logo

иҷтимоиёт

НБО «РОҒУН». ИНШООТИ ДОРОИ АҲАМИЯТИ БУЗУРГИ МИНТАҚАВӢ

 
Мақолаи доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода «Нақши бузурги Пешвои миллат дар бунёди НБО «Роғун» ва аҳамияти байналмилалии ин иншооти аср», ки дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шудааст, дорои аҳамияти бузурги  тарбиявӣ мебошад. Муаллиф ба фаъолияти ободкоронаи Сарвари давлат баҳои сазовор дода, саҳми бузурги ӯро дар бунёди НБО «Роғун» бо далелҳои мушаххас тасдиқ менамояд. 
Дар саргаҳи об ҷой гирифтани Тоҷикистон ба он имкониятҳои зиёди захира ва истифодаашро додааст. Воқеан ҳам, об асоси зиндагӣ ва сарчашмаи ободии кишвар аст. Ҳамчунин, Тоҷикистон аз зумраи кишварҳое ба шумор меравад, ки аз лиҳози дороии захираи оби тозаи ошомиданӣ ҳам дар минтақа ва ҳам дар ҷаҳон ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Ҳамин  ҷанбаи афзалиятноки кишвар ҳам дар сиёсати созандагии Пешвои миллат ва ҳам дар мақолаи Э. Насриддинзода равшан инъикос ёфтаанд. 
Ба ҳамагон маълум аст, ки Пешвои муаззами миллат дар рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии кишвари азизамон заҳмату талошҳои зиёд ба харҷ медиҳанд, то мардуми шарифи Тоҷикистон  дар фазои сулҳу оромӣ зиста, фарҳанги волои миллатро дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун як умумияти этникии созандаву бунёдкор муаррифӣ намояд. Мақолаи профессор Э. Насриддинзода танҳо як самти фаъолияти ободкориву созандагии Пешвои миллат – бунёди НБО «Роғун» ва аҳамияти байналмилалии онро  мавриди таҳлил қарор додааст. Муаллиф дуруст таъкид менамояд, ки баъди пурра ба истифода додани Неругоҳ нуфузу эътибори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам, боло хоҳад рафт.
Вақте дар хусуси нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди ин иншооти аср андеша меронем, бояд, пеш аз ҳама, он  талошу заҳматҳо ва муборизаҳои собитқадамона ва устувори Сарвари давлатро, ки барои гирифтани  хулосаи мусбати ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ сарф шудаанд, пеши назар оварем. Дарвоқеъ, неруҳое низ буданд, ки бунёди онро барои минтақа хатарнок муаррифӣ мекарданд. Имрӯз комилан равшан гардид, ки Неругоҳ на танҳо бехатар аст, балки барои тамоми минтақа аз чанд ҷиҳат муфид ва манфиатбахш ҳам мебошад. Муаллиф аҳамияти Неругоҳро ҳам барои кишвари Тоҷикистон ва ҳам барои минтақа васеъ ва дақиқ таҳлил намуда, 15 ҷанбаи манфиатбахши онро ба таври муътамад ва асоснок нишон додааст. Аз ҷумла, дар мақола дуруст таъкид мегардад, ки барқи дар Неругоҳ истеҳсолшаванда аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, раванди истеҳсол ба кишварҳои ҳамсоя зарар намерасонад. Сониян, он имкони зиёде дорад, ки дар равшан намудани  хонадони на танҳо ҳар як тоҷикистонӣ, балки чандин кишвари минтақа саҳмгузор бошад. Солисан, яке аз хидматҳои бемисли Неругоҳ аз он иборат мебошад, ки он барои рушди саноат дар тамоми минтақа заминаи муфид мегузорад. Албатта, ҷойи баҳс нест, ки рушди саноат маънои тавлиди ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маводи  ниёзи  мардум  ва,  ахиран,  баланд  гардидани сатҳи зиндагии мардумро дорад. Хулоса, ҷанбаъҳои муҳим ва фоиданоки Неругоҳ, ки профессор Э. Нас-риддинзода дар мақолаи худ зикр намудааст, пурра аҳамияти  минтақавӣ доранд.
Чуноне ки дар оғоз зикр гардид, мақола аҳамияти тарбиявӣ низ дорад. Аввалан, он дар зеҳни аҳли ҷомеа садоқат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки барои хушбахтии аҳли ҷомеа ҷонбозиҳои зиёд намудаанд, боз ҳам бештар мекунад.  Сониян, тамоми аҳли ҷомеа, махсусан насли ҷавонро, ба созандагию ободкорӣ ҳидоят менамояд. 
Агар мо худро чун пайрави Пешвои миллат донем, пас бояд мисли ӯ созандаву бунёдкор бошем. Бунёди чунин иншооти бузург ва муттаҳидсозанда дар зеҳни мардум ифтихор аз Ватану ватандориро талқин менамояд. Сохтмони НБО «Роғун» ба он далолат менамояд, ки миллати тоҷик - миллати инсондӯсту ҳамсояпарвар буда, сарвату дороӣ ва, ҳатто, хушбахтии худро бо ҳамсоягон баробар мебинад. Захира гардидани об дар обанбор имкон медиҳад, ки ҳамсоякишварҳо дар ҳолати хушксолӣ низ бо он таъмин гарданд. Бемуҳобот, метавон гуфт, ки мақолаи профессор Эмомалӣ Насриддинзода  «Нақши бузурги Пешвои миллат дар бунёди НБО «Роғун» ва аҳамияти байналмилалии ин иншооти аср» меҳру муҳаббати мардуми Тоҷикистонро ба Пешвои худ зиёд намуда, ҳисси ифтихори миллиро ба ангеза меорад.  
 
Кароматулло АБДУХАЛИЛЗОДА,
корманди Маркази исломшиносӣ дар 
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2022    №: 157    Мутолиа карданд: 524
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед