logo

Хабарҳо

ВАРЗИШ

ЧЕМПИОНАТИ САFA
Тоҷикистон дар садри ҷадвал 
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар даври сеюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (U-19) тими Қирғизистонро бо ҳисоби 3:1 мағлуб намуд.
Голҳои Асадбек Ҷӯрабекзода, Салам Ашурмамадов ва Сунатулло Азизов ғалабаи мунтахаби моро таъмин карданд. 
Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввал ҷавонони тоҷик тими Афғонистонро бо натиҷаи 4:1 шикаст дода буданд.
Пас аз се давр Тоҷикистон бо 6 хол дар садри ҷадвал қарор дорад.
 
 
 
ҶУДО
Гӯштигирони ҷавони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон мераванд
Бино ба иттилои Федератсияи ҷудои кишвар, паҳлавонони тоҷик Абубакр Шеров, Нуралӣ Эмомалӣ (-66кг), Масъуди Аҳмадзод (-73кг), Суннатулло Лоиқов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (-81кг), Эмомризо Анварзода (-100кг) ва Мансур Раҳмон (+100кг) дар Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон (10 – 13 август, Гуаякил, Эквадор) ширкат мекунанд. 
Федератсияи байналмилалии ҷудо хабар медиҳад, ки дар чемпионат 389 варзишгар (218 писар, 171 духтар) аз 65 давлат сабти ном шудаанд.
Ба ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал ҷоизапулӣ тақдим мегардад. Ғолибони ҳамаи вазнҳо бо 2500 доллари ИМА, барандагони медалҳои  нуқраю биринҷӣ мутаносибан 1500 ва 850 доллар мегиранд.
 
 
 
ҶОМИ ГАМПЕР
«Барселона» бори 45-ум онро соҳиб гардид
Дастаи «Барселона» (Испания) дар бозӣ барои Ҷоми Гампер ба дарвозаи «Пумас» (Мексика) шаш голи беҷавоб зада, маротибаи 45-ум соҳиби ин ҷоиза шуд.
Тӯбҳоро Роберт Левандовски, Педри (ду гол), Дембеле, Обамеянг ва Френки де Йонг ба самар расонданд.
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 8226
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед