logo

иҷтимоиёт

ДАРГУЗАШТИ НУРМУҲАММАД ТАБАРӢ

14 август қалби собиқ вазири фарҳанги кишвар ва сармуҳаррири «Тоҷикистони советӣ (ҳоло «Ҷумҳурият») Нурмуҳаммад Табарӣ аз тапидан бозмонд. 
 
Ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ, адибу рӯзноманигори шинохтаи тоҷик аз зодбумаш деҳаи Ғешии шаҳри Ваҳдат ба шаҳри Душанбе омада, донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.  Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) шуд ва дар ҳамин ҷо сабзид.  
Фаъолияти меҳнатиашро аз соҳаи матбуот оғоз намуда, дар вазифаҳои ходими адабӣ, котиби масъул, муовини муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»), хабарнигори махсуси рӯзномаи «Комсомольская правда» дар Тоҷикистон, муҳаррири рӯзномаҳои «Комсомолец Таджикистана» ва «Тоҷикистони советӣ», котиби масъули ҳафтаномаи «Сухан», муҳаррири ҳафтаномаи «Навиди бозаргон», муовини муҳаррири моҳномаҳои «Фарҳанг»-у «Тоҷикистон» ва  сармуҳаррири маҷаллаи «Помир» буд. 
Чанд сол вазифаҳои мудири шуъбаи тарғиботи Кумитаи ҳизбии шаҳри Душанбе ва мудири шуъбаи маданияти Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, муовин ва раиси Иттиҳодияи «Тоҷиккино» ва сардори раёсати равобити байналмилалии Вазорати фарҳангро бар дӯш дошт. Солҳои 1987 – 1990 вакили Шурои Олии Тоҷикистон буд. 
Соли 2002 узви Шурои машваратии Академияи фарҳанги мамолики Осиёи Миёна интихоб мегардад. Чандин сол вазифаи раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистонро иҷро кард. Узви иттифоқҳои нависандагон ва ходимони театрии  Тоҷикистон буд. 
Фаъолияти адабии Нурмуҳаммад Табарӣ гуногунпаҳлу буда, очерку публитсистика, наср ва драматургияро дар бар мегирад. Мавсуф муаллифи бист маҷмуаи ҳикояву намоишнома ва очерку мақолаҳост.  Осори мансуру драмавии ӯ дар маҷмуаҳои «Роҳҳои дуру наздик», «Ин баҳор чӣ меорад?», «Дарёи нур» (ҳаммуаллиф бо Раҷаб Мардон), «Дар чорсӯ», «Чорсӯ» ва «Чархи гардон» дастраси хонандагон гардидаанд.
Драмаҳои машҳури ӯ, амсоли «Дар чорсӯ», «Санги осиё», «Кафшҳои Абулқосим», «Шикори аҷинаҳо» (дар ҳамқаламӣ бо Т. Аҳмадхонов ва С. Юрйев), «Дод чист, бедод чист?» («Паёми Зардушт»), «Вагони охирин», «Тарс» ва «Хӯсаҳо», «Гирдбод»,  «Духтари ҳамсоя» (ҳамроҳи Ҳабибулло  Абдураззоқов ва Мирзоватан Миров)-ро дар театрҳои кишвар ва мамолики гуногуни олам борҳо пешниҳоди мухлисони ин навъи санъат шудаанд.
Нурмуҳаммад Табарӣ яке аз тарҷумонҳои чирадасти ҷумҳурӣ эътироф шуда буд. Асарҳои «Се хоҳарон»-и Антон Чехов,  «Кафшҳои Абулқосим»-и Иван Франко, «Вақте ки шаҳр хуфта буд»-и Александр Чхеидзе, «Лавҳаҳои инқилобӣ» ва «Ба пеш, ба пеш!»-и Михаил Шатров, «Вопасин падаршоҳ»-и Азат Абдулин, «Аждар Мартин»-и Ҳелмут Сенкер, «Шабпарак хоб дид» ва «Афъимори марҷонӣ»-и Тимур Зулфиқоров, «Манзили сӯхта»-и Серо Хонзодян, шеърҳои мансури Иван Тургенев, романи «Намаки замин»-и  Георгий Марков (дар ҳамқаламӣ бо М. Шаҳобиддинов), «Панднома»-и Абайро ба тоҷикӣ гардондааст.
Хизматҳои Нурмуҳаммад Табарӣ бо унвони баланди Корманди шоистаи Тоҷикистон қадр гардида, барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мебошад. Ҳамчунин, барои саҳм дар рушди робитаҳои адабӣ бо медали «Остона»-и Ҷумҳурии Қазоқистон сарфароз гардидааст. 
Ёди неки устод дар қалби наздикон, ҳамкорону шогирдон ва дӯстдорони каломаш то абад боқӣ мемонад. 
 
«ҶУМҲУРИЯТ» 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2022    №: 157    Мутолиа карданд: 626
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед