logo

иҷтимоиёт

ЭҲЁИ ҲОФИЗАИ ТАЪРИХ. АЗ ҶОНБОЗИҲОИ УСТОД АЙНИВУ АЛЛОМА ҒАФУРОВ ТО ШОҲКОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

 
…Зи аъмоқи фаромӯшхонаҳои тираи торих,
Зи хоке, ки шуда омоҷгоҳи тири бадхоҳон,
Чу абёти парешоне, ки монд аз Рӯдакӣ мерос,
Ту моро ҷамъ овардӣ зи ҳар маҷмуаву девон,
Ту моро зинда гардондӣ,
Ба мо моро шиносондӣ.
Ин мисраъҳои зиндаёд Лоиқ Шералӣ дар робита ба хидматҳои мондагори Садриддин Айнӣ эҷод шудаанд, ки барҳақ ҷовидонаанд. Воқеан, устод Айнӣ тавонистанд, ки номи тоҷикро дубора зинда гардонанд.
 
Насрулло Убайдулло, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мегӯяд, ки соли 1918, вақте  аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Мухтори Туркистон қабул шуд, миёни халқҳои бумии Осиёи Миёна (он замон ҳамин гуна ифода вуҷуд дошт) номи тоҷикон набуд. Ин чунин маъно дошт, ки  мавҷудияти тоҷикон дар Осиёи Миёна инкор мешуд. Мутаассифона,  ҳатто як гурӯҳи калони равшанфикрони тоҷик ҳайсияти худро фаромӯш карда, ба арзишҳои миллии хеш пушт гардонданд. Дар натиҷа, ин мардуми бумӣ, ки таърихи қадимӣ доштанд, аз ин ҳама маҳрум шуданд. 
Хушбахтона, солҳои 20-уми қарни гузашта, ки барои миллати тоҷик сарнавиштсоз ба ҳисоб мерафт, Садриддин Айнӣ бо навиштани китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) хидмати мондагоре барои миллат анҷом доданд. Дар он шароити ниҳоят мураккаб, ки тақдири таърихии халқи тоҷик ҳал мегардид, анҷоми чунин амали муваффақона ва қаҳрамонона аз ҷониби устод Айнӣ рисолати бузурги таърихӣ ва муҳри хомӯшӣ задан бар забони бадхоҳон буд. Ба қавли Бозор Собир, халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.
Дар идомаи хидматҳои бедареғу мондагори устод Айнӣ шоҳкории аллома Бобоҷон Ғафуров руҳияи миллии тоҷиконро эҳё ва тақвият бахшид. Ба қавли муқарризи аввалини китоби «Тоҷикон» академик Акбар Турсон,  «Бобоҷон Ғафуров бо навиштани китоби «Тоҷикон» моро ба мо аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ ва таърихӣ огоҳ карданд ва шиносномаи миллатро нависонданд».
 Абдулҳай Маҳмадаминов, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар мақолаи «Наҷотбахшон», ки соли 2018 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр гардид, чунин менависад: «Асолат, моҳият, ҳақиқат ва арзишмандии таърихи халқи тоҷик дар таърихномаҳои Б. Ғафуров хусусияти нави сифатӣ пайдо кард, ки аз байни таълифоти ӯ ду шоҳкории вай – «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» (1947) ва «Тоҷикон. Таърихи қидимтарин, қадим ва асрҳои миёна» (1972) ин иддаоро хеле равшан собит менамоянд. Ин ду асар аз нигоҳи муҳтаво, ҳақиқатнигорӣ, таҳлили амиқу муқоисавии рӯйдодҳои таърихӣ, равшан кардани нақш ва мақоми шахсиятҳои бузург, руҳи озодандешӣ, қудрати бузурги созандагӣ, донишу фарҳанг, хираду заковат, аз арзишҳои умумибашарӣ саршор будани таърихи тоҷикон, натиҷагириҳои муътамаду пурқуввати илмӣ ва сабақгириҳои таърихӣ барои имрӯзу ояндаи наслҳо дар таърихи ҷаҳонӣ ҷойгоҳу мақоми хоссаеро ишғол менамояд. Дар як муддати кӯтоҳ – беш аз 40 сол ба бисёр забонҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон тарҷума ва нашр гардидани китоби «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна», албатта, далели барҷастае мебошад, ки чунин эътибору афзалияти беҳамто на ба ҳар гуна асари таърихӣ муяссар мегардад. 
Муҳаққиқи барҷастаи рӯзгор ва осори Б. Ғафуров, донишманди маъруф Усмонҷон Ғаффоров дар асоси пажӯҳишҳои чандинсола ба ин натиҷа расидааст, ки дар ҳақиқат, «Тоҷикон»-ро «бе муболиға қаҳрамонии илмии олим ҳисобидан мумкин аст».
Ба назари Акбар Турсон, чопи китоби «Тоҷикон» ва ройгон тақсим намудани он ба ҳар як оила аз иқдомҳои шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дарвоқеъ, ин китоб арзандаи он аст, ки ба ҳар хонавода тақдим шавад. Месазад, ки «Тоҷикон» дар баробари китобҳои азизи динӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва миллии мо, аз ҷумла Қуръон, паҳлу ба паҳлу бошад. Агар китоб дар хона бошад, як насл нахонад, насли дигар ҳатман мутолиа хоҳад кард. Дар атрофи чопи китоби «Шоҳнома» солҳои 60-уми қарни гузашта низ баҳсҳо шуда буд ва мегуфтанд, ки ин китоби калонҳаҷмро кӣ мехонад? Вале шахсе, ки ҳисси миллӣ дошта бошад, ҳатман онро мехонад. Ташаккули тафаккури миллии мо бояд аз хондан, фаҳмидан ва конспект кардани «Шоҳнома» оғоз шавад. 
 
««ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ»
Соли 2023 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидани Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» нишони арҷгузории роҳбарияти олии мамлакат ба гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик мебошад. Ҳадафи озмун омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳию худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, арзёбӣ мешавад. 
Дар иртибот ба ин иқдом, Акбар Турсон чунин иброз дошт: «Ин ташаббус ба оммавӣ шудани таърих, ташаккул ва бедории миллии насли наврас саҳми арзанда дорад. Зеро ҳангоми хондани таърихи тоҷикон ва дар натиҷаи баҳс шуури насли ояндасоз бедор мешавад». 
Итминон дорем, ки ташаббуси навбатии Сарвари хирадоини мо оид ба баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар эҳёи ҳофизаи таърихӣ, инқилоби фикрию таҳкими худшиносии миллӣ боз як мавҷи тозаи илмию маърифатиро ба бор хоҳад овард. Ва салоҳ медонам, ки ин матлабро бо байти охири шеъри дар оғоз иқтибосшуда ҷамъбаст намоям: 
Бузургонро бузургон зинда медоранд,
Бузургонро бузургони дигар поянда 
медоранд...
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2022    №: 154    Мутолиа карданд: 634
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед