logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. АЗ РУШДИ МУНОСИБАТ ТО ТАҲКИМИ МУБОРИЗАИ МУШТАРАК БО ТЕРРОРИЗМ

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дастовардҳои таърихиву беқиёси сиёсати дохилӣ ба таҳкими пайвандҳои сиёсати хориҷии кишвар ва робитаҳои ҳасана бо соири мамлакатҳои ҷаҳон заминаҳои бунёдӣ гузошт. Хосатан, робитаҳои судманди кишвари мо бо давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва бар асоси эҳтироми мутақобила густариш ёфт, ки дар ин миён, тавсеаи ҳамкориҳо бо Федератсияи Россия ҳамчун шарики стратегӣ ҳамеша дар авлавияти сиёсати хориҷӣ қарор дорад.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия 8 апрели соли 1992 барқарор шуда, ин кишвари ба мо дӯст яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуд. Агар ба таърихи рушди ҳамкориҳо ва барқарорсозии муносиботи дипломатӣ назар андозем, бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз 4 майи соли 1992 Сафорати Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе ва 18 декабри соли 1993 дар асоси Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Россия Сафорати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия таъсис шуданд. Айни замон, дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Уфа ва Новосибирск консулгариҳои генералии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар шаҳри Хуҷанд Консулгарии генералии Федератсияи Россия фаъолият мекунанд.
Феълан, пойгоҳи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия зиёда аз 300 cанадро фаро мегирад, ки ҳамкориҳоро дар самтҳои гуногун танзим мекунанд. Дар асоси ин санадҳо, ҳамкориҳо дар бахшу соҳаҳои энергетика, илм, маориф, фарҳанг, тиҷорат, низомӣ ба роҳ монда шуда, сол ба сол сатҳу сифати нав касб мекунанд.
Дар таҳкиму тақвияти робитаҳои шарикӣ, густариш ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба, сарварони ду давлат нақши асосӣ доранд, ки ба шарофати вохӯриҳои сатҳи олӣ, ҳамкориҳои тарафайн мақоми хоси шарикии стратегиро касб кардаанд. Дар робита ба ин амр, Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин раванди ҳамкориҳо ва муносиботи дӯстонааш бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин тавсиф намудааст: “Маро бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои неку эътимодноки дерина мепайванданд. Мо медонем, ки Эмомалӣ Раҳмон дӯсти боэътимод аст. Бо изҳори қаноатмандӣ зикр менамоям, ки муносибат байни давлатҳои мо дар руҳияи шарикии стратегӣ ва муттаҳидӣ ба таври муназзам рушд меёбад”.
Далели дигари равобити ҳасана дар он зоҳир мешавад, ки ҳамасола роҳбарони давлатҳо дар доираи сафарҳои расмӣ ва корӣ, инчунин, зимни ҳамоишҳои гуногуни сатҳи минтақаву байналмилалӣ мулоқоту вохӯриҳои судманд анҷом медиҳанд, ки дар рафти онҳо муҳимтарин масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россия ба таври мушаххас ва самаранок баррасӣ мегарданд. Гузашта аз ин, мизони ҳамкориҳо ва мавқеъгирии муштараки давлатҳо нишон медиҳад, ки Тоҷикистону Россия вобаста ба аксар масъалаҳо ва ҳалли мушкилоти сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ назари яксон ва ба ҳам наздик доранд.
Ин дар ҳолест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ Россияро ҳамчун шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон карданд, ки ин амр имрӯз ҳукми амал дорад. Танҳо далели ин ки аввалин давраи музокироти сулҳи тоҷикон (5 – 19 апрели соли 1994) ва давраи охирин (27 июни соли 1997), ки бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ анҷом шуд, дар шаҳри Москва доир гардид, метавон нақши Россияро дар барқарории сулҳи тоҷикон низ назаррас арзёбӣ намуд. 
Дар баробари ин, эҳсос мешавад, ки Федератсияи Россия дар симои Президент Владимир Путин ҳамеша аз мавқеи сулҳпарваронаи Сарвари давлати мо, иқдомоти судмандашон вобаста ба муборизаи муштарак бо экстремизму терроризм ва таҳкими суботу амнияти минтақавӣ пуштибонӣ менамояд. Чунин мавқеъгирӣ чанде пеш дар ҷараёни сафари кории Прокурори генералии Федератсияи Россия Игор Краснов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барҷастатар шуд.
Игор Краснов зимни дидору мулоқот бо роҳбарияти олӣ ва мақомоти дахлдори Тоҷикистон чунин изҳор дошт: «Моҳи июн дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози прокуратураҳои генералии кишварҳои узви ИДМ дар Минск як қатор қарорҳо қабул кардем, ки ба баланд бардоштани амнияти кишварҳои Иттиҳод нигаронда шудаанд. Мо, аллакай, бар зидди Ҳизби наҳзати исломӣ даъвои дахлдор пешниҳод намудем». 
Ин нукта шаҳодат аз он медиҳад, ки Федератсияи Россия дар сиёсати хеш на танҳо аз барномаҳои ҳамкории Тоҷикистон дастгирӣ ва пуштибонӣ мекунад, балки шарикии стратегии хешро дар самти мубориза бо экстремизм ва терроризм собит намуда, ба омилҳои таъсиргузор ба сулҳу суботи минтақа ва Тоҷикистон муборизаи оштинопазир мебарад. Федератсияи Россия дар заминаи изҳороти Прокурори генералии ин кишвари абарқудрат, ки сиёсати давлатро дар самти мубориза ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ ифода мекунад, бори дигар собит намуд, ки барои таъмини сулҳ дар минтақа ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, манфиатдор аст.
Бовари комил дорем, ки чунин ҳамкориҳои судманд метавонанд барои тақвияти мубориза бо ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм нақши муҳим гузошта, иқтидору заминаҳои боз ҳам бештари ҳамкориҳоро мавриди истифода қарор диҳанд. 
 
Аюб УСМОНЗОДА, 
ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2022    №: 154    Мутолиа карданд: 479
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед