logo

илм

НИЁГОНИ МО ВА ИЛМИ РИЁЗӢ КАЙ БА ПОЯИ ОНҲО МЕРАСЕМ?

Гузаштагони мо ба илмҳои дақиқ, ба монанди математика, физика, ситорашиносӣ, геометрия, хуб ошноӣ доштанд. Умуман, шаҳрдории беназири тоҷикон бе рушди ин илмҳо ғайримумкин буд. Имрӯз он пояҳои илмӣ суст шудааст, аз ин хотир, Пешвои миллат Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат»-ро роҳандозӣ карда, тавсеа бахшидани омӯзиши фанҳои дақиқро таъкид намуданд. 
 
Бахусус, ба мафҳуми касрҳо дар илми математика ниёгони мо мароқи бештар зоҳир мекарданд. Одамон бо касрҳо аз замонҳои қадим шинос буданд. Ситсерон, ки дар солҳои 150 - 44 то мелод зиндагӣ кардааст, бе донистани касрҳо донандаи математика шудани касро ғайриимкон медонист. Бори аввал дар китоби Ибни Мӯсо ал-Хоразмӣ - «Ҳисоб-ул-Ҳинд» дар баробари масъалаҳои зиёди математикӣ, ҳамчунин,  доир ба касрҳо низ маълумот дода шудааст. Ин китоб соли 825 бо забонҳои гуногуни оламиён тарҷума шуда, асрҳои зиёд ҳамчун маъхази нодири илмӣ хизмат кард. Дар ин китоб масъалаҳои касрӣ ва амалҳо бо онҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Таъсири ин китоб ба риёзидонҳои минбаъда, аз қабили Қӯшёри Гелонӣ, Абулҳасани Насивӣ, Умари Хаём, Ҷамшеди Кошӣ (Кошонӣ) ва дигарон хеле калон будааст.   
«Ҳисоб-ул-Ҳинд» дар асри XII ба забони лотинӣ тарҷума шуда, ба инкишофи математика дар Аврупо такони ҷиддӣ бахшид. Аҳмад ал-Балхӣ (асрҳои XI-XII) қисми дуюми «Китоби муфид» - ашро ба омӯзиши касрҳои одӣ пешкаш кардааст. Рисолаи дигаре, ки Маҳмуд ибни ал-Вусудӣ (асрҳои XII- XIII) бо номи «Лубоб-ал-ҳисоб» аз ду китоб иборат буда, китоби якум аз ду қисм таркиб ёфтааст. Дар қисми дуюми китоби якум касрҳои одӣ иншо шудаанд. Аввал сухан дар бораи зарурати донистани касрҳо меравад ва, махсусан касрҳое, ки дар муайян кардани ҳиссаҳои хурдтарин истифода бурда мешаванд. Касрҳои махраҷашон якхела,  махраҷашон гуногун ва амалҳо бо онҳо омӯхта мешаванд. Дар ин китоб зарбу тақсим 1) каср ба каср; 2) каср бо адади бутун; 3) каср бо адади омехта; 4) адади бутун бо касри омехта; 5) адади омехта бо адади омехта мукаммал тасвир шудааст. Гузаштагони мо Насавӣ, Мӯсо-ал-Хоразмӣ (асрҳои IX-X), Ғиёсиддин Абулфатҳ, Хайём ва дигарон оид ба касрҳои одӣ маълумоти пурра доштаанд. Абутоҳир Муҳаммад ибни Маҳмуд Саҷовандӣ яке аз олимони машҳури асрҳои XII- XIII дар Осиёи Миёна буд, ки китобе бо номи «Фароизи Саҷованд» (қоидаи васика) навиштааст. Ин китоб борҳо дар Калкута, Лондон, Қоҳира ва дигар ҷойҳо ба чоп расидааст. Баъдтар назарияи касрҳои адидаҳо асарҳои Ғиёсиддин Ҷамшед ал-Кошӣ (асрҳои XIV-XV), Аловаддин ибни Муҳаммад Алӣ Қушчӣ дар соли 1435 китоби «Рисолаи каср»-ро дар Самарқанд бо забони порсӣ менависанд. 
Баъди кушта шудани шоҳи Темуриён Улуғбек шогирди вай Алӣ Қушчӣ аввал ба Эрон, баъд ба Туркия меравад. Дар Туркия бо забони арабӣ китоби «Математика»-ро менависад, ки он дар асри XV барои мадрасаҳои Шарқи Миёнаву Наздик китоби дарсӣ буд. Аз он ки китобҳои беҳтарини математикӣ на танҳо барои мадрасаҳои асрҳои IX - XIX, балки барои ҷаҳониён аз тарафи гузаштагони мо иншо шудааст, ифтихор мекунем ва дар баробари ин, аз насли наврас мехоҳем, ки дар партави корҳои ниёгон ба фанҳои дақиқ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Ҳидоятҳои Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар робита ба тақвит бахшидани омӯзиши фанҳои табиӣ ва дақиқ амалӣ гардонанд.
 
Фарида МИРЗОҚАНДОВА,
мураббии ширхоргоҳи кӯдакистони № 67-и ноҳияи Шоҳмансур
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2022    №: 158    Мутолиа карданд: 2217
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед