logo

Хабарҳо

Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон
15 – 16 август дар мавзеи Авазаи шаҳри Туркменбошии Туркманистон Конфронси вазирони нақлиёти кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ (мамлакатҳое, ки ба баҳр баромад надоранд)  баргузор гардид. Дар конфронс намояндагони 32 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири нақлиёт Азим Иброҳим, иштирок доранд.
Ба иттилои Вазорати нақлиёт, дар Конфронс масъалаҳои рушди долонҳои нақлиётии минтақавӣ, ҳамгироии системаи инфрасохтори  ҳамлу нақли мултимодалӣ, рақамикунонии раванди ҳамлу нақл, рушди нақлиёти барқӣ ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. 
Раисии вазири нақлиёти Тоҷикистон дар сессияи чоруми Конфронс таҳти унвони “Тезондани рақамикунонӣ барои беҳтарсозӣ, транзит ва содагардонии раванди тиҷорат, ҳамзамон, барқарорсозии устувор пас аз давраи пандемияи COVID – 19” пешбинӣ шудааст. 
 
 
 
Вилоятҳои Хатлон ва Сурхондарё 23 санад имзо карданд
Дар доираи сафари расмии ҳайати меҳмонон аз вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Норак, Форуми рушди ҳамкориҳои вилояти Хатлон ва вилояти Сурхондарё баргузор гардид. Дар Форум раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ҳокими вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов ва соҳибкорони ҳар ду вилоят иштирок доштанд.
Шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар дод, ки дар Форум миёни мақомот ва соҳибкорони вилоятҳои Хатлон ва Сурхондарё 23 санад, аз ҷумла харитаи роҳ байни ду вилоят, Ёдошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, 15 шартномаи сармоягузорӣ, 6 шартнома барои молу маҳсулот ба маблағи 26,6 миллион доллари ИМА, ба имзо расид, ки барои пешравии вилоятҳо мусоидат мекунад.
 
 
 
Чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ дар НБО “Роғун”
Бо мақсади руҳбаланд сохтан ва шодию нишот бахшидан ба бунёдкорони Неругоҳи барқи обии «Роғун», бо ташаббуси Вазорати фарҳанг аз 28 июл то 29 сентябри соли ҷорӣ дар иншооти мазкур барномаҳои консертӣ ва намоишҳои театрӣ баргузор мегарданд.
Тибқи нақша, тули ду моҳ, ҳар ҳафта шоми панҷшанбе барномаҳои ҳунарӣ ва намоишномаҳои театрӣ манзури заҳматкашони иншооти аср мешаванд. Ҳунармандон бо барномаи ҷолибу диданӣ хотири сохтмончиёнро шод мегардонанд. 
 
 
 
Аз «андозбандиҳои Google» зиёда аз 1,5 миллион сомонӣ ба буҷет ворид гардид
Дар шашмоҳаи аввали соли 2022 ба буҷети ҷумҳурӣ аз тарафи ширкатҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон ба хизматрасониҳои электронӣ машғуланд, зиёда аз 1,5 миллион сомонӣ андоз аз арзиши иловашуда ворид гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи андоз хабар доданд, бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти боби 43 Кодекси андоз ҷиҳати андозбандии даромади шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, ки дар  Тоҷикистон ба хизматрасониҳои электронӣ машғуланд (ба истилоҳ «андозбандии Google»), дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби мақомоти андоз андешидашуда ба ҳолати 1 августи соли 2022, дар маҷмуъ, 23 ширкати хориҷӣ, аз ҷумла Google Commerce Limited, Meta Platforms Irland Limited, Apple Distribution International Limited, Netflix International B.V., Amazon Web Services EMEA SARL, ба қайд гирифта шуданд.
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5649
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед