯъҳои фаъолияти Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва доираи васеи масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ шуданд.
-Тоҷикистон нақши Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро, чун воситаи муҳими минтақавӣ дар таъмини амнияту суботи қаламрави Авруосиё баланд арзёбӣ менамояд,  - изҳор дошт зимни сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Канат Саудабаев Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо баргузории бомуваффақияти иҷлосияи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ табрику таҳният гуфта, нақши Тоҷикистонро дар таъмини фазои боварӣ, ҳамкорӣ ва гуфтугӯйи миёни тамаддунҳо намоён маънидод кард.
Бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти вобаста ба ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла таъкид дошт, ки «Тоҷикистон ҳамоно ҷонибдори устувори рушди ҳамкории минтақавӣ ва ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ аст» ва изҳори боварӣ намуд, ки  дар давраи раёсати Қазоқистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар ин самт низ натиҷаҳои арзишманд ба даст меоянд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Канат Саудабаев фаъолияти босамари Коллеҷи сарҳадии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро, ки соли гузашта дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфта буд, намунаи хуби рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмон арзёбӣ намуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти зарурати мавҷуда изҳори боварӣ намуд, ки то охири соли равон дар шаҳри Душанбе ҳамчунин Маркази минтақавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба безараргардонии минаҳо кушода мешавад.
Ҳар ду ҷониб омодагии устувори худро ба густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон ва ҳам дар чаҳорчӯби  Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ таъкид намуданд.

***
19 май   дар сӯҳбат бо вазири корҳои хориҷии Салтанати Уммон  Юсуф ибни Алавӣ масоили ташкил ва густариши ҳамкории ду кишвар баррасӣ ёфтанд.
«Мо кӯшиш мекунем, то муносибатҳои ҳамкории судманд дар самтҳои гуногун миёни Тоҷикистону Уммон беш аз пеш вусъату густариш ёбанд», - изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Барои ин омода сохтани асосҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ ва густариши робитаҳои дуҷониба зарур шумурда шуд.
Юсуф ибни Алавӣ салому паёми Султони Уммон Қобус ибни Саидро ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  расонда, ҳавасмандии роҳбарияти кишварашро ба ташкил ва густариши ҳамкории судманд бо Тоҷикистон таъкид намуд.
Ба гуфти Юсуф ибни Алавӣ, ба нишони оғози ҳамкории густурдаи иқтисодию сармоягузорӣ ва фарҳангӣ Салтанати Уммон омода аст, ки як шаҳраки муосири истиқоматӣ бунёд карда, ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардидаи Тоҷикистон тақдим намояд. ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки Салтанати Уммон ба сармоягузорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла чорводорӣ, истеҳсол ва коркарди меваю сабзавот ва дигар бахшҳои судовар иштироки фаъол дошта бошад.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва тадбирҳои муштараки кишварҳои мусулмонӣ гуфтугӯ сурат гирифт.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки Султони Уммон Қобус ибни Саид ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.

***
19 май  дар мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Яҳё Маъруфӣ масоили вобаста ба татбиқи санадҳои дар доираи ин созмон имзошуда, аз ҷумла «Дурнамои ЭКО то соли 2015», ки ҳадафи асосии он таъмини тиҷорати озод дар қаламрави кишварҳои аъзои Эко аст, баррасӣ гардиданд.
Соҳаи энергетика, аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузурги обӣ дар Тоҷикистон ва интиқоли нерӯи барқи арзону таҷдидшаванда ва аз ҷиҳати экологӣ безарар ва интиқоли он ба кишварҳои  ниёзманд аз самтҳои муҳимтарин ва босамартарини ҳамкорӣ арзёбӣ гашт.
Сохтмони шабакаҳои нави пулу нақбҳо ва роҳҳои оҳану мошингард (бахусус аз шаҳрҳои бандарӣ ба Осиёи Марказӣ) ва баланд бардоштани нақши транзитии Афғонистон аз самтҳои дигари афзалиятноки ҳамкорӣ маънидод карда шуд.
«Тоҷикистон  омода аст ҳамеша барои татбиқи амалии стратегияи созандаи Созмони ЭКО талош дошта бошад», - изҳор намуд дар хулосаи сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

***
19 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Дабири кулли Ҷамъияти байналмилалии ҷавонони мусулмон Муҳаммад Бодаҳдаҳро ба ҳузур пазируфт.
Муҳаммад Бодаҳдаҳ ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки «мо аз ташаббусҳои сершумори Шумо оид ба тарғиби арзишҳои волои инсондӯстонаи дини мубини Ислом  илҳом гирифта, тасмим дорем, ки дар чопи китобҳои Қуръони Карим бо тарҷумаи тоҷикиаш саҳми худро гузорем».
Муҳаммад Бодаҳдаҳ иттилоъ дод, ки Ҷамъияти байналмилалии ҷавонони мусулмон омода аст, ки беш аз 1 миллион нусха Қуръони Каримро бо тарҷумаи тоҷикӣ чоп намуда, дастраси ҷавонони Тоҷикистон намояд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо арзи сипос ин иқдомро хеле судманд маънидод кард, зеро ба гуфти ӯ «мардуми тоҷик Қуръонро бо забони модарии худ хонда, ба маъонии он дуруст сарфаҳм мераванд ва аз ҳар гуна каҷравию таҳрифоти ғаразнок худро дар канор мегиранд».
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ ва тадбирҳои минбаъдаи судманд гуфтугӯ сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1811
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед