logo

иҷтимоиёт

РАҲНАМО

 
Шоҳасари бебаҳои “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров роҳнамо барои ояндаи дурахшони миллат, инъикосгари  таъриху тамаддун ва фарҳангу адаби  тоҷик буда, дорои аҳамияти баланди илмию таърихӣ мебошад. Китоби «Тоҷикон» на танҳо дар таърихнигории ватанӣ, балки дар миқёси кишварҳои хориҷӣ низ, шуҳрату шаҳомати беандоза дорад. Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарсухани китоби «Тоҷикон» таърихи ин китобро оламшумул арзёбӣ карда, гуфтаанд: «Бобоҷон Ғафуров бо чопи шоҳасари бузурги худ – «Тоҷикон» на танҳо миллати тоҷик, балки тамоми форсизабонони олам, мухлисону ҳаводорони тамаддуни Шарқ ва сокинони Осиёи Марказиро бо як сарчашмаи нерубахшу пурбаҳо шодком сохт».
Аз замони аввали таҳаввулоти инсонӣ дар рӯи Замин қавми ориёӣ яке аз қавмҳои нахустин ба шумор рафта, дар ташаккул додани давлату давлатдорӣ, забондорӣ, расму анъанаҳо ва беҳбудии сатҳу сифати зиндагӣ пешсаф буданд ва тоҷикон намояндаи ин қавми бузург аст.
Халқи тоҷик дар тули ҳазорсолаҳои мавҷудияташ ба тамоми фишангҳои давру замон тоб оварда тавонист ва қисми зиёди мероси таърихию фарҳангӣ ва адабии худро то имрӯз маҳфуз дошт. Ҳамаи ин ба шарофати он қаҳрамонону ҳокимони ҷасуру нотарс, ватандӯсту ватанпарвар, ки барои ҳифзи халқу миллати хеш ҷонфидоиҳои беҳаду шумур карданд, ба даст омад. Шуруъ аз шоҳони сулолаи Ҳахоманишинон, то ба дигар шахсиятҳои барҷастаи таърих, ба мисоли Ардашери Бобакон, Анушервони Хусрав, Яъқуб ва Амр ибни Лайс, Исмоили Сомонӣ, Спитамен  ва Темурмалик, заҳматҳои беҳисобе барои пойдории миллати тоҷик намуданд. Онҳо тавонистанд, ки дар устувор мондани ганҷинаи таърих ва тамаддуни тоҷик саҳми беназир гузоранд. Меҳнати шоирону бузургони тоҷик низ дар нигоҳдории арзишҳои миллӣ аз чашм дур набуда, барои руҳбаланд гардондан ва барои дарки мақсад ва ҳадафҳои зиндагии мардуми шарафманди тоҷик ҳамеша дар талош буданд. Мояи ифтихор аст, ки дар таърихи пурҷилои “Тоҷикон”-и аллома Ғафуров аз нобиғаҳои зиёде ба мисли Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуали ибни Сино, Абулқосим Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммад ибни Мӯсо ал - Хоразмӣ ва дигар бузургони аҳли адаби тоҷик ёдоварӣ шудааст, ки ҳар яки онҳо бо шоҳасарҳои худ дар шиносондани мардуми тоҷик ва арзишҳои онҳо ба ҷаҳониён саҳми ниҳоят бузург доранд. 
Ҳамаи он таҷовузу ғоратгариҳо, ҳуҷуму шабохун задан ва зулму истибдоде, ки аз сӯйи аҷнабиён бар сари мардуми тоҷик омада буд, инчунин, тоб овардани мардони қаҳрамони тоҷикро бо ҷоннисориҳо ва фидокориҳои бағоят зиёдашон ба муқобили ин ҳама нобакориҳои душман, ки тавонистанд бо ҷасуриву далерии худ қомати миллатро рост нигоҳ доранд, мутафаккири бузург Бобоҷон Ғафуров тамоми ин раванду падидаҳоро рӯи коғазҳои шоҳасари худ – “Тоҷикон” гирд овард.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як хонавода туҳфа шуд, ки ин иқдоми пешанамуда бо мақсади ошноӣ кардан ба гузаштагони пурифтихори халқи тоҷик ва баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ роҳандозӣ гардид. Тақдими шоҳасари “Тоҷикон” ба ҳар як хонаводаи кишвар боз як иқдоми хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат аст ва итминон дорем, ки пас аз мутолиаи ин китоб ва пайдо кардани шинохти дуруст аз фарҳангу таърихи гузаштаи хеш мардуми сарбаланди мо боз ҳам беҳтару бештар барои ободсозиву гулгулшукуфии Ватан камари ҳиммат баста, талош мекунанд, то ному пайкори созандаи онҳо низ, дар таърихи кишвари соҳибистиқлоли мо сабт гардад. Ҳамчунин, мутолиаи ин китоб, бешак, ба ҷавонони мо таъсири амиқ гузошта, ба худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд ва онҳоро аз зери таъсири гурӯҳу ақидаҳои ифротӣ берун кашида, дар маҷмуъ, ба ватандӯстиву ватанпарастӣ роҳнамоӣ мекунад.
 
Ҳайдар ҲАЙДАРЗОДА, 
директори муассисаи таҳсилоти иловагии раёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2022    №: 158    Мутолиа карданд: 543
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед