logo

иҷтимоиёт

«ШАҲРИНАВ. ҲОЛИ ТАБОҲИ БЕМОРХОНАИ МИНТАҚАВӢ Ё ЧАРО МАСЪУЛОН ИН БЕМОРХОНАРО АЗ МАДДИ НАЗАР ДУР КАРДААНД?»

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи рӯзноманигор Ёқуби Содиқ  бо сарлавҳаи «Шаҳринав. Ҳоли табоҳи беморхонаи минтақавӣ ё чаро масъулон ин беморхонаро аз мадди назар дур кардаанд?»-ро,  ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», № 101,  26 майи соли 2022  ба нашр расидааст, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Дар иртибот ба мавзуи мавриди назар иттилоъ медиҳем, ки соли 1992 ҳангоми ба истифода додани беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав чанд шуъба, хусусан шуъбаи сироятии беморхонаи минтақавии деҳоти Акрам Ҳасанов, ба беморхонаи марказӣ кӯчонда шуд. Шуъбаи мазкур аз оғози фаъолият то имрӯз мунтазам таъмири ҷорӣ карда мешавад. Аз ҷумла, соли равон бо дастгирии Вазорат  шуъбаи сироятии беморхона пурра таъмир шуд.
 
Имрӯз шуъбаи мазкур бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз буда, ба нафарони гирифтори бемориҳои сироятӣ ёрии саривақтию босифат расонда истодааст.
Дар ҳақиқат, аз солҳои 90-уми асри гузашта бо сабаби зарур  набудан бинои собиқ шуъбаи бемориҳои сироятии маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Акрам Ҳасанов тайи чанд сол мавриди истифода қарор надошт. Воқеаҳои маълуми он замон ва имконоти маҳдуди иқтисодӣ боиси бекор мондану фарсудашавии бино гардиданд.
Ҳоло аз сабаби ниҳоят фарсуда гаштан, кафидани деворҳо ва ҳанӯз 15 сол пеш шикаста афтидани чаҳор болодарии бетонӣ (се болодарии 1,5- метра ва як болодарии 6-метра) бинои мазкур ба азнавсозӣ ниёз дорад.
Имрӯзҳо таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ дучанд гардида, ҳамасола дар кишвар муассисаҳои тиббӣ сохта ба истифода дода мешаванд. 
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда барои бозсозии беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти Акрам Ҳасанов тадбирҳои зарурӣ андешад. 
Дар ноҳия баробари беморхонаи марказӣ, ки бо таҷҳизоти нав  муҷаҳҳаз аст,  3 маркази саломатии деҳотӣ, 12 бунгоҳи саломатӣ аз нав сохта, ба истифода дода шудааст. Ғайр аз ин, давоми 30 соли даврони Истиқлоли давлатӣ бинои марказҳои саломатӣ дар  ноҳияи Шаҳринав, аз ҷумла деҳоти Тоҷикистон,  Ҳасанов,  Муллошодӣ ва Узун пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд.
Айни замон мувофиқи Барномаи рушди иқтисодӣ – иҷтимоии ноҳияи Шаҳринав барои солҳои 2021-2025  сохтмон ва таҷдиди чанд муассисаи соҳаи тандурустӣ дар ин ҷо ба нақша гирифта шуда, корҳои созандагӣ дар ин самт идома доранд.
 
Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2022    №: 158    Мутолиа карданд: 627
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед