logo

иҷтимоиёт

ДАР ҚАЛБҲОИ МО

Яке аз амалҳои нангини ташкилоти террористии наҳзати исломӣ дар солҳои навадуми асри гузашта куштори шумораи зиёди олимону донишмандон буд. Дар хусуси чунин ҷиноятҳои мудҳиши наҳзатиҳо филмҳои мустанад ва гузоришҳои телевизионӣ ҳам намоиш дода шудаанд, ки дар онҳо шоҳидони он воқеаҳои хунин суханронӣ карда, террору кушторҳои наҳзатиҳоро  тасдиқ намудаанд.
 
Мақсади асосии роҳбарияти ташкилоти террористию экстремистии наҳзатӣ аз куштори равшанфикрони тоҷик, дар ҷомеа ба вуҷуд овардани фазои тарсу ноумедӣ ва даҳшат буд. Бо ин гуна амалҳои палидона онҳо мехостанд вазъияти кишварро ноором сохта, ҳадафҳои шуми худ, яъне бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани қудрати сиёсӣ ва тағйир додани сохти давлатдориро амалӣ созанд. 
Мутаассифона, дар он замон аз дасти қотилони наҳзатӣ яке аз беҳтарин фарзандони миллати тоҷик академик Муҳаммад Осимӣ ҳам ба қатл расид. 
Террори мазкурро 27-уми июли соли 1996 бо супориши роҳбарияти наҳзат саркардаи яке аз дастаҳои қотилони наҳзатӣ Элмурод Нуралиев ҳамроҳи Амрулло Саидов дар долони мактаби миёнаи рақами 7-уми шаҳри Душанбе бо шеваи ниҳоят ваҳшиёна анҷом додаанд.  
Он қотилони хунхор олими машҳур ва инсони шарифро тарсуёна террор карданд, аммо устод Муҳаммад Осимӣ бо  далерию ҷасорати ба худ хос то охирин лаҳзаи ҳаёташ пеши он нобакорони разил сар хам накард.
Ҳаёту фаъолияти Осимӣ, ки як мактаби бузурги илму маърифатомӯзӣ ва хизмат ба мардум аст, омӯзанда ва намунаи ибрат мебошад. Ёдовар мешавем, ки давраи хурдсолию навҷавонии Муҳаммад Осимӣ ба замони мушкили таърихӣ рост омад. Бо вуҷуди ин, ӯ ҳамеша дар раҳи омӯхтани илму маърифат меҳнату кӯшиш ба харҷ дода, ҳанӯз соли 1941-ум Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм кардааст. Аз аввали саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчун ватандӯсти асил ва фарзанди шуҷои тоҷик ихтиёрӣ ба фронт рафта, панҷ соли ҳаёти худро ба ҳимояи Ватан бахшид. Далерию ҷонфидоии Осимӣ бо ордену медалҳои «Ҷанги Ватании дараҷаи 1», «Ситораи Сурх», «Нишони Фахрӣ», «Барои мудофиаи Ленинград», «Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945» ва ғайра қадр шудаанд.
Бисёр аламовар аст, ки ин фарзанди фарзонаи миллат панҷ сол бар зидди фашистон ҷангида, саломат ба Ватан баргашта, солиёни зиёд дар хизмати мардум буд, аммо аз дасти ҳамватанони разилу палиди худ кушта шуд. Албатта, ин амали нангини қотилони наҳзатӣ ҳамчун доғи сиёҳе дар таърихи миллати тоҷик боқӣ монда, то кадом андоза хунхору душмани Тоҷикистон будани ин тӯдаи нобакорро нишон медиҳад. 
Баъди баргаштан аз фронт Муҳаммад Осимӣ ҳаёти худро ба илму маориф бахшида, ҳамеша дар хизмати мардум будааст. Ба сифати мудири кафедраи физика ва муовини директор оид ба корҳои илмию таълимии Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд, аспиранти Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ, ректори Институти политехникии Тоҷикистон ва вазири маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон, раиси Комитети назорати ҳизбию давлатӣ, котиби КМ ҲК Тоҷикистон ва ҷонишини Раиси Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон буд. Аз соли 1965 дар вазифаи президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекард, ҳамзамон, вазифаи раиси Ҷамъияти тоҷикони ҷаҳон «Пайванд»-ро бар дӯш дошт. 
Самтҳои асосии фаъолияти илмии Осимӣ фалсафаи табиатшиносӣ, таърихи фалсафа, забону адабиётро дарбар гирифта, ӯ муаллифи зиёда аз 10 монография ва 250 мақолаи илмӣ мебошад. Таълифоти устодро масъалаҳои худшиносӣ, тадқиқи паҳлуҳои осори Амир Хусрави Деҳлавӣ, масоили ҳастишиносӣ, аз ҷумла тасвири физикии олам ва муаррифинамоии нақши тоҷикон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ дар бар мегиранд.
Муҳаммад Осимӣ ҳамчун олими пуркор, омӯзгори соҳибмактаб, ходими ҷамъиятию давлатӣ на танҳо дар Тоҷикистону собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, балки дар хориҷа ҳам машҳур буд ва осору таҳқиқоташ аз ҷониби доираҳои илмӣ эътироф гардидаанд. 
Солҳои зиёд раиси Кумитаи омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ – Комиссияи ЮНЕСКО-и Иттиҳоди Шуравӣ, президенти Ассотсиатсияи байналхалқии омӯзиши тамаддуни Осиёи Миёна, мушовири барномаи ЮНЕСКО оид ба омӯзиши «Роҳи абрешим», инчунин, узви хориҷии ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои «Осиёи Марказӣ» (Покистон), «Таърихи илм» (Ҳиндустон), «Таърихи илми араб» (Донишгоҳи Ҳалаби Сурия) буд. Устод дар ташкили Академияи улуми Афғонистон фаъолона ширкат варзида, то поёни умр узви фахрии он буд.
Террори Муҳаммад Осимӣ аз дасти қотилони наҳзатӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки онҳо душмани илму маърифат ва рушду тараққӣ мебошанд. Терроре, ки наҳзатиҳо нисбат ба олимону донишмандони тоҷик содир кардаанд, нобахшиданист. Миллати мо ва ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ ҳаргиз онҳоро намебахшад, аммо хотираи неки Муҳаммад Осимӣ ва олимону донишмандони дигари тоҷик, ки аз дасти онҳо кушта шудаанд, абадӣ дар қалбҳои мо боқӣ мемонад.
 
Азимҷон РАҲМОНЗОДА, 
номзади илмҳои сиёсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2022    №: 154    Мутолиа карданд: 590
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед