logo

Хабарҳо

СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

 
Бо ташаббуси муштараки палатаҳои савдо ва саноати вилояти Суғд  ва Красноярски Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ мулоқоти соҳибкорони ду мамлакат доир гашт. Тавре Даря Коволёва, муовини раиси палатаи савдо ва саноати Красноярск, роҳбари гурӯҳи соҳибкорони рус дар ин дидор, иброз дошт,  ҳадафи вохӯрӣ таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ҷиҳати дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти босифати кишоварзӣ, аз қабили меваю сабзавоти тару тоза, консерву обҳои ташнагишикан, мебошад.
- Ҳанӯз аз даврони шуравӣ медонем, ки шарбату меваҳои Тоҷикистон ширину лазизанд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки  бо ҷалби доираи васеи соҳибкорон дар самти коркарду тиҷорати маҳсулоти кишоварзӣ чанд лоиҳаи муштараки тиҷоратиро таҳия ва татбиқ созем, - гуфт Даря Коволёва.
Дар ҳамоиш роҳбарони 18 корхона аз Красноярск  ва сарварону намояндагони 50 корхонаи саноатии вилояти Суғд иштирок ва оид ба ҳамкориҳои муштарак дар бахшҳои афзалдошта бо ҳам табодули афкор карданд.
Анвар Яқубӣ, муовини раиси вилояти Суғд, изҳори бовар намуд, ки ин ҳамоиш ҷиҳати  тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
- Шароити иқлими  вилояти Суғд имкон медиҳад, ки  тамоми фасли сол  дар заминаи  ҳамкорӣ  ба  соҳибкорону тоҷирони Красноярск  меваҳои  тару тоза, ҳамчунин, хушк, шарбатҳои мевагӣ, сабзавоту обҳои  ошомиданӣ содирот гардида, аз он ҷо ба мо ғалла, масолеҳи сохтмонии чӯбу тахта ва  таҷҳизоти саноатӣ ворид шаванд, - изҳор дошт ӯ. 
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5274
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед