logo

иҷтимоиёт

ТИФЛИ СОЛЕҲ. ШИРИ МОДАР ТАНҲО ҒИЗО НЕСТ...

Дар Тоҷикистон Даҳаи ҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии кӯдакон таҳти шиори «Занҷираи гарми дастгирии шири модар» то 10 август идома ёфт.
 
Даҳаи мазкур дар Тоҷикистон аз соли 2001 гузаронда мешавад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳанӯз соли 1994 дар самти дастгирии ғизогирии атфоли навзод бо шири модар ба андешидани тадбирҳо оғоз карда буд. Аз соли 1998 дар тамоми таваллудхонаҳои ҷумҳурӣ 10 асоси муваффақона бо шири модар ҷорӣ шуд.
Бино ба гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ), Даҳаи мазкур дар 170 кишвар мегузарад ва дар ин рӯзҳо силсилаи тадбирҳои гуногун доир мешаванд. Дар Тоҷикистон вобаста ба ин сана ҳамоиш доир ба ҳифз, тарғиб ва дастгирии синамаконӣ роҳандозӣ мегардад.
Тавре аз Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат хабар доданд, дар Тоҷикистон танҳо 36 дарсади кӯдакон ба синамаконӣ фаро гирифта шудаанд.
Вобаста ба камэътибор гардидани шири модар Марказ чунин омилҳоро асос медонад: зиёд шудани таблиғоти шири сунъӣ, ки таркибашон шири модарро гӯё иваз мекунанд, аз синамаконӣ канора ҷустани занон бо сабаби вақти кофӣ надоштан, дар муассисаҳои гуногунсоҳа фаъолият бурдан, бо корҳои рӯзгор сахт машғул шудан, инчунин, дар бораи фоидаи шири модар маълумоти кофӣ надоштани аксари бонувон.
Ин дар ҳолест, ки ягон витамин ё шири истеҳсолӣ ҷойи шири модарро гирифта наметавонад ё ягон кор муҳимтар аз машғул шудан ба тарбияи ҷисмониву руҳонии фарзандонамон нест. Бо вуҷуди корҳои фаҳмондадиҳӣ вақтҳои охир занону модарони мо ба ин масъала камтаваҷҷуҳ шудаанд ва бо пеш овардани ҳар баҳона аз ин раванди ба насли кӯчак муҳим канора меҷӯянд.
Шири модар барои ташаккули кӯдак хеле муҳим аст ва метавонад ӯро аз бемориҳои зиёди сироятӣ эмин нигоҳ дорад. Синамаконӣ беҳтарин роҳи таъмини навзодон бо неруи табиист, зеро системаи масунияти тифл ҳанӯз ба қадри кофӣ ташаккул наёфтааст ва наметавонад ба мисли системаи масунияти калонсол ба таври зарурӣ мубориза барад. Шири модар лейкоситҳо ва як қатор омилҳои зидди сироятӣ дорад, ки кӯдакро аз бемориҳо муҳофизат карда, дорои подтанҳои муҳофизатӣ бар зидди бемориҳои сироятӣ мебошад.
Ҷомеа, бахусус мардоне, ки тоза оила бунёд кардаанд, бо маслиҳату машварати тарафайн барои ҳамсарашон бештар вақту имконият диҳанд, то бо оромиш машғули нигоҳубини атфол ва синамаконӣ бошанд. Дар ҳамин сурат метавонем кӯдакони солиму доноро парвариш диҳем.
 
Раъно ДОДОҶОНОВА, табиб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.08.2022    №: 155    Мутолиа карданд: 589
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед