logo

Хабарҳо

ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

Дар шаҳри Батуми бахшида ба 28-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Гурҷистон маросими ифтитоҳи дафтари Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Батумии Ҷумҳурии Мухтори Адҷария баргузор гардид.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Адҷария Торнике Рижвадзе ба ҷониби Тоҷикистон барои тасмими ифтитоҳи Консулгарии фахрӣ дар Батуми изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки ниҳод дар тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоя, рушди сайёҳӣ ва табодули фарҳангӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт.
 
 
 
НАМОИШИ «ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ» ДАР ДАНҒАРА
Дар Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара бо иштироки муовинони раиси ноҳия ва директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода шакли хурди намоиши сайёри «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» ифтитоҳ ёфт,- хабар доданд аз  Осорхонаи миллӣ.
Директори  Осорхонаи  миллӣ  зикр  намуд, ки намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» баҳри шинос намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа бо осори ниёгон ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ватандӯстии онҳо нақши муассир дорад. Зеро вақте мардум худшиносу худогоҳ бошанду асли худро донанд, пас миллат побарҷову ваҳдати он комил боқӣ хоҳад монд.
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ зиёда аз 100 ашёи таърихӣ ба тамошо гузошта шудааст, ки онҳо инъикосгари таърихи куҳанбунёди халқи тоҷиканд.
 
 
 
ТАҚДИМИ 100 АРОБАЧАИ МАЪЮБӢ БА ЭҲТИЁҶМАНДОН
Дар Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва дигар шахсони расмӣ маросими супурдани 100 аробачаи маъюбӣ, либос, маводи хӯрока ба ниёзмандон баргузор гардид.
Ҷамолиддин Абдуллозода зикр дошт, ки дар Тоҷикистон барои шахсони эҳтиёҷманд дар тамоми соҳаҳо имконияти мусоиди кору зиндагӣ фароҳам оварда шудааст. 
Ба маъюбон дар муассисаҳои давлатии тиббию иҷтимоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба таври ройгон ё имтиёзнок ёрии тиббӣ расонда мешавад. Кӯдакони маъюб дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳангоми зарурат бо воситаҳои махсуси техникӣ таъмин мегарданд. Инчунин, дар муассисаҳои махсуси таълимӣ кӯдакони имконияташон маҳдуд машғули таҳсиланд. 
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола ба оилаҳои камбизоат, осебпазир, маъюбон аз буҷети мамлакат беш аз 116 миллион сомонӣ, аз ҷумла 30, 9 миллион сомонӣ кумакпулӣ, равона мешавад.
 
 
 
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ  «ПОМИР ИНВЕСТ – 2022» ДОИР МЕГАРДАД
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод, ки 17 – 18 августи соли равон дар шаҳри Хоруғ бо иштироки сармоягузорони дохиливу хориҷӣ, шарикони рушд, соҳибкорон ва ҳамватанони бурунмарзӣ Форуми байналмилалии «Помир Инвест – 2022» баргузор мегардад.
Ин иқдом дар доираи ташаббусҳои созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати дарҳои кушодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, дар он лоиҳаҳои бахшҳои саноати сабук ва кӯҳӣ, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, имкониятҳои сайёҳӣ ва фарҳангӣ муаррифӣ гардида, заминаи хубро барои сармоягузориҳои нав хоҳанд гузошт.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7823
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед