logo

иҷтимоиёт

РАШТ. МАЙДОНИ БУНЁДКОРИҲО ТАВСЕА МЕЁБАД

 
Бунёди биноҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳияи Рашт қарор дорад, - гуфт ҳангоми суҳбат бо хабарнигорон раиси ноҳия Раҳимҷон Набизода Муқимӣ. - Имсол муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияро 1660 хонанда хатм карда, тахминан 3350 нафар ба синфи якум қабул шуд. Зарурати ташкил кардани қариб 1700 ҷойи нишаст ба миён омадааст. Ҳамасола чунин масъала дар пешорӯи мо қарор мегирад. Бинобар ин, мо ҳар сол  бунёди биноҳои таълимию синфхонаҳои иловагиро дар назди муассисаҳои таҳсилотӣ ба нақша мегирем.
Ба гуфтаи раиси ноҳия, тайи се соли охир дар доираи нақшаи тадбирҳо ҷиҳати истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар дар ноҳия бунёду азнавсозии 35 иншоот аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ амалӣ гардидааст.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи 35-солагии ин ҷашни миллӣ низ бунёду азнавсозии 203 иншоот ба нақша гирифта шуд, ки 27-тои он ба соҳаи маориф тааллуқ дорад.
Раиси ноҳия, ҳамчунин, иброз дошт, ки саҳми соҳибкорон ва аҳолии ноҳия дар иҷрои корҳои ободонию созандагӣ назаррас буда, онҳо бештар дар бунёду навсозии муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш саҳм мегузоранд. Дар ин доира 12 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 9 иншоот дар соҳаи фарҳанг ва 25-тои дигар дар соҳаи варзиш бунёд мегардад.
Дар айёми таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ, аз шумораи зикргардида 11 иншоот, аз ҷумла Нишони давлатӣ, 4 бунгоҳи тиббӣ, 2 китобхона, 2 хатти оби полизӣ ва 1 маркази хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
- Ҳамчунин, аз ҳисоби маблағҳои асосии мутамаркази буҷети маҳаллии ноҳия, ки соли ҷорӣ 1 миллиону 680 ҳазор сомониро ташкил дод, маблағгузорӣ намудани сохтмони бинои боғчаи бачагонаи № 1 дар шаҳраки Ғарм дар ҳаҷми 719,6 ҳазор сомонӣ, сохтмони бинои иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14 дар деҳаи Ярхаб ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ, сохтмони бинои иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 53 дар деҳаи Себистон дар ҳаҷми 165,4 ҳазор сомонӣ ва сохтмони бинои иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18 дар деҳаи Яшм ба маблағи 680 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати имрӯза корҳои сохтмонӣ оғоз гардидаанд, - иттилоъ дод Раҳимҷон Муқимӣ. 
 
Худодод ЗАЙНИДДИН,
 “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2022    №: 157    Мутолиа карданд: 517
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед