logo

иҷтимоиёт

ХАТЛОН. САРРАЁСАТИ МОЛИЯ ДАСТОВАРДҲОИ ЧАШМРАС ДОРАД

Рушди ҳама соҳаҳо, таъмини шароити зиндагии пурсаодат, татбиқи идеяҳо, бунёдкорию ободонӣ аз иқтисодиёти қавӣ вобаста аст. Бо назардошти ҳамин нукта, кормандони сарраёсати молияи вилояти Хатлон, ки ҳама мутахассисони масъулиятшинос ва чашмикордон ҳастанд, мекӯшанд, ки соли 2022-ро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намоянд. 
 
- Дар нимсолаи аввал қисми даромади буҷети вилоят таъмин гардида, иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳои буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби даромадҳои худӣ 103 дарсад аст. Яъне, ба буҷет ба ҷойи 794,1 миллион сомонӣ 812,3 миллион сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 21,2 миллион сомонӣ ва дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021-ум 69,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад, - мегӯяд Ҳабибулло Иззатуллозода, сардори сарраёсати молияи вилояти Хатлон. - Баҳри иҷрои саривақтии қисми даромади буҷет ва мувофиқи мақсад истифода бурдани маблағҳо пайваста талош варзида, мекӯшем, ки пардохти  саривақтии музди кормандони ташкилоту идораҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои вилоятро таъмин намоем, то қарздорӣ ва қафомонӣ ба миён наояд. Мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, то 12 июли соли ҷорӣ рухсатпулии омӯзгорон 59 дарсад таъмин гардида, ҳоло азм дорем, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат маблағҳоро пурра пардохт намоем. 
Бо мақсади ба танзим даровардани воридоти маблағҳо ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа низ корҳои муайян иҷро шуданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки воридоти маблағҳо ба ин банди буҷет аз ҳисоби андози иҷтимоии корхонаҳои буҷетӣ 213,3 миллион сомониро ташкил дод, ки он ба 103 фоизи нақша баробар аст. 
Дар доираи иҷрои хароҷоти воқеии буҷети маҳаллӣ ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят 1107,0 миллион сомонӣ равона шуд. Маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои ҳисоббаробаркуниҳо аз буҷети маҳаллии вилоятӣ 100 дарсади нақшаи хароҷотии буҷети маҳаллии вилоятро ташкил медиҳад. 87 дарсади маблағҳои буҷети вилоят ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона шудааст. Аз ҷумла, ба соҳаҳои маориф 645,2 миллион, тандурустӣ 263,9 миллион, ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 50,9 миллион, фарҳанг ва варзиш 41,4 миллион, хоҷагии манзилию коммуналӣ 27,6 миллион, мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ 18,5 миллион, сохтмон 16,0 миллион, ҳифзи иҷтимоӣ 8,7 миллион, хоҷагии қишлоқ 4,0 миллион, нақлиёт ва коммуникатсия 4,6 миллион ва дигар хароҷот 5,0 миллион сомонӣ.  
Дар маҷмуъ, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои соҳаҳои иҷтимоии вилоят 959,2 миллион сомонӣ интиқол ёфтааст, ки 87 фоизи маблағҳои буҷетиро дар давраи ҳисоботӣ ташкил менамояд, - гуфт Ҳабибулло Иззатуллозода.
 Илова бар ин, аз буҷети вилоятӣ ба буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо 85,7 миллион сомонӣ маблағи мақсаднок ҷудо гардид, ки сад дарсади нақшаро дар бар мегирад. 
Сарраёсати молия ҷиҳати роҳ надодан ба қарздории фонди музди меҳнат тамоми чора ва имкониятҳоро роҳандозӣ намуда, шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки ба хароҷоти дуюмдараҷа роҳ надиҳанд ва дар мадди аввал пардохти фонди музди меҳнатро дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба роҳ монанд.
Як нуктаро бояд зикр кард, ки аз тарафи раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҳисоби маблағҳои барзиёдии буҷетҳои маҳаллӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод ва маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ дар соли ҷорӣ ҷамъ 5,6 миллион сомонӣ гузаронда шуд.
Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳ ва зимистони солҳои 2022-2023” дар буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соли 2022 барои хариди маводи зарурӣ 11,8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки мутобиқи нақша сарф карда мешавад.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2022    №: 154    Мутолиа карданд: 553
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед