logo

иҷтимоиёт

ДУ БАРГИ ҲАМЕШАСАБЗИ ДӮСТӢ

 
Ҳангоми боздид аз Осорхонаи адабии устод Садриддин Айнӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, бо ду баргаи таърихӣ: яке бо дасти худи устод навишташуда “Барги сабзи дӯстона” рӯи коғази фабрикӣ дар ҳаҷми 33х22 см ва дигаре аз ҷониби Алӣ Асғари Ҳикмат сиёсатмадор, адиб ва мутарҷими муосири эронӣ бо хатти зебои настаълиқ таҳти унвони “Риштаи пайванди милал”, рӯ ба рӯ мегардем. Пас аз таҳқиқ маълум шуд, ки онҳо мушоираи ин ду чеҳраи таърихӣ мебошанд.
 
Дар Осорхона ин ду барга на паҳлуи ҳам, балки дар алоҳидагӣ гузошта шуда, навиштаи Садриддин Айнӣ бидуни барчасп (зернавишт) дар дохили витрина мебошад. 
Дар робита ба ин мушоира, ҳар ду адиб ва дигар донишмандон дар асарҳояшон ишораҳои мушаххас намудаанд. Алӣ Асғари Ҳикмат эҷоди ин ду қитъаро натиҷаи иштирокашон бо Садриддин Айнӣ дар Ҷашни байналмилалии Мир Алишери Навоӣ дар Тошкент дар соли 1948 донистааст. Дар ҳоле ки зери акси хотиравии устод аз ин ҳамоиши фарҳангӣ, ки дар Осорхона то ҳол нигаҳдорӣ мешавад, санаи баргузоршавии Ҷашни мазкур соли 1949 муайян шудааст. Дар ин акс Алӣ Асғари Ҳикмат аз тарафи чап нафари якум аст, устод Садриддин Айнӣ бошад, нафари сеюм. Ҳикмат дар ин ҳамоиши фарҳангӣ, ки бахшида ба 500-солагии Алишер Навоӣ таъсис ёфта буд, аз фасоҳати калом ва латоифи гуфтори устод Айнӣ, аз ҷумла масали машҳури тоҷикие, ки дар аснои ибрози андеша аз забонашон садо дод, дар шигифт монда, бори нахуст бо шахсияти Айнӣ аз наздик ошноӣ пайдо мекунад. Масали машҳури тоҷикӣ ин буд: “Ангур зи ангур банд мегирад ва ҳамсоя зи ҳамсоя ба худ ранг мегирад”.
Маҳз ҳамин таъсирпазирӣ аз суханронии устод Айнӣ буд, ки ба қавли худи Алӣ Асғар фардои он шаб қитъаеро бо мазмуни масали мазкур эҷод намуда, нусхае аз онро ба устод мефиристад. Яъне, ин мушоира аввал аз ҷониби Ҳикмат шуруъ шуда, сипас устоди мо қитъаеро аз рӯйи эҳтиром эҷод намуда, бо дасти писараш Камол ба вай ирсол менамояд. 
Дар зери ин қитъа бо хатти худи устод “سمرقند. صدر الدین عینی” (Самарқанд.  Садриддин Айнӣ) китобат шудааст (бидуни зикри сана). Маълум мегардад онро дар шаҳри Самарқанд эҷод намудааст, на дар Тошкент, ки дар ҳамоиши мазкур иштирок намудаанд. 
Ҳикмат ин қитъаро бо номи “Риштаи пайванди милал” номгузорӣ намуда, онро бо сабки зебо дар 16 байт ба анҷом расондааст. Хушнависии мазкур, ки дар экспозитсияи Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ нигаҳдорӣ мешавад, ҳамон ҳадияи Алӣ Асғари Ҳикмат мебошад.  
Дар робита ба ҷузъиёти ҳунарии хушнависии мазкур дар қисмати вижагиҳои ҳунарии ҳар ду барга пардохта мешавад, аммо инҷо мехоҳем таносубан қисме аз абёти қитъаи Ҳикматро бо устод Айнӣ мавриди таҳлил қарор дода, мафҳуми асосияшон, ки эҷоди пули устувори дӯстӣ миёни мо тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон аст, бо овардани тавзеҳоти бештар мавриди баррасӣ қарор диҳем. 
Аз сарлавҳае, ки дар канори унвони қитъа Ҳикмат овардааст, маълум мегардад, ки ӯ шефтаи Садриддин Айнӣ буда, устодро ҳамчун дӯсти донишманд ва шоири шаҳири халқи тоҷик мешуморидааст:
 
Ҳамсоя зи ҳамсоя басе панд бигирад,
Ангур зи ангур ҳаме банд бигирад.
Устод дар посух навиштаанд: 
Ҳамсоя зи ҳамсоя ба худ ранг бигирад,
Ҳар тор зи тори дигар оҳанг бигирад.
 
Ӯ ба он ишора мекунад, ки масали мазкур, ки сарманшаи ин ибтикори наҷиб гардидааст, дар миёни тоҷикон маъруф буда, аҳли адаб ва фаҳрехтагон аз ҳар масалу мақоли мардумӣ ба хубӣ панд мегиранд. 
Ин ибрози дӯстона ва алоқамандонаи  шоири машҳури Эронро, ки мояву андарунаш нисбат ба тоҷикон моломоли алоқамандиҳост, меситояд. Ошкоро ба он  ишора менамоянд, ки ин ду миллат танҳо аз роҳи иродаи нек нисбат ба якдигар метавонанд ояндаи зебое дошта бошанд.
Ҳикмат мегӯяд:  
Ақвоми ҷаҳон токи банонанд ба бӯстон, 
Ҳар ток зи токи дигар ованд бигирад.
Гиранд ба каф аҳли ҷаҳон риштаи дониш,
Ин ҳабли матин қавми барӯманд бигирад.
 
Ӯ дар идомаи шеъри худ ақвоми ҷаҳонро ба токи банон ташбеҳ медиҳад ва асбоби некайёмиро дар пайванди дӯстона донистааст. Ӯ ҳама халқи ҷаҳонро монанди дарахти босамар дар бӯстони гетӣ ёд мекунад ва омили асосии саодаташонро ҳамдилӣ донистаст.  
Устод Айнӣ дар идома менависанд: 
Мо дӯстии халқи ҷаҳон пеш гирифтем,
Аз мост ҳарон кас, ки чунин ранг бигирад.
 
Ҳикмат дар анҷоми ғазал чунин меорад: 
Садри адабу айни ҳунар Айнии доно,
К-аз даҳр наёрад, ки ҳамонанд бигирад.
Хурсанд шавад хотири ғамгин агар устод,
Аз ин суханон хотири хурсанд бигирад.
 
Дар анҷом шоир устодро садри адабу айни ҳунар донистааст ва зикр менамояд, ки даҳр ба мисли ӯ дигар касеро нахоҳад пайдо кард. 
Қитъаи Алӣ Асғари Ҳикмат, ки рӯйи коғази баландсифати фабрикӣ дар дохили мистараи мунаққаш дар андозаи 57×24 см китобат гардида, ба таври умум дар он 15 навъи ранг истифода шудааст. Дар қисмати болоии барга дар дохили дебоча унвони қитъа “Риштаи пайванди милал як зарбулмасали тоҷикӣ ҳадия ба дӯсти донишманд Садриддини Айнӣ шоири шаҳири тоҷик” бо хатти нисбатан калонтар аз матни асосии қитъа навишта шудааст. Қитъа дар дохили мистараи мунаққаш дар ду сутун китобат шуда, дохили сутунчаҳо бо нақшҳои наботӣ ороиш ёфтаанд. Дар анҷоми қитъа ба таври ҷудогона маълумот аз санаи китобат нисбатан хурдтар аз андозаи хатҳои дигар чунин омадааст:  “Теҳрон, хурдодмоҳ 1327, Алӣ Асғари Ҳикмат”. 
Дастнависи устод, ки рӯйи коғази одии фабрикӣ бо худкор навишта шудааст, сиёҳнависи қитъаи мазкур буда, дар бархе аз байтҳо ислоҳи калимаву ибораҳо ба назар мерасад. Чунин ислоҳҳо дар ин дастнавис зиёд ба чашм мерасанд.  Унвони қитъаро устод  чунин зикр намудааст: “Барги сабзи дӯстона аз қабили тиккаи муҳаббат пешкаш ба донишвари кишвари Эрон Алӣ Асғари Ҳикмат”. 
Аз таҳқиқу баррасии ин ду қитъа равшан мегардад, ки шахсияти устод Айнӣ дар миёни донишмандони ватаниву хориҷӣ ҳамчун устоди сухан, эҳёгари анъанаҳои миллӣ ва эҷодгари сунани бостонӣ шинохта шуда, дар васфаш шеърҳои зиёде иншо гардидааст.
 
Муҳаммадҷон МӮСОЕВ, 
корманди Осорхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.08.2022    №: 155    Мутолиа карданд: 525
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед