logo

иҷтимоиёт

ВАРЗИШ. АЗ СОЛИМӢ ТО МУАРРИФИИ МИЛЛАТ

Варзиш дар ҳаёти инсон ҳамчун омили тавонои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории на танҳо варзишгарон, балки халқҳову давлатҳои зиёд маҳсуб мешавад. Илова бар ин, варзиш барои насли ҷавон ҳамчун мактаби ҷаҳонфаҳмӣ, тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дӯстию бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба халқу миллатҳо, хизмат мекунад.
Эмомалӣ РАҲМОН
 
Воқеан, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун тамаддун ва фарҳанги ғановатманд бо арзишҳои олии худ давоми асрҳо то инҷониб дар ташаккули худшиносӣ, ҳамбастагиву муттаҳидии халқу миллатҳо нақши бағоят бузург бозида истодааст. Агар ба осори гузаштагонамон назар афканем, дар даҳҳо тадқиқоту асарҳо собит гаштааст, ки тоҷикон ба варзиш муносибати хоса дошта, табиатан дӯстдори варзишанд. Ҳамин  аст, ки бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои соҳибистиқлолӣ варзиш дар ҷомеа хеле тавсеа ёфта, навгониву дигаргуниҳои зиёд дар соҳа ба вуқуъ омаданд.
Бешак, тули сӣ соли сипаригашта чун кулли соҳаҳо варзиш ба пешравиҳои назаррас ноил гашт. Тавре шоҳидем, солҳои охир аз рӯи намудҳои гуногун дар кишварамон мусобиқаҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ доир мегарданд, ки аз фазои осоиштаву бунёдкоронаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гувоҳӣ медиҳанд. Дар ин баробар, варзишгарони тоҷик  бо иштироки фаъолонаву натиҷаҳои назаррас тавассути иштирок дар чорабиниҳои бонуфузи варзишӣ дар гӯшаҳои мухталифи олам ба ҷаҳониён музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолиамонро муаррифӣ намуда, рисолати бузурги варзишро дар баҳамории халқу миллатҳо собит менамояд. Ба ибораи дигар, имрӯз варзиши тоҷик аз ин доира берун омада, дар ҳамбастагии миллату кишварҳо нақши муассир мегузорад. Кишварамон ба макони чорабиниҳои бузурги варзишӣ мубаддал гаштааст, ки дар баробари аҳамияти варзишӣ доштан, аҳамияти баланди сиёсӣ дорад. 
Дар мисоли ягона боргоҳи олии риштаи варзиши кишвар - Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов медонем, ки аз файзи Истиқлоли давлатӣ ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат аз давраи таъсисаш 50 сол инҷониб ҳамчун манбаи омода намудани мутахассисони соҳаи варзишу варзишгарони касбӣ дар пешрафти соҳа рисолататашро ба таври шоиста иҷро намуда  истодааст.  
Умуман, даврони  истиқлол як саҳифаи дурахшон, руҳу равони тоза ва нерую тавони нав дар таърихи инкишофи варзиши кишварамон гардид. Бешак, имрӯз корномаҳои ғолибони мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, байналмилалӣ, минтақавию ҷумҳуриявӣ собиқ хатмкардаҳову дастпарварон ва донишҷӯёни ин боргоҳи муқаддас, аз қабили Шералӣ Бозоров, Муҳаммад Абдураҳмонов, Дилшод Назаров, Расул Боқиев, Мавзуна Чориева, Парвиз Собиров, Шералӣ Достиев, Акмалиддин  Каримов, Анвар Юнусов, Дилшоду Фарҳод Восиевҳо, Абдурауф Мӯсоев, Темур Раҳимов, Сомон Маҳмадбеков, Шаҳриёр Даминов, Беҳрӯз Хоҷазода, Хушқадам Хусравов ва дигарон, ки шаъну эътибори  кишварамонро  дар арсаи  ҷаҳонӣ баланд бардошта истодаанд, мояи ифтихори тоҷикистониён гардидааст.   
Фаромӯш набояд кард, ки ҳамаи дастовардҳо, чи дар соҳаи варзиш ва чи дар дигар соҳаҳо, аз баракати Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва сиёсати дурандешонаву оқилонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегиранд. Аз ин нуқтаи назар, мо бояд дастовардҳои Истиқлоли давлатиро қадр ва ҳифз намуда, ба варзиш чун як рукни муҳими фарҳангамон рӯ орем. Зеро варзиш ба мо зебоиву солимиро ато менамояд.   
 
Умед АЗИЗЗОДА, 
устоди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии 
Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов  
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2022    №: 157    Мутолиа карданд: 455
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед