logo

иҷтимоиёт

РИСОЛАТИ ҲАСТӢ. НАҚШИ ТАЪЛИФОТИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР ТАШАККУЛУ ТАҲКИМИ ИЛМИ ТИБ ВА МАДАНИЯТИ МИЛЛИВУ ҶАҲОНӢ

 
Зиёда аз ҳазор сол аст, ки мероси илмию адабии табиби бузург, олими номвар, файласуф ва ҳакими тоҷик Абуалӣ ибни Сино диққати муҳаққиқону пажӯҳишгарон, олимону донишмандони соҳаҳои гуногуни илмро ба худ ҷалб намудааст. Оид ба афкори илмию фалсафии ӯ ҳазорон таҳқиқот, рисолаву китобҳои алоҳида таҳия гардида, нақшаш дар ташаккул, инкишоф, рушду такомули илми тиб ва маданияти милливу ҷаҳонӣ нишон дода шудааст. Абуалӣ ибни Сино машҳур бо номи Авитсенна дар Аврупо бузургтарин мутафаккири форсу тоҷик буда, дар таъриху тамаддуни башарият мақоми барҷаста дошта, бо таълифоти серсоҳа ва пурмазмуни худ маданияти милливу ҷаҳониро ғанӣ гардондааст.
Абуалӣ ибни Сино олими энсиклопедист буда, дар соҳаҳои гуногуни илмҳо, аз ҷумла, фалсафа, мантиқ, тиб, фарматсия, назму наср, мусиқӣ, забоншиносӣ, риёзиёт, ҳандаса, нуҷум, саҳми бузурге гузошта, аз бузургтарин донишмандон ва табибони замони худ буд. 
Дар баробари ин, муҳаққиқон бо пажӯҳишҳои илмӣ муайян кардаанд, ки Абуалӣ ибни Сино астроном, химик, геолог, олими мантиқ, палеонтолог, математик, физик, шоир, равоншинос, файласуф, табиатшинос, омӯзгор ва адиби бузурги форсу тоҷик мебошад. 
Аз Абуалӣ ибни Сино таълифоти зиёде боқӣ монда, то кунун ин осори бузург ҳамаҷониба тадқиқу таҳлил нашудааст. Муҳаққиқони ҳаёт ва эҷодиёти мутафаккир дар бораи теъдоди асарҳои ӯ ба як хулосаи муайян наомада, миқдори онҳоро аз рӯи маъхазҳо то 476-то ба қалам додаанд, ки то замони мо 240-тои он ҳифз шудааст. Аз ин шумора 150-тои он ба илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар ба илми тиб бахшида шуда, маъруфтарини онҳо китобҳои «Аш-Шифо» ва «Ал-Қонун фит-тиб» мебошанд, ки то имрӯз табибон тавассути ин китобҳои нодир донишу малакаҳои касбии худро ташаккул дода, мустаҳкам мегардонанд. 
23 асари олим ба забони модариаш, яъне тоҷикӣ, эҷод шудааст. Асарҳои Абулаӣ ибни Сино аз ҷиҳати ҳаҷм гуногун буда, аз рисолаҳои мухтасар то асарҳои чандҷилдаро ташкил медиҳанд. Асари «Китоб-ул-инсоф» дар 20 ҷилд, «Ал-ҳосил-вал-маҳсул» дар 20 ҷилд, «Китоб-уш-шифо» дар 18 ҷилд, «Лисон-ул-араб» дар 10 ҷилд, «Ал-Қонун фит-тиб» дар 5 ҷилд, «Наҷот» дар 3 ҷилд эҷод шудаанд. Муҳаққиқон таълифоти мутафаккирро ба чор гурӯҳ тасниф кардаанд:   
1. Асарҳои оид ба ҳикмат, фалсафа, ахлоқ ва мантиқ; 
2. Асарҳо оид ба тиб;
3. Асарҳо оид ба илмҳои дақиқ; 
4. Асарҳо роҷеъ ба забону адабиёт ва санъат.
Тавре зикр шуд, таълифоти Абуалӣ ибни Сино гуногунсоҳа буда, чандин илмро фаро мегиранд. Масалан, «Донишнома» фарогири бобҳои "Мантиқ", "Илоҳиёт", "Табииёт", "Ҳайат" ва "Мусиқӣ" мебошад. Маҳсули эҷодии олим гувоҳӣ медиҳанд, ки қудрати ақлу заковаташ дар ҳалли масъалаҳои содаву мураккаби моддию руҳии инсоният ва муҳити он бузург буда, ӯро ба муҷассамаи ҷомеъулулуми давр мубаддал гардондааст.
Абуалӣ ибни Сино дар рушди илми тиб саҳми бениҳоят арзандае гузошта, ҳамчун пешоҳанги тибби муосир ва фармакологияи клиникӣ дониста мешавад. Ӯ мафҳуми тибро олимона шарҳ додааст: «Тиб, асосан, ҳомии саломатист. Вай касалро аз рӯи нишонаҳои дар бадан оризшудааш шифо мебахшад». Илми тиб барои гузаштагони мо касбу пешаи пурифтихоре буд ва шахсиятҳои ҷаҳониеро ба мисли Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абуалӣ ибни Сино ва дигарон ба миён овард. Ин бузургмардон дар рушди тибби тоҷик ва ҷаҳонӣ саҳми босазое гузошта, осори гаронмояи онҳо ва шеваву усулҳои дармонбахшиашон садсолаҳо ҷиҳати таълиму тадриси табибон дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон мавриди омӯзишу мутолиа қарор гирифтааст. Маъхазҳо собит месозанд, ки табибон дар тамоми давраи зиндагии башар, махсусан дар давроне, ки бемориҳои сироятии марговар ба ҷони инсоният таҳдид мекунанд, ҳамчун қаҳрамонони ҳақиқӣ пайи ҷустани тадбир ва кашфи доруву даво будаанду ҷони хешро дар хатар гузошта, ҷони дигаронро раҳо бахшидаанд. 
   Рисолати касбии табиб, омӯхтану такмил додан, таҳким бахшидани донишҳои тиббӣ ва ба одамон хизматҳои тиббӣ расондан аст. Тавре Абуалӣ ибни Сино таъкид намудааст: “Табибу бемор барои ҳосил кардани тафоҳуми комил ниёзманди як забони муштараки бисёр буррои тиббианд, то бо ёрии он табиб донишу маҳорат ва бемор дарди худро ба хубӣ ба якдигар муҳокима карда тавонанд. Табибе, ки инсоншинос нест, забони бемори худро хуб намедонад ва ба аъмоқи қалби ӯ сар дароварда, аз ҳоли олами ботинии ӯ огоҳӣ пайдо намекунад, аз донишу маҳорати ӯ чӣ суд?”.
Табибони мушфиқи тоҷик ҳамчун ворисони воқеии Синои бузург афкору андеша ва маҳорати касбии ин чеҳраи нотакрори Шарқро идома дода истодаанд. Солҳои соҳибистиқлолӣ табибони тоҷик дар дармонгоҳҳои Тоҷикистон ва даҳҳо кишвари ҷаҳон кору фаъолият намуда, содиқонаю софдилона ба башарият хизмат расонда, шуҳрати тибби тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда истодаанд. 
«Саломатии миллат бойигарии давлат аст». Ин таъкиди ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи солимии аҳолӣ имрӯз сармашқи кори табибони ҷонфидои тоҷик қарор гирифтааст. Табибони тоҷик ҳаёту ҳастии худро ба марому мақсади ягона - табобати оҷилӣ ва саривақтии беморон бахшида, ба хотири фардои нек фаъолият менамоянд. Синои бузург мефармояд: “Ҳастӣ барои фоида расондан ба дигарон аст, вагарна ин ҳастиро дар ботин инкор мебояд кард”.
Воқеан, табибони тоҷик қаҳрамонанд. Табибони қаҳрамони тоҷик борҳо ҷасорат ва маҳорати касбии хешро собит намуда, дар самти солимии ҷомеа нақши арзишманди худро гузоштаанд.  Дар замони пайдоиши бемории сироятии COVID-19 дар сафи пеши мубориза бар зидди ин беморӣ қарор доштан ва барои паст намудани шиддати авҷ гирифтани он ва нест кардани бемории мазкур дар Тоҷикистон корнамоиҳо нишон доданд. Дар замони хуруҷи бемории сироятии он даҳҳо нафар табибон ба хотири наҷоти ҳамзамонону ҳаммеҳанони хеш ҷони худро аз даст доданд, ки бо ин фидокорӣ номи онҳо ҳамеша ба некӣ ёд мешаванд.
Маврид ба таъкиди хос аст, ки ҳамасола 18-уми август дар Тоҷикистон иди касбии кормандони соҳаи тиб ҷашн гирифта мешавад, ки он ба зодрӯзи олими бузург, табиби номвар, мутафаккири тоҷик ва файласуфи машҳури олам Абуалӣ ибни Сино иртибот мегирад. 
Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматҳои беназири олими бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино арҷ гузошта, номи неки ӯро ҳамеша гиромӣ медорад. Далели гуфтаҳо ин аст, ки дар Тоҷикистон Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника аз 1 марти соли 1967 то ба инҷониб амал мекунад. Яке аз бузургтарин муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (аз соли 1952) ва яке аз воҳидҳои ҳудудию маъмурӣ – ноҳияи Сино дар шаҳри Душанбе ба номи ин мутафаккири номвар гузошта шудаанд. Ҳамчунин, яке аз хиёбонҳои зебои пойтахти азизамон шаҳри Душанбе соли 1980 ба ифтихори 1000-солагии Абуалӣ ибни Сино ба номи ин олими тавоно гузошта шудааст. 
Басо рамзист, ки дар ин хиёбон маҷмааи таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва яке аз бузургтарин муассисаҳои табобатии мамлакат– Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ҷойгир шудаанд. Боиси сарфарозист, ки дар пешорӯи бинои нави таълимию маъмурии Донишгоҳ муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино қомат афрохтааст ва маросими пардабардорӣ аз рӯи пайкараи ин олими бузург 1 сентябри соли 2018 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси сулҳ амалӣ гардид. Дар Донишгоҳ маҷаллаи илмии “Паёми Сино”, рӯзномаи “Ворисони Сино”, стипендияи номӣ ва толори бошукӯҳ ба номи ин абармард гузошта шудаанд.  
Маврид ба таъкиди хос аст, ки нақши Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар омода намудани мутахассисони донишманду кордон хеле арзишманд мебошад. Муассисаи таълимӣ зиёда аз 82 сол мешавад, ки фаъолият дорад ва таъсиси он аз саҳифаҳои дурахшони таърихи мамлакат, ташаккул ва рушди илми тиб, таҳсилоти олии касбӣ ва ҳифзи тандурустист. Қисми бештари дастовардҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба фаъолияти ин махзани илму дониш робитаи ногусастанӣ дорад. Донишгоҳ тули солҳои фаъолияташ бештар аз 46000 нафар табибону фарматсевтони баландихтисосро тайёр кардааст, ки 65 дарсади он ба давраи соҳибистиқлолии кишвар рост меояд. Донишгоҳ 1634 нафар кадрҳои илмиро барои соҳаи тандурустии кишвар омода кардааст ва саҳми онҳо дар рушди илми тибби тоҷик хеле арзишманд аст. 
Хатмкардагони Донишгоҳ на танҳо ба халқу Меҳани азизамон хизмати содиқона карда истодаанд, балки дар зиёда аз 50 давлати дунё кору фаъолият доранду обрӯю нуфузи Ватану миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ боло мебардоранд. Донишгоҳ дар таъмини таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ бо назардошти стандартҳои таҳсилоти милливу байналмилалӣ ҷиҳати омода намудани кадрҳои салоҳиятнок, ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ ва мусоидат дар инкишофи иқтидори илмию муолиҷавии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат тамоми талошҳоро ба роҳ монда, рисолати худро дар назди давлату миллат иҷро намуда истодааст. 
 
ГУЛЗОДА  Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ,
ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.08.2022    №: 156    Мутолиа карданд: 590
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед