logo

иҷтимоиёт

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ. МУАССИСАИ ОЛИИ КАСБӢ 30-СОЛА ШУД

 
Имсол аз таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, ки зодаи даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, 30 сол сипарӣ мешавад. Он бо қарори Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1992 таъсис ёфта, 1 октябри ҳамон сол ба фаъолият оғоз намудааст. Ташкили ин муассисаи таълимӣ-илмӣ он солҳо пурсишҳои зиёдеро ба вуҷуд оварда буд. Бисёриҳо ба он ақида буданд, ки Донишгоҳ дар ҷойи холӣ таъсис меёбад ва фаъолияти ояндаи он зери суол аст. 
Вобаста ба 30 - солагии таъсисёбии ин муассисаи олии касбӣ, нақши он дар омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба бозори меҳнат ва ҳадафҳои минбаъда ҷиҳати беҳтар шудани сифати таълиму тарбия бо ректори Донишгоҳ Комилбек Амид Ёрбек ҳамсуҳбат шудем.
 
- Аҳамияти таъсиси ин муассисаи таҳсилоти олии касбиро дар шаҳри Хоруғ, ки аз он 30 сол сипарӣ мешавад, чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Имсол мардуми шарифи кишвар 31-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои бузург истиқбол менамоянд. Маҳз ин падидаи муҳими сиёсӣ имконият дод, ки халқи тоҷик баъди гузашти асрҳо ба бунёди давлатдории миллии муосир аз нав шуруъ намуд. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвар марҳилаҳои истиқболи соҳибихтиёрӣ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, раванди музокироти сулҳ, бунёди низоми нави идоракунии давлатӣ, барқарор намудани хоҷагии халқ баъди ҷангро паси сар намуда, ба давраи рушди устувор ворид гардид. 
Оғози асри XXI, ки онро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асри Бадахшон, асри пешрафт ва кашфи ин сарзамини пурасрор номидаанд, дар доираи ин сухани барномавӣ ВМКБ ба марҳилаи нави рушд ворид шуда, дар минтақа бунёдкорӣ ва созандагиҳои азими аср шуруъ шуданд. Бо ибтикору дастгирии Президенти мамлакат ва Ҳукумати кишвар роҳу пулҳо сохта шуда, мардуми Бадахшон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ҷониби Чину Афғонистон ва мамолики Осиёи Марказӣ роҳ пайдо карда, аз бумбасти коммуникатсионӣ баромад.
Таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ-маърифатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯйдоди муҳим маҳсуб меёбад ва дар китоби таърихи илму маориф ва фарҳанги вилоят як саҳифаи навро боз намуд. Донишгоҳ ба ҳамаи душвориҳои солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ нигоҳ накарда, чун маркази илмӣ-маърифатӣ неруҳои зеҳнӣ-илмиро муттаҳид намуда, ба ташаккули кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ ва пешрафти соҳаҳои дигари хоҷагии халқ мусоидат намуд. Ҳамчун боргоҳи илмию маърифатӣ ва фарҳангӣ омили пешрафти ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаи кӯҳистон гардида, барои тарбияи ахлоқӣ, ташаккули худшиносии миллӣ, тақвияти маънавиёт ва маърифати аҳли ҷомеа заминаи устуворро фароҳам овард. 
Мо имрӯз номи ходими намоёни давлатӣ, олими маъруф Моёншо Назаршоевро ба неки ёдоварӣ менамоем, ки дар таъсиси Донишгоҳ саҳм гузошт. Бесабаб нест, ки имрӯз Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи ин фарзанди фарзона номгузорӣ шудааст.
Нахустин ректори Донишгоҳ доктори илмҳои физика-математика, ҳоло академики АМИ Тоҷикистон Маҳмадшо Илолов таъин шуда, дар ташкилу поягузории он ва ҷалби кадрҳои илмӣ - омӯзгорӣ ба Донишгоҳи навтаъсис фаъолияти пурсамар намуд ва барои пешрафти минбаъдаи он шароит ба вуҷуд овард. Тавре дар боло зикр гардид, таъсиси Донишгоҳ ба замоне рост омад, ки мамлакатро гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта буд. 
Ректори вақти Донишгоҳ Маҳмадшо Илолов он рӯзҳоро ба хотир оварда, гуфта буд: “Душвор буд, аммо Донишгоҳ ташкил шуд, на барои ҳавову ҳавас, на барои худнамоӣ, балки бо талабу тақозои замон ба фаъолият шуруъ кард. Садҳо донишҷӯ бар асари авзои ноороми кишвар иҷборӣ ба Бадахшон баргаштанд. Дар ҳамин вазъи сиёсӣ Донишгоҳ ба фаъолият шуруъ кард, то силсилаи донишандӯзии мардуми диёрамон канда нашавад. Шароит набуд, ба ҳамаи душвориҳо нигоҳ накарда, хонаи маорифи сиёсӣ ба макони маърифат ва маркази таълиму тарбия табдил дода шуд. Вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилоят, вазнин буд, вале дар Донишгоҳ таълим ягон соат қатъ нагардид”.
Дар солҳои минбаъда Донишгоҳро узви вобастаи Академияи миллии илмҳо, шодравон Хаёлбек Додихудоев, академик, доктори илмҳои физика-математика, профессор Мирганд Шабозов, доктори илмҳои физика-математика, профессор Гулхоҷа Ҷангибеков, доктори илмҳои техникӣ Имомёрбек Қаландарбеков, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шермамад Ҷонмамадов, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Гулзорхон Юсуфзода роҳбарӣ намуда, дар пешрафти Донишгоҳ корҳои назаррасро анҷом доданд. 
 
- Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар даҳҳо донишгоҳу донишкада, факулта ва ихтисосҳои нав кушода шуданд. Дар ин ҷода кадом дастовардҳои Донишгоҳро номбар карда метавонед? 
- Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар зарфи 30 соли фаъолият ба маркази бузурги илмӣ табдил ёфта, мутахассисони соҳаҳои гуногунро тайёр намуд. Боиси ифтихор аст, ки аз байни дастпарварони Донишгоҳ вазирон, вакилони Маҷлиси намояндагон, кормандони мақомоти давлатӣ, шоирон, рӯзноманигорон, даҳҳо номзаду доктори илм ба камол расидаанд. Хатмкардагони Донишгоҳ дар кишварҳои хориҷӣ таҳсилро идома дода, соҳиби дараҷаҳои унвони номзади илм, доктори илм гардида, фаъолияти пажӯҳишии худро идома дода истодаанд.  
Донишгоҳ дар соли аввали фаъолият аз ду факултет (гуманитарӣ ва илмҳои табиӣ) таркиб ёфта, 200 донишҷӯро ба таҳсил фаро гирифта буд. Он замон дар Донишгоҳ 25 омӯзгор, аз ҷумла 1 доктори илм ва 6 номзади илм аз якуми октябри соли 1992 ба кор шуруъ карда буданд.
Айни замон дар Донишгоҳ 8 факултет, 21 кафедра амал менамояд, ки дар онҳо 14 доктори илм ва 61 номзади илм ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғуланд. Неруи кадрии Донишгоҳ сол ба сол такмил ёфта, аз байни ҳайати профессорону омӯзгорон аъзои пайваста ва вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаҳои Вавилов, Ҷоизаи президентӣ дар соҳаи маориф, ҷоизаи Исмоили Сомонӣ, дорандаи мукофотҳои давлатӣ, унвонҳои Аълочии маориф, фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. 
Донишгоҳро даҳҳо ҳазор нафар бо ихтисосҳои гуногун, аз ҷумла педагогӣ, хатм намуданд, ки аксарияти онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумии на танҳо вилоят, балки дигар вилоятҳои ҷумҳурӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ниҳодҳои қудратӣ, муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, созмонҳои байналмилалии дохил ва хориҷи кишвар кор мекунанд.
 
- Ҳоло дар Донишгоҳ аз рӯи кадом ихтисосҳо мутахассис тайёр карда мешавад ва то чӣ андоза ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ мебошанд? 
- Яке аз вазифаҳои муҳим дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат вобаста ба талаботи замон ва стандартҳои ҷаҳонӣ тайёр намудани мутахассисони касбӣ мебошад. Донишгоҳ аз рӯи 58 ихтисос, аз ҷумла 36 ихтисоси омӯзгорӣ ва 22 ихтисоси соҳавӣ, мутахассисонро омода менамояд. 
Ҳоло шумораи умумии донишҷӯён 3431 нафар буда, аз ин 2242 нафар дар шакли рӯзона ва 1090 донишҷӯ ғоибона ва фосилавӣ таҳсил менамоянд. Инчунин, дар шуъбаи магистратура 89 нафар, дар зинаи докторантура бошад, аз рӯи ихтисос PhD 10 нафар дар гурӯҳи буҷавӣ таҳсил дорад. 
Имрӯз беш аз 200 ҷавон аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи кишвар дар Донишгоҳ таҳсил  мекунад. 
Пойгоҳи моддию техникии Донишгоҳ низ сол ба сол таҳким ёфта, айни ҳол шаш синфхонаи компютерӣ, ду маркази инноватсионӣ, маркази Ҳиндустон ва як кабинети лингофонӣ, шаш лабораторияи таълимӣ бо ҳамаи таҷҳизоти корӣ дар хизмати устодону донишҷӯён қарор доранд. 
Айни ҳол як китобхонаи марказӣ, китобхонаи факултети забонҳои хориҷӣ, китобхонаи маркази иқтисод, китобхонаи муосири электронӣ ва китобхонаи хобгоҳи донишҷӯён фаъолият доранд, ки фонди умумии онҳо зиёда аз 97378 китобро дар бар мегирад.
 
- Тавре маълум аст, Донишгоҳ ба бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ барои донишҷӯён ниёз дорад. Вобаста ба ин масъала кадом нақшаҳо дар назаранд? 
- Қобили зикр аст, ки соли 2014 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асоси бинои таълимии Донишгоҳ гузошта шуд. Ин тадбири муҳим, пеш аз ҳама, баҳри ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани шароити таҳсили донишҷӯён ба инобат гирифта шуда, сохтмони он имрӯз идома дорад. 
Соли 2010 ва 2014 ду бинои хобгоҳи замонавӣ барои донишҷуён бунёд гардида, имкон дод, ки донишҷӯён аз деҳоти дурдасти вилоят ва дигар манотиқи мамлакат ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Дар шаҳри Хоруғ ба бунёди шаҳраки ҷавонон-донишҷӯён замина гузошта шуд.
 
- Аслан, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ на танҳо муассисаи таълимӣ, балки маркази илмӣ низ, мебошанд. Дар ин самт дастовардҳои Донишгоҳро чӣ гуна баҳо медиҳед? 
- Донишгоҳ на танҳо вазифаи таълиму тарбияи мутахассисонро иҷро карда истодааст, балки ҳамчун маркази илмӣ дар гирд овардани неруҳои зеҳнӣ аз ноҳияҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ҷалби ҷавонон ба касбомӯзӣ, саҳми арзанда дошта, ба пайванди риштаҳои фарҳанги миллӣ заминаи устувор фароҳам овард. 
Дар Донишгоҳ аз рӯи бахшҳои гуногуни илмҳои табиатшиносӣ ва гуманитарӣ тадқиқотҳои илмӣ анҷом дода мешаванд. Ҳайати профессорону омӯзгорон чандин китобҳои дарсӣ, дастури таълимӣ, васоити методӣ ва ҳазорҳо мақолаҳои илмӣ, методӣ ва илмӣ-оммавиро ба табъ расондаанд. Устодон дар конфронсҳои байналмилалӣ оид ба бахшҳои гуногуни илм дар Россия, ИМА, Испания, Англия, Эрон, Филиппин, Ҳиндустон, Покистон, Олмон, Италия ва дигар кишварҳо бо маърузаву гузоришҳо баромад кардаанд.
Натиҷаҳои тадқиқоти ҳайати омӯзгорон, аспирантон ва унвонҷӯён дар маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи Хоруғ» дар бахшҳои илмҳои риёзию табиатшиносӣ ва гуманитарӣ нашр мешаванд. Нашрияи илмии Донишгоҳ - “Паёми ДДХ ба номи М. Назаршоев” дар баробари нашрияҳои бонуфузи илмӣ ба феҳристи маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мебошад.
Донишгоҳ бо марказҳои илмии Россия ва дигар кишварҳои ИДМ низ, робитаҳои илмӣ дорад. Аспирантон ва докторантон дар Донишгоҳи давлатии Москва, Санкт Петербург, пажӯҳишгоҳҳои забоншиносӣ, шарқшиносӣ, риёзиёт, этнология ва мардумшиносии АИ Россия, Донишгоҳи давлатии Украина, Академияи илмҳои Қирғизистон рисолаҳои илмиро бомуваффақият ҳимоя карданд. 
 
- Ворид гардидани Тоҷикистон ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ яке аз омилҳои баланд гардидани сифати таҳсилот ва ба меъёрҳои байналмилалӣ баробар намудани он мебошад. Аз ин рӯ, густариши робитаҳои байналмилалӣ ба рушди донишгоҳҳо дар самти татбиқи меъёрҳои инноватсионии таълим мусоидат намуда, истифодаи воситаҳои технологияи муосири иттилоотиро дар раванда таълим тақозо мекунад. Дар ин раванд Донишгоҳ кадом корҳоро анҷом медиҳад?
- Сол ба сол муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳ бо марказҳои илмии донишгоҳҳои хориҷи кишвар мустаҳкам гардида, хатмкардагони он дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Россия, Англия, ИМА, Олмон ва дигар давлатҳо таҳсилро идома дода, соҳиби дараҷаи магистр, номзади илм ва доктори илм гардидаанд. Ҳамзамон, Донишгоҳ бо 12 лоиҳа ҳамкорӣ намуда, 6-тои онҳо аз рӯи барномаи Эрасмус+ мебошанд. Тариқи лоиҳаҳои болозикр омӯзгорону донишҷӯён ба хориҷи кишвар сафар намуда, донишу малакаи хешро сайқал медиҳанд. Мутобиқи барномаҳои мазкур устодону донишҷӯён дар семинарҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ дар давлатҳои Олмон, ИМА, Ҳиндустон, Испания, Австрия, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Португалия, Булғория, Руминия, Эстония, Туркия ва дигар мамлакатҳо иштирок намуда, дониши худро такмил доданд. Мавриди зикр аст, ки аз рӯи лоиҳаҳо ва барномаҳо дар Донишгоҳ 18 лаборатория ва марказҳои илмӣ аз қабили лабораторияи минерология ва петрография, канданиҳои фоиданок, утоқи илмҳои муҳандисӣ, синфхонаҳои инноватсионӣ, эксперименталии экологӣ, маркази «Интеллект» барои донишҷӯдухтарон, маркази илмӣ-тадқиқотии иқтисодӣ ва гармхонаи таҷрибавӣ дар деҳаи Ҷелондӣ фаъолият доранд.
Ҳадафи асосии таъсиси маркази «Интеллект» ин дастгирии донишҷӯдухтарон ҷиҳати баланд бардоштани фаъолнокӣ, омӯзиши дониш, малакаҳои нави касбӣ, фароҳам овардани муҳити равонии солиму созгор, беҳтар намудани шароити хуби зист дар хобгоҳ ва омода намудани онҳо ба зиндагии мустақилона мебошад. Инчунин, кумаки равонӣ ва омода намудани донишҷӯдухтарон ба кору фаъолияти меҳнати касбӣ баъди хатми Донишгоҳ, дарёфти ҷойи кор дар бозори меҳнат аз мақсадҳои асосии барнома мебошанд. 
Давоми 10 соли охир Донишгоҳ бо шарикони рушду муассисаҳои гуногуни таҳсилоти олии касбӣ 50 созишномаю ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонд. Дар ин муддат дар доираи 25 лоиҳаи байналмилалӣ ҳамкории судмандро тавсеа дода, зиёда аз 100 семинару конфронсҳои байналмилалӣ гузаронда шуданд. Инчунин, 180 нафар устодон дар семинару ҳамоишҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
 
- Барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия чӣ нақшаҳоро рӯи даст гирифтаед? 
- Рақобати шадиди  иқтисоди ҷаҳонӣ ва ҷаҳони мутағайир аз мо дониши баланд ва мудирияти касбӣ тақозо менамояд. Дастовардҳои Донишгоҳ ҳанӯз қонеъкунанда набуда, раёсати навтаъини Донишгоҳ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат барномаи рушди Донишгоҳро барои панҷ соли оянда таҳия намуда, фаъолияти минбаъдаро дар асоси он ба роҳ мемонад. 
Нақшаи дурнамо ва афзалиятноки рушди Донишгоҳ дар асоси талаботи муосир ва хусусиятҳои хоси табиати минтақа ба инобат гирифта шуда, ҳамгироӣ бо низоми таҳсилоти ҷаҳонӣ, беҳтар намудани пойгоҳи моддӣ-техникӣ, шароити зисти омӯзгорон аз ҳадафҳои асосӣ ба хисоб мераванд. 
Бо ин мақсад, вазифаҳои зеринро иҷро кардан зарур аст:
Ба бозори меҳнат мутобиқ намудани таҳсилот ва мувофиқи талаботи бозори меҳнат тайёр намудани мутахассисон. 
Додани афзалият ба ихтисосҳои зарурӣ мутобиқи талаботи бозори меҳнат ва хусусиятҳои махсуси табиии баландкӯҳии Бадахшон, аз ҷумла сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, биоэкология, география, химия ва технология, гиёҳшиносӣ, заминсозӣ, бостоншиносӣ, психология, географияи яхшиносӣ ва кӯҳшиносӣ, геология- ҷустуҷӯи геологӣ, маъданшиносӣ, омӯзиши захираи об, иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ. 
Мавриди истифода қарор додани бинои ҳозиразамони таълимӣ бо таҷҳизоти муосири электронӣ - иттилоотӣ.   
Ташкили озмоишгоҳҳои таълимӣ ва илмӣ тадқиқотӣ, марказҳои электронӣ, иттилоотӣ (биологӣ, химиявӣ, геологӣ).
Рушди сохторҳои илмию инноватсионӣ барои таъмини самараноки корҳои илмӣ-методӣ.
Ташкили маркази технопаркӣ-биологӣ, гармхона, гиёҳшиносӣ дар мавзеи Ҷелондӣ дар заминаи истифодаи обҳои гарм ва қитъаи замини таҷрибавӣ дар ноҳияи Рӯшон бо мақсади таҷрибаомӯзӣ ва тадқиқоти илмӣ, истеҳсолӣ.
Ташкили маркази технопаркӣ- геологӣ дар мавзеи кӯҳи Лаъл бо мақсади таҷрибаомӯзӣ ва тадқиқоти илмӣ- истеҳсолӣ.
Такмили идоракунӣ.
Раёсати Донишгоҳ аз он миннатпазир аст, ки бо назардошти вазъи ҷуғрофӣ Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат пайваста дастгирӣ меёбад. Ҳайати устодону кормандон аз ин дастгириҳо амиқан миннатдор буда, дар навабати худ бо азму талоши қавӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то мутахассисони ҷавобгӯи замонро бо донишу малакаи замонавӣ, дорои мафкураи ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ, ҷаҳонбинию тафаккури миллӣ ба камол расонда, дар  рушди ояндаи кишвари азизамон - Тоҷикистон саҳми  арзанда гузоранд.
- Ташаккур, барои суҳбат!
 
Лашкар ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.08.2022    №: 157    Мутолиа карданд: 1097
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед