logo

иҷтимоиёт

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ВАРЗИШ ВА НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН

Дар арафаи Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар таърихи варзиши ҷумҳурии соҳибистиқлоламон саҳифаи нав сабт гардид. Ба паҳлавони соҳибноми кишвар Темур Раҳимов муяссар шуд, ки баъд аз ишғоли мақоми дуюм дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни калонсолон дар рейтинги ҷаҳонӣ бо касби 3985 хол ба мақоми аввал барояд. Бешубҳа, ин рӯйдоди муҳим дар баробари гувоҳӣ аз рушди варзиш, инчунин, нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад.
Воқеан, варзишгарон муаррифкунандаи Меҳан дар ҷаҳонанд. Аз ин ҷост, ки дар баробари дигар соҳаҳо варзиш низ дар меҳвари сиёсати созандаи давлату Ҳукумат қарор гирифта, нисбат ба варзишгарон дастгириву ғамхориҳои пайваста зоҳир мегардад. Махсусан, таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ бо маблағгузорӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти мамлакат, ки аз соли 2015 роҳандозӣ шудааст, далели онанд. Дар ҳоли ҳозир 216 варзишгар ба ин ҷоиза сарфароз гардидааст, ки маблағи умумии он беш аз чор миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин аст, ки варзишгарони тоҷик дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ба хазинаи варзиши мамлакат 269 медал (64 тилло, 77 нуқра, 128 биринҷӣ) ворид намуданд. Яъне, ба ифтихори матонату ҷасорату ватандӯстии онҳо 269 маротиба Парчами давлатӣ афрохта шуда, 64 бор Суруди миллии Тоҷикистон садо додааст.
 
ШАРОИТИ МАШҚВАРЗӢ БЕҲТАР МЕШАВАД
Имрӯз дар кишвар беш аз 11 ҳазор иншооти варзиш фаъолият мекунад. Ин дар ҳолест, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мушкилоти асосии варзишгарони тоҷик набудани толорҳои варзиш ва дигар шароит барои машқу тамрин буд, ки онҳо барои омода шудан ба мусобиқаҳои байналмилалӣ бо монеаву камбудиҳои зиёд рӯ ба рӯ мешуданд. Ҳоло бошад, шароити машқварзӣ барои варзишгарон дар сатҳи сифатан нав қарор дорад. Гузашта аз ин, ҳар сол теъдоди зиёди иншооти варзишӣ сохта мешавад. 
Ба иттилои Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, давоми нимсолаи якуми соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 44 иншооти нави варзиш (28 майдонча, 13 толор, 3 маҷмааи варзишӣ) бо харҷи беш аз 86 миллион сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. 
Як нукта шоистаи зикр аст, ки сохта шудани Қасри теннис ва маҷмааи обии варзиш ба маблағи анқариб як миллиард сомонӣ нишони он аст, ки роҳбарияти олии мамлакат ба соҳаи варзиш ва варзишгарон таваҷҷуҳи хосса доранд. 
 
ЗАМИНАИ ҲУҚУҚИИ СОҲА МУСТАҲКАМ ГАРДИД
Барои мустаҳкам намудани заминаи ҳуқуқии соҳа дар оғози соли ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» дар таҳрири нав рӯи кор омад. Ин санади ҳуқуқӣ бо назардошти ҳимояи манфиатҳои миллӣ, рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти тарбияи ҷисмонию варзиш ва зарурати мутобиқ намудани он ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонда шуд, зеро соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба ислоҳоти комили ҳуқуқӣ ниёз дошт. 
Дар баробари дигар самтҳо Қонун механизмҳои нави оммавӣ кардани варзиш, ҷалби ҷавонон ба варзиши касбӣ, субъектҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар соҳаи мавриди назар, бо назардошти имконият ва шароити ҳозира, муқаррар намуд. Хусусияти дигари Қонун аз он иборат аст, ки муносибатҳои марбути ҳам соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши касбиро танзим намуда, муносибатҳои марбут ба ҷалби ҳама қишри аҳолиро ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш пурра танзим менамояд. 
Бо дарки нукоти болозикр изҳори итминон менамоем, ки варзишгарони тоҷик дар оянда низ бо иштироки фаъолонаи худ дар мусобиқоти байналмилалӣ нуфуз ва эътибори сарзамини соҳибистиқлоламонро баланд бардошта, Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ менамоянд. 
Дар ин рӯз, ки варзишгарони мо дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ (9 – 18 август, Куния, Туркия) ва Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон (10-13 август, Гуаякил, Эквадор) ширкат доранд, ба онҳо барору комёбиҳо хоҳонем. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”  
 
 
P.S. Ҳайати кормандони Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» кулли варзишгарон, мураббиён, собиқадорон ва кормандони соҳаро бо иди касбияшон табрик намуда, ба онҳо саломатӣ ва барору комёбиҳои нав ба нав орзуманданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2022    №: 154    Мутолиа карданд: 655
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед