logo

сафарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

(Идомаи сафари корӣ)
 
ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ
11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Конибодом бинои иловагии беморхонаи марказии шаҳрро ифтитоҳ карданд.
Бино чорошёна буда, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мутобиқ ба талаботи замони муосир бунёд ёфт. Дар ошёнаи якуми он шуъбаи бемориҳои чашм бо фарогирии 30 кат ҷойгир буда, ошёнаи дуюм барои шуъбаи бемориҳои асаб бо 30 кат пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи сеюм маркази саломатии шаҳрӣ, ошёнаи чорум бошад, маъмурияти беморхонаи марказӣ ҷойгиранд.
Бинои нав барои қабули 60 нафар пешбинӣ гардида, муоина ва бистарии беморон дар шароити мусоид ба роҳ монда мешавад.
Иншоот бо маблағгузории идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар муҳлати муайяншуда ва бо сифати баланду ҷавобгӯ ба талаботи замони ҳозира қомат афрохт. Ҳуҷраҳои беморхона бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз буда, барои ташхису табобати дақиқу саривақтии бемориҳои чашм ва асаб шароити хуби табобат муҳайё мебошад. Бинои иловагӣ бо катҳои функсионалӣ, микроскоп барои ҷарроҳии чашм, дефибриллятор ва монитори назди бемор, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва ғайра таъмин аст. Ҳамчунин, аз ҳисоби буҷети вилояти Суғд ба маблағи 1 миллиону 900 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти маишӣ, мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ харида шуд.
Дар бинои нав қариб 80 табиб ва корманди миёнаи тиб фаъолият доранд, ки ҳамарӯза ба беморон хизмати босифати тиббӣ мерасонанд.
 
БОҒИ ИСТИРОҲАТИЮ ФАРОҒАТИИ “ИСТИҚЛОЛ”
11  август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Конибодом боғи истироҳатию фароғатии “Истиқлол”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Боғ дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати қариб 5 гектар аз ҳисоби буҷети вилояти Суғд бо тарҳи муосир ва унсурҳои шаҳрсозии миллӣ ва санъати баланди меъморӣ қомат афрохт. 
Сохтмони  он моҳи марти соли 2021 бо ҷалби 50 сокини маҳаллӣ оғоз ёфта, сари вақт ва бо сифати баланд эъмор гардид.  Ҳудуди  боғро гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ зинат мебахшанд. 
Фароҳам овардани чунин шароит имкон медиҳад, ки наврасону ҷавонон ва, дар маҷмуъ, кулли сокинони шаҳри Конибодом дар боғи навбунёду замонавӣ истироҳату фароғат намоянд.
 
ШАҲРАКИ КӮДАКОНАИ «КАЙҲОН» 
11 август  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом шаҳраки кӯдаконаи “Кайҳон”-ро ифтитоҳ карданд.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки сохтмони шаҳрак моҳи июни соли 2021 оғоз гардида буд ва, инак, он дар арафаи Ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода шуд.
 Арзиши иншоот, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Обид Олимов  бо тарҳи муосиру замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, 3 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми корҳои сохтмонӣ мутахассисону устоҳои маҳаллӣ ҷалб шуда, бо маоши хуб таъмин буданд.
Шаҳраки дилхушӣ дорои таҷҳизоти муосир барои бозиҳои бачагона буда, дар масоҳати 0,42 гектар доман паҳн менамояд ва ба ҳусни Конибодом зебоии дигар зам мекунад. Дар он 20 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ шуда, маоши хуб мегиранд.
 
КОРГОҲИ КОРКАРДИ МЕВАИ ХУШКИ ҶСК “КОНИБОДОМ”
11 август дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Конибодом  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргоҳи коркарди меваи хушки Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Конибодом” оғоз бахшиданд.
Коргоҳ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Сафаралӣ Бобиев бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ сохта шуда, аз озмоишгоҳ, буғхона, ҳуҷраи муҳандис, анборхона ва иншооти ёрирасон иборат мебошад. Мавриди зикр аст, ки ҶСК “Конибодом” баъди таваққуфи 12-сола соли 2020 бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ ба кор оғоз кард. Акнун, ҷамъият фаъолияташро васеъ гардонда, ба коркарди меваи хушк низ машғул хоҳад шуд. Бунёди коргоҳ аз ҷониби ҶДММ “Канд сохтмон” бо ҷалби сокинони маҳаллӣ ба сомон расид. Иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз коркарди 4 тонна меваи хушкро дар бар мегирад. Ашёи хом, асосан, аз ноҳияи Ашт, шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба коргоҳ ворид мешаванд.   
Дар коргоҳ 25 нафар (асосан, занони хонанишин ва ҷавондухтарони соҳибмаълумот) бо кори доимӣ таъмин гардид. Ҳамин гуна шумораи кормандони ин ҷамъият ба 40 нафар баробар шуд. Маҳсулоти коргоҳ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, ҳам дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда мешавад ва ҳам ба хориҷи кишвар содирот мегардад.
Соҳибкор Сафаралӣ Бобиев нақша дорад, ки дар оянда дар шафати он сардхона бо ғунҷоиши зиёда аз 300 тонна маҳсулот бунёд намояд ва теъдоди коргаронро зиёд кунад.
Баъди ифтитоҳи коргоҳи коркарди меваи хушк ва шиносоӣ бо фаъолияти он, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона дидан намуданд. Дар он намудҳои гуногуни афшураи помидор, зардолу, олу, хамираи помидор ва ғайра, ки дар коргоҳҳои ҶСК “Конибодом” истеҳсол мешаванд, ба маъраз гузошта шуданд.
ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №7
11 август дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи омодагиҳо ба таҷлили шоистаи ҷашнҳои бузурги таърихӣ –  30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот баҳри татбиқи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон бунёд шуда, ба таъмини хонандагон бо ҷойи нишаст мусоидат хоҳад кард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аз омӯзгорон даъват намуданд, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар кардани сатҳи таълиму тарбия ва таҳкими ғояҳои худшиносиву худогоҳии насли наврас талоши бештар намоянд.
Муассисаи таълимӣ дорои 29 синфхона, 4 ҳуҷраи кории омӯзгорон, кабинетҳои муҷаҳҳази фаннӣ барои омӯзиши илмҳои дақиқу табиатшиносӣ, ошхона барои 75 нафар, маҷлисгоҳ барои 260 нафар, толори варзиш, китобхона, бойгонӣ ва системаи ягонаи гармидиҳӣ мебошад. Мактаби нав барои қабули 1000 нафар хонанда дар ду баст бо тарҳи ҷолиб ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир ба истифода дода шуд. Дар он 42 омӯзгори ҷавон фаъолият менамояд,  ки 41 нафари онҳоро бонувон ташкил медиҳанд. Дар иншооти тозабунёди таълимӣ, инчунин, ҷиҳати ҷалби густурдаи муҳассилин ба касбомӯзӣ марказҳои ҳунаромӯзиву маҳфилҳои эҷодӣ ташкил шудаанд. Роҳбарияти Вазорати маориф ва илм аз Президенти мамлакат дастур гирифтанд, ки хазинаи тамоми китобхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳуриро дар баробари адабиёти дарсӣ, бо китобҳои бадеӣ низ такмил диҳанд.
 
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МАҶМААИ ХИЗМАТРАСОНИИ “ТОҶИ ЗАРРИН” 
11 август дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи хизматрасонии “Тоҷи заррин”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба 100 ятим аз шаҳри Конибодом, ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров туҳфа тақдим карданд.
Маҷмаа дар масоҳати 0,21 гектар доман густурда, аз се ошёна ва таҳхона иборат мебошад ва дар як вақт имкон дорад 300 нафарро қабул намояд. Иншоот аз ҷониби соҳибкор Раъно Ҳоҷиматова бо харҷи зиёда аз 6 миллион сомонӣ бунёд гардида, бештар аз 30 коргари ҶДММ «Канд-сохтмон» корҳои сохтмониро ба анҷом расонданд. Дар маҷмаа 30 нафар бо кори доимӣ таъмин шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори барҳавои Маҷмааи хизматрасонии “Тоҷи заррин” бо 100 ятим аз шаҳри Конибодом ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Бобоҷон Ғафуров вохӯрда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карданд.
Бояд гуфт, ки ғамхорӣ нисбати ятимон, пирон ва шахсони ниёзманд аз сифатҳои волои Пешвои миллат буда, нишони раиятпарварии роҳбарияти олии Тоҷикистон мебошад.
 
КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ 
СОҲИБИ БИНОИ НАВ ШУД
11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодомро ба истифода доданд.
Бинои ҳизб дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии  Кумитаи иҷроияи марказӣ ва вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо тариқи ҳашар ва сифати баланд бунёд гардид.
Он аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, барои кормандон шароити беҳтарини корӣ муҳайё шудааст. Бояд зикр намуд, ки то имрӯз барои кормандони ҳизб дар шаҳри Конибодом чунин шароити созгор мавҷуд набуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳуҷраҳои корӣ дидан намуда, барои бунёди чунин бинои наву замонавӣ аҳсану офарин хонданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро барои фаъолияти софдилонаву содиқона ба нафъи давлату миллат ва амалӣ намудани ҳадафҳои олии ҳизб ҳидоят намуданд. 
Дар таҳхона барои ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани ҷавонон, бахусус духтарони хонашин, курси омӯзиши компютерӣ, маҳфилҳои рассомӣ, сабадбофӣ, адрасу атласбофӣ ва тоқидӯзию сӯзанидӯзӣ ба роҳ мондаанд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки ҷавонон технологияи иттилоотии коммуникатсиониро аз худ намоянд.
 
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.08.2022    №: 156    Мутолиа карданд: 2436
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед