logo

иҷтимоиёт

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН. 46 НАФАР СОҲИБИ ДИПЛОМИ АЪЛО

Таъсиси Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ки онро метавон иқдоми наҷибу мондагор, ояндабинонаву хирадмандона ва ғамхорӣ ба халқу миллат номид, тадбири саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - 
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Он ба хотири қонеъ гардондани талаботи ҷомеа, рушду густариши минбаъдаи соҳаи ҳаётан муҳими тандурустӣ, беҳтар гардондани ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, омода ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси дар арсаи ҷаҳонӣ рақобатпазир роҳандозӣ гардидааст. ДДТХ таҳти роҳбарии доктори илмҳои тиб, профессор, ҷарроҳи дараҷаи олӣ Убайдулло Қурбон фаъолият дорад. То имрӯз теъдоди умумии донишҷӯён ба 2209 нафар расидааст. Аз ин шумора донишҷӯёни факултети тиббӣ 1026 нафар, педиатрӣ 838 нафар ва стоматологӣ 341 нафарро ташкил медиҳанд.  
Имсол дар таърихи Донишгоҳ аввалин маротиба хатми донишҷӯён сурат гирифт. Аз 336 хатмкунандаи ихтисосҳои кори табобатӣ, педиатрия ва стоматология  46 нафар соҳиби дипломи аъло гардид. 17-уми июни соли ҷорӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои хобгоҳи донишҷӯён мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бино аз 9 ошёна иборат буда, дорои 800 ҷои хоб, ошхона, толорҳои хониш, фароғатӣ ва варзишӣ мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки дар Донишгоҳ аввалин маротиба дар байни муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ ҷамъияти илмӣ – маърифатии «Дониш» таъсис дода шуд, ки мақсадаш саҳм гузоштан дар рушди маърифатии ҷамъият, тарбияи ватанпарварии шаҳрвандон, паҳн намудани донишҳои илмӣ, инчунин, баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмию таълимии донишҷӯёну омӯзгорон мебошад.
Дар давоми шаш моҳи соли 2022 дар беморхонаи марказӣ ва беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара, инчунин дар маркази ташхисию таълимии «Нури тиб» ба 7250 бемор ташхису муолиҷа ва ёрии тиббӣ расонда шудааст. Аз ҷумла, 130 амалиёти ҷарроҳии реконструктивӣ - пластикӣ ва 284 намуди дигари ҷарроҳӣ гузаронда шуданд, ки дар маҷмуъ, 414 амалиёти ҷарроҳиро ташкил медиҳад. Инчунин, табобати 1024 гирифтори бемориҳои дарунӣ, ташхису табобатӣ 3304 гирифтори бемориҳои кӯдакона, муоина ва табобати 145 бемори гӯшу гулую бинӣ, 1678 бемориҳои стоматологӣ, 364 бемори чашм, 54 бемори травматологӣ ба қайд гирифта шуд. Ҳамзамон, дар дармонгоҳи Донишгоҳ 269 донишҷӯву кормандон ташхис ва табобат карда шуданд. Тавре проректори Донишгоҳ Шодмон Аҳмадов ба мо  иттилоъ дод, таҷрибаомӯзии донишҷӯён қисми асосии раванди таълим буда, барои тайёр кардани кадрҳои тиббии баландихтисос нақши муҳимро иҷро мекунад. Тибқи барнома ва нақшаҳои таълимии Донишгоҳ таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯёни курсҳои 2 – 5 аз рӯи барномаҳои «Парастории бемор», «Кори ҳамширагӣ» ва «Кори табобатӣ» дар шуъбаҳои беморхонаҳои вилоятӣ ва Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявӣ гузаронда мешаванд. 
 
Холназар КАСИРОВ, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.08.2022    №: 155    Мутолиа карданд: 520
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед