logo

иҷтимоиёт

НУРАЛӢ ЭМОМАЛӢ. ПАҲЛАВОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН ШУД

 
Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон – 10 август дар авроқи зиндагии паҳлавони ҷавони тоҷик Нуралӣ Эмомалӣ ва варзиши Ватани маҳбубамон саҳифаи навро кушод. Дар ин рӯз ба шарофати гӯштигири мо – Нуралӣ Эмомалӣ, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон зери вазни 66 килограмм мақоми аввалро касб намуд, Парчами давлатӣ боло шуда, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод ва ҳама аз ҷой бархоста, ба ифтихори паҳлавони тоҷик каф зада, аҳсант хонданд. Зеро ӯ тавонист бо маҳорати баланди гӯштигирии рӯи гилем ва ахлоқу тамкини шоистааш дили тамошобинони толор ва ҳазорон нафари дигарро, ки пушти "оинаи нилгун" зӯрозмоиҳояшро пайгирӣ мекарданд, ба даст оварад.
Ғалабаи варзишгари тоҷик дар рӯзи аввали Чемпионати ҷаҳон, ки то 13 август дар шаҳри Гуаякили Эквадор идома мекунад, номашро дар сархати расонаҳои варзишии ватанию хориҷӣ қарор дод. Алъон месазад тафсили ин комёбиро ба он хотир рақам занем, ки Нуралӣ дар майдон воқеан ҳамто надошт.
Нуралӣ - паҳлавон дар даври якум бо Валерио Акколии итолиёвӣ рӯи татами баромад. Бояд гуфт, ки Валерио се карат барандаи Ҷоми Аврупо миёни наврасон мебошад. Коршиносон қувваозмоиро барои гӯштигири мо вазнин арзёбӣ мекарданд, вале алорағми ҳама тахмини мутахассисон, дзюдочии мо як дақиқаю ҳабдаҳ сония мондан то охири вақт бо ду “ваза-ари”, яъне «иппон», рақибро шикаст дод. 
Ҳарифи дигари варзишгари мо аз Франсия Максим Моунданга буд. Рақобат бо ӯ барои варзишгари мо хеле вазнин афтод, зеро Нуралӣ 2 дақиқаю 20 сония мондан то анҷоми рақобат ду «шидо» (огоҳӣ) аз ҷониби довар гирифт ва метавонист як огаҳии дигар тақдири нерусанҷиро ба фоидаи рақиб ҳал кунад. Қатъи назар аз ин, Нуралӣ бо тавсияҳои мураббияш Фаррух Собиров пайваста дар ҳамла буд. Ҳамин буд, ки бо истифода аз зиддиусул касби “ваза-ари” кард ва ғолиби рақобат гашта роҳашро ба чорякфинал ҳамвор намуд.
Дар ин давр Муҳаммад Демирел аз Туркия муқобили чемпиони феълии Тоҷикистон меистод. Нуралӣ пеш аз анҷоми вақт бо иҷрои моҳиронаи усули “де аши барай” (пойзанӣ) гӯштигири қоматбаланди Туркияро ба тахтапушт афтода, ба нимфинал роҳ ёфт.  
Извореану Раду аз Молдова рақиби Нуралӣ дар даври нимниҳоӣ буд. Варзишгари мо дар оғози рақобат бо истифода аз усули “де аши барай” аз ҳариф имтиёзи “ваза-ари” ситонд ва дар идома аз назари тактикӣ беҳтар амал кард ва Раду бо гирифтани се «шидо» мағлуб гашт. 
Дар вохӯрии ҳалкунанда Нуралӣ бо паҳлавони ҳамсоякишвари Ӯзбекистон, қаҳрамони феълии Осиё байни ҷавонон Азизбек Ортиқов зӯрозмоӣ кард. Набард шадид ҷараён гирифт. Нуралӣ пайваста дар ҳамла буд, вале рақибаш аз эҳтиёт кор мегирифт. Ҳамин буд, ки дар нафасҳои охири қувваозмоӣ – 10 сония мондан то охири рақобат, Нуралӣ бо иҷрои усули зебои «коши гурума» аз ҳариф имтиёзи «ваза-ари» касб кард ва дар идомаи ҳамла рақибро дар ҳолати «осаекоми» (буғӣ кардан) нигаҳ дошт ва бо баҳогузории «иппон» пирӯз шуд. Ҳамин тавр, Нуралии 20-сола бо панҷ ғалабаи пайдарпай унвони чемпиони ҷаҳонро ба номаш ихтисос дод ва беҳтарин дзюдочии ҷавони сайёра шуд.
Замоне, ки рӯи шоҳсуфаи ифтихорӣ буду ба ифтихораш Суруди миллӣ садо медод, ӯ бо ғурури баланди тоҷикона Суруди миллиро мехонд. 
Дар баробари медали тилло, Нуралӣ Эмомалӣ соҳиби 700 имтиёз ва ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 2000 доллари ИМА шуд.
Ҳамакнун, дар таърихи дзюдои тоҷик ин дуюмин нишони тилло аз чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон маҳсуб мешавад. Нахустин медали тиллоро Сомон Маҳмадбеков (-73кг) моҳи октябри соли 2019 дар Марокаш ба даст оварда буд.
Парвиз Нориён, ноиби президенти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар мавриди пирӯзии варзишгари бомаҳорати тоҷик дар саҳифаи «Фейсбук»-аш чунин изҳори назар кард: «Нуралӣ Эмомалӣ, паҳлавони палангчанголи тоҷик, дар Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон шоҳкорие кард, мисолашро дзюдочие накарда буд. Ӯ ягона гӯштигир буд, ки ба ягон рақиб имкони пирӯзӣ надод. Бо маҳорати баланди гӯштигирӣ ва партофтҳои зебояш ҳарифонро ҳайронзадаву ночор аз татами гусел мекард, то Парчами давлатӣ ва Суруди миллии Тоҷикистон Эквадору ҷаҳонро “фаро” гирад. Ин туҳфае буд ба мардуми кишвар дар Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон. Ба кулли ҳамватанон ин дастовард муборак бошад. Офарин Нуралӣ Эмомалӣ! Тоҷикистон, ба пеш!!!».
Воқеан, Нуралӣ дар ин чемпионат маҳорати хеле баланд нишон дод. Мушоҳида мешуд, ки дар баробари омодагии ҷисмонӣ, инчунин, аз нигоҳи равонӣ низ пурқувват аст. Ҳам росто ва ҳам дар партер аз рақибон як сару гардан боло буд. Пайваста дар ҳуҷум буд ва ҳеҷ тарс надошт. 
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мухлисон ба маҳорати Нуралӣ баҳои баланд дода, ӯро истеъдоди нуҳуфта дар дзюдо номиданд. Дар ҳақиқат ҳам, ҳамин тавр буд. Дар панҷ рақобат боре ҳам хастагиаш эҳсос нашуд ва ба рақибон имкон надод, ки имтиёз гиранд. 
Умед мебандем, ки Нуралӣ Эмомалӣ машқу тамринҳояшро зери роҳбарии Фаррух Собиров боз ҳам тақвият дода, дар мусобиқоти дигари байналмилалӣ парчамбардори кишвар мешавад. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.08.2022    №: 156    Мутолиа карданд: 701
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед