logo

Хабарҳо

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд 

Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо дар маросими пӯшидашавии  машқҳои муштараки Ӯзбекистон ва Тоҷикистон «Иттиҳод – 2022», ки дар Тирмиз аз 3 август ҷараён доштанд, иштирок кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Вазорати мудофиа Фаридун Маҳмадализода хабар дод.
Ба иттилои сомонаи «Овози Самарқанд», машқҳои муштараки ҳарбиёни афсарони тоҷику ӯзбек дар қисми низомии гарнизони Тирмиз гузашта буданд. Гуфта мешавад, ки низомиён дар машқҳои разм дар масофаи наздик, эвакуатсияи ярадорон, зада гардондани ҳуҷуми душмани тахминӣ иштирок намуданд. 
Ҳамчунин, мулоқоти вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Шералӣ Мирзо ва Баҳодир Қурбонов  сурат гирифт. Ҷонибҳо дар мавриди омӯзиши кадрҳои низомии тоҷик дар донишгоҳҳои Ӯзбекистон қарордод ба имзо расонданд.
 
Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон  ба Ҷопон мераванд
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки 16 хизматчии давлатии мамлакат дар доираи лоиҳаи Маркази ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICE) барои таҳсили дусола ба донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон фиристода мешавад.
Муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Дилноза Аҳмадзода бо хизматчиёни давлатӣ-магистрантони тозаинтихоб мулоқот намуда, гуфт, ки аз онҳо 15 нафар ба магистратура ва як нафар ба докторантураи донишгоҳҳои Ҷопон барои таҳсил фиристода мешаванд.
Ғолибони бурсияҳои таҳсилӣ-хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил дар солҳои 2022 – 2024 аз вазоратҳои адлия, корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, молия, фарҳанг, энергетика, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ мебошанд.
 
Миёни Бухоро ва Душанбе  хатсайри мустақим ифтитоҳ меёбад
Мақомоти Ӯзбекистон ба ифтитоҳи хатсайри мустақим миёни Бухоро ва Душанбе ҳавасманданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар ҷаласаи 29-уми Сенати Олий Маҷлиси Ӯзбекистон таъкид шудааст.
Ба иттилои хадамоти матбуоти палатаи болоии парлумони Ӯзбекистон, соли 2021 ба вилояти Бухоро қариб 49 ҳазор нафар ва дар семоҳаи аввали соли 2022 беш аз 65 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омадааст. Давоми яку ним соли охир, ҳаҷми хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, мавзеъҳои маданию маишӣ ва савдо аз 2 триллион сӯм гузашт.
Бо вуҷуди ин, дар соҳа ҳанӯз камбудиҳо мушоҳида мешаванд. Дар ҷаласа зарурати ба роҳ мондани хатсайрҳои мунтазам ва чартерӣ ба Бухоро аз Дубай, Ҷакарта, Куала - Лумпур, Лоҳур ва Душанбе, инчунин, фароҳам овардани шароит барои иқомат, хизматрасонӣ ба ашхоси маъюб ва афзоиши хатсайрҳои сайёҳӣ таъкид шуд.
 
Лашкар ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5986
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед