logo

илм

Евгений Павловский - дӯсти ҷонии тоҷикон

Ҳаёту фаъолияти донишманди бузург, академик Евгений Никанорович Павловский бо тоҷикону Тоҷикистон робитаи зич дорад.
Павловский соли 1884 дар вилояти Воронежи Русия, дар оилаи омӯзгор чашм ба дунё кушодааст. ӯ  соҳиби зеҳни тезу хотираи қавӣ ва истеъдоди нодир буд. Соли 1903 гимназияро бо нишони тилло хатм намуда, то соли 1908 дар Академияи ҳарбӣ - тиббии Петербург таҳсил кард.
Ва ҳамон сол дар ҳайати гурӯҳи таҳқиқотӣ аввалин бор ба сарзамини тоҷикон - Осиёи Миёна омад. Он солҳо мардум аз бемориҳои гуногун, ки паҳнкунандаи онҳо ҳашароту ҳайвонот буданд, ранҷ мекашиданд.
Ин муҳаққиқон  аз Самарқанду Панҷаканд гузашта, ба кӯҳистони водии Зарафшон расиданд, ки дар ин мавзеъ аҳолӣ аз сирояти бемории вабо, ки манбаи густариши он суғурҳо буданд, азият дошт ва чандин нафар ба ҳалокат расида буданд. Ҳини фаъолият дар ин водӣ дар замири Павловский нисбат  ба мардуми хирадманду меҳмоннавози тоҷик чунон меҳре пайдо гардид, ки он то поёни умраш идома ёфт.
Павловский ҳанӯз солҳои донишҷӯӣ, масъалаи муҳими давр - омӯзиш ва роҳҳои рафъи таъсири ҳашароту ҳайвоноти хунмаку заҳрдор ва паҳнкунандагони бемориҳои сироятиро ҳадафи асосии ҳаёти хеш қарор дод. Ва дар ин роҳи душвор, вале наҷиб - ҳифзи саломатии инсонҳо,  нерӯи худро сарф намуд. Баҳри амалӣ гаштани ҳадафҳояш Павловский дар бисёр минтақаҳо сафарҳои пажӯҳишӣ ташкил намуд.
Иқлими Осиёи Миёна, ки аз ҳама гарм буд,  ҳайвоноту ҳашароти гуногуни ба одамон зараровари  фаровон дошт.
Павловский соли 1928 аввалин экспедитсияи зидди ҳашароти ба инсон зарароварро ташкил  намуда, барои мубориза бо онҳо ва мадад  ба аҳолӣ, ба Тоҷикистон омад. Сокинони ин минтақа аз бемориҳои гуногуни сироятӣ, бахусус аз вараҷа азият доштанд.
Соли 1932  бо ташаббуси ин ҳакими ҳозиқ дар Душанбе бунгоҳи пажӯҳишу омӯзиш ва мубориза бо ҳайвоноту ҳашароти зараровар (стансияи паразитологӣ) таъсис гашт, ки он соли 1934 ба шӯъба ва минбаъд ба пажӯҳишгоҳ табдил ёфт. Маҳз ба эҳтимом ва роҳбарии Павловский, гурӯҳи мутахассисон бемории вараҷаро дар Тоҷикистон рафъ сохтанд ва аҳолӣ  аз сирояти он ҷон ба саломат бурд. Ин хидмати бузурги ӯ кофист, ки номаш дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои зарин сабт гардад.
 Соли 1940 он ба шӯъбаи тоҷикистонии Академияи илмҳои Шӯравӣ табдил дода шуд. Ин иқдом қадами муҳиме дар ташкили Академияи илмҳои Тоҷикистон дар соли 1951 гашт ва Е. Павловский  аз ҷумлаи аввалин академикҳои интихобгардидаи он буд.
Соли 1942 Пажӯҳишгоҳи зистшиносии Академияи илмҳои Шӯравӣ, ки сарвараш Е. Павловский буд, ба ақибгоҳ - ба Душанбе кӯчонида шуд. Ва ин ҷо хидмати ин олими бузург  бармало эҳсос мешавад. Кормандони ин пажӯҳишгоҳ дар омӯзиши олами ҳайвоноти Тоҷикистон ва рушди он, хидмати назаррасе кардаанд. Он солҳо Тоҷикистон аз гӯшаҳои хеле амиқ омӯхтаи давлати Шӯравӣ буд. Ва ин ҳам натиҷаи заҳматҳои Павловский аст.
Академик Евгений Павловский дорои  истеъдоди нодир, қобилияти баланди ташкилӣ, инсони хоксору меҳрубон ва ҳамеша сӯйи мақсадҳои воло равон буд. Агар мухтасар гӯем,  фаъолияти ӯ саропо моломоли ҳифзи саломативу хушбахтии инсонҳост. Даҳҳо асари илмӣ  ва монографияи «Ҳайвоноти заҳрдор»-и ӯ машҳури ҷаҳон шудааст.
Соли 1954 ба муносибати 70-солагии Е. Павловский Пажӯҳишгоҳи зистшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва яке аз мактабҳои пойтахт ба номи ӯ гузошта шуданд.
Моҳи майи соли 1965 дар шаҳри Ленинград дили ин марди бузург аз тапидан  бозмонд. Вале номи неку хизматҳояш дар дилу хотири  мардуми мо абадист.

Усмони ЭШОНЗОД,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4754
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед