logo

Хабарҳо

ВАРЗИШ

V БОЗИҲОИ ҲАМБАСТАГИИ ИСЛОМӢ
Тоҷикистон 4 медал дорад
 
Дар рӯзи шашуми V Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ (9 – 18 август, Кунияи Туркия) Екатерина Ишенко дар мусобиқаи тенниси рӯи миз миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд сазовори медали нуқра шуд.
Бар пояи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқаи ҷуфт-тенниси рӯи миз (класси 9) бо ширкати 4 варзишгар ба таври даврӣ сурат гирифт. Екатерина бар Пагоҳ Кулоҳрӯдӣ ва Сумайя Мустафовижафарухӣ (Эрон) пирӯз гашта, аз теннисбози мизбон Неслихон Каваш мағлуб гардид.
Бояд гуфт, ки ин чорумин медали ҳайати олимпии Тоҷикистон дар бозиҳо мебошад. Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ ҷойи дуюмро гирифт. Дар гӯштии юнонӣ-римӣ Асламҷон Азизов (-55кг) ва Фирӯз Мирзораҷабов (-63кг) нишонҳои биринҷӣ ба даст оварданд. 
 
 
 
ҶОМИ КУШОДИ ОСИЁ
Абубакр Шеров ҷойи дуюмро ишғол кард
 
Абубакр Шеров (-66кг) дзюдочии тоҷик дар  Ҷоми кушоди Осиё ба хотираи Турар Жолдибаев (13 – 14 август, Актау, Қазоқистон) мақоми дуюмро ишғол кард. 
Абубакр то финал бар се гӯштигири мизбон- Азамат Зулжалелов, Болат Билол ва Алмас Галимов пирӯз шуда, дар вохӯрии ҳалкунанда аз Сунгат Жубаткани қазоқ мағлуб гашт. 
 
 
 
ЛИГАИ ОЛӢ
Даври 12-ум бо кадом натиҷа ба анҷом расид?
 
Тими “Регар-ТадАЗ” дар бозии охири даври 12-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ “Хатлон”-ро дар майдонаш бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.
Рақобатҳои дигар бо чунин натиҷа хотима ёфтанд: “Хуҷанд” – “Истиқлол” – 1:2, “Истаравшан” – “Равшан-К” – 3:0, “Файзканд” –  «Равшан-З» – 2:1 ва “Эсхата” –  КМВА – 3:2. 
Ҳамин тавр, пас аз 12 давр “Хатлон” (19 хол), “Равшан-К” (19 хол) ва “Файзканд” (18 хол) дар мақомҳои ифтихорианд. 
 
 
 
СУПЕРЛИГАИ ТОҶИКИСТОН 
Дар 4 бозӣ 59 гол зада шуд 
 
Садрнишини ҷадвали Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал – “Сипар” дар даври даҳум бо ҳисоби 18:1 бар “Равшан” зафар ёфт. 
Дар се бозии дигар “Истиқлол” бар “Пойтахт” (14:2), “Соро компания” бар КМВА (12:2) ва “Истаравшан” бар “Самандар” (8:2) ғолиб омаданд.  
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5310
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед