logo

Хабарҳо

ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

 
Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 15 то 21 августи соли 2022 дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчурӯд»-и ноҳияи Шоҳмансур лагери омӯзишиву истироҳатии хонандагони болаёқат ва олимпиадаи даставии «Ҷоми пойтахт» баргузор мегардад.
Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, олимпиадаи мазкур бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 баргузор гашта, имкон медиҳад, ки хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷалб гардида, бо ин роҳ истеъдодҳои нав  дарёфт ва муаррифӣ гарданд. Инчунин, озмун ба касбинтихобкунии наврасон аз рӯи ихтисосҳои ба фанҳои мазкур алоқаманд мусоидат менамояд.
 
 
ШИНОСОИИ МУОВИНИ САРВАЗИР БО ВАЗЪИ  ИСТИФОДАИ ЗАМИН ДАР МИНТАҚАИ РАШТ
Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода бо раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода ва муовини вазири кишоварзӣ Ҷаббор Носирзода бо ҷараёни корҳои саҳроӣ, парвариши картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод шинос шуда, бо роҳбарияти ноҳияҳо ва кишоварзон мулоқот анҷом доданд. Дар ин бора Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ хабар дод.
Муовини Сарвазир роҳбарияти ноҳияҳоро даъват кард, ки барои амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, истифода оқилонаи ҳар қитъа замин, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, захираи дусолаи маводи ғизоӣ, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022 – 2023, махсусан захираи хӯроки чорво ва таҷлили солгарди навбатии Истиқлоли давлатӣ корҳоро ҷоннок намоянд.
 
 
ҶАЛАСАИ XXI ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ  РОҲБАРОНИ МАҚОМОТИ ТАФТИШИ МОЛИЯВИИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ ИДМ
Дар шаҳри Минск ҷаласаи XXI Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид, ки аз Тоҷикистон Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Россия ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат варзиданд.
Иштирокчиён масъалаҳои мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионӣ, муқовимат ба маблағгузории ифротгароӣ ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, ки бо истифода аз интернет ва воситаҳои рақамии пардохт содир мешаванд, баррасӣ намуда, вобаста ба усулҳои ошкори ҷиноятҳо дар ин самт табодули афкор намуданд.
 
 
ИФТИТОҲИ БИНОИ БАХШИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ  ДАР ИСТАРАВШАН 
Дар доираи корҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода, раиси Суди конститутсионӣ Абдулҳафиз Ашӯрзода ва муовини якуми раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар бинои маъмурии бахши муҳити зист дар шаҳри Истаравшан ифтитоҳ гардид.
Сохтмони бинои мазкур соли 2020 оғоз ёфта, аз се ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум маҷлисгоҳ бо 25 ҷойи нишаст, китобхона барои 1000 адабиёти гуногуну китобҳои электронӣ ва ҳуҷраҳои корӣ ҷойгиранд. Ошёнаи дуюм қабулгоҳ ва панҷ ҳуҷраи кориро фаро гирифта, бо лавозимоти зарурӣ барои фаъолият таҷҳизонда шудаанд. 
Дар қабати сеюм барои кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист меҳмонхона ташкил гардидааст.
 
 
 
ДАР ХОРУҒ ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ФАРҲАНГӢ ВА САЙЁҲӢ ДОИР МЕГАРДАД
Аз 19 то 21 август дар Боғи марказии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Фестивали 15-уми байналмилалии фарҳангӣ ва сайёҳии «Боми ҷаҳон» баргузор мегардад,- иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» директори фестивал Самандар Пулодов.
Дар фестивал 100 навозанда аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Покистон, Ҳиндустон, Фаронса, Австрия ва Нидерланд ҳунарнамоӣ мекунад. Ҳадаф инъикоси зебоии гуногунии фарҳангӣ (Осиёи Марказӣ ва, дар маҷмуъ, ҷаҳон) ва густариши ҳамдигарфаҳмӣ тавассути ифодаи шаклҳои мухталифи санъат мебошад.
Аз ҷониби ҳунармандони касбӣ барои донишҷӯён, навозандагон, санъатшиносон, дӯстдорони мусиқии ватанӣ ва хориҷӣ силсиладарсҳои маҳоратӣ доир мешаванд.
Дар доираи фестивал намоишгоҳҳои ҳунарӣ, хӯрокҳои миллӣ ва филмҳои ҳуҷҷатӣ пешкаши иштирокдорон хоҳанд гашт.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5409
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед