logo

Хабарҳо

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

 
Бо мақсади амалисозии супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  маҷлиси Ҳукумати мамлакат оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022  Абдуқодир Вализода, иҷрокунандаи раиси ноҳияи Шаҳринав, бо гурӯҳҳои кории сафарбаргардида аз вазъи корҳои созандагию ободонӣ дар шаҳраку деҳоти ноҳия боздид намуд. Раиси ноҳия, аз ҷумла дар шаҳракҳои ба номи Мирзо Турсунзода ва  Акрам Ҳасанов бо сокинон дидору мулоқот дошт. 
Нахуст ба тарзи истифодаи оқилонаю самараноки заминҳои наздиҳавлигии бошандагони ин ҷо шинос гардид. Ҳамзамон, оид ба захираи маводи хӯрокворӣ  ва номгӯи маҳсулоти дигар  пурсон шуда, аҳамияти дастурҳои Сарвари давлатро вобаста ба тақвияти корҳо дар ин самт ба   онҳо тавзеҳ дод.
Ҳамзамон, А. Вализода ба ҳолати  муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, бозорҳо ва назорати нархи молу маҳсулоти ғизоӣ, шинос гардид. Бартараф кардани мушкилоту камбудиҳо ва омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистодаро ба масъулон дастур дод. Зикр гардид, ки  дар ноҳия барои соли нави хониш дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  намоиш-фурӯши сарулибоси мактабии истеҳсоли ватанӣ ба роҳ монда шудааст. 
Ҳамзамон, раиси ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сари вақт ва беталаф  ҷамъоварӣ намудани ҳосилро махсус таъкид кард. Инчунин,  доир ба вусъати  корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро  ба роҳбарони гурӯҳҳои корӣ, ташкилоту муассисаҳо ва  фаъолони ҷомеа  супоришҳои мушаххас дод.
Тавре иттилоъ доданд, дар тамоми ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ба истиқболи сазовори  Ҷашни бузурги миллӣ  корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати бунёди иншооти таъиноти гуногун, аз қабили коргоҳу корхонаҳои истеҳсоливу марказҳои бузурги савдову хизматрасонӣ  ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон, ба роҳбарони гурӯҳҳои корӣ, ташкилоту муассисаҳо, имомхатибони масоҷиди ҷамоавӣ, собиқадорони меҳнат, ҷавонону  фаъолони ноҳия дастур дод, ки дар маҳаллаҳо бобати густариш бахшидани ободкориҳо бо мардум ҳамкории зич ба роҳ монанд. Баробари ин, раиси ноҳия ба масъалаи барқарор шудани  фаъолияти   корхонаҳои саноатии аз кор бозмонда дар ҳудуди ноҳия таваҷҷуҳ зоҳир намуда,  ба ҶСП “Парандапарварӣ” ва ҶДММ “Капитал”-и ноҳия ташриф овард. Ӯ нахуст бо тарзи самаранок истифода намудани майдони назди корхонаҳо шинос шуда, баҳри тақвият бахшидани иқтидори кории корхона ба масъулин дастуру маслиҳатҳои судманд дод. 
                                                                               
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5791
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед