logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. ДАР ДОИРАИ ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВӢ БАЙНИ ХАТЛОНУ СУРХОНДАРЁ 23 СОЗИШНОМА БА ИМЗО РАСИД

Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ - иқтисодӣ, илмӣ - техникӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ миёни вилояти Хатлон ва вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳайати корӣ таҳти роҳбарии Тӯра Боболов, ҳокими вилояти Сурхондарё, ба вилояти Хатлон ташриф овард.
Тибқи иттилои шуъбаи таҳлилию иттилоотии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, меҳмонон нахуст аз Маҷмааи тандурустии «Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон»,  ки дар ноҳияи Қубодиён воқеъ аст, дидан намуданд.
Масоҳати умумии Маҷмааи тандурустӣ 6 гектарро ташкил медиҳад. Бинои асосии он аз чор қабат иборат буда, ду бинои дигар сеошёна мебошанд. Он дорои 200 кат буда, барои ташхис ва табобати беморон шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Маҷмааи тандурустӣ аз 19 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои қабул ва функсионалӣ, бемориҳои ҷарроҳии калонсолон ва кӯдакона, урологӣ, иборат мебошад. Барои ташхиси беморон дар маҷмааи мазкур як  томографияи компютерӣ, 2 рентгени рақамии статсионарӣ ва 2 рентгени рақамии сайёр аз давлатҳои пешарфтаи ҷаҳон ворид шудаанд.
Сипас, меҳмонон ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварда, аз корхонаи сементбарории «Моҳир Семент» боздид ба амал оварданд. Гуфта шуд, ки ин корхона дар  минтақаи саноатӣ ҷойгир буда, аз тарафи ҶДММ «Моҳир Семент» бо маблағи 380 миллион сомонӣ бунёд ёфта, иқтидори истеҳсолиаш 600 000 тонна семент дар як сол мебошад. Дар корхона зиёда аз 100 сокини маҳаллӣ фаъолият дошта, калонтарин корхонаи саноатии ноҳия ба шумор рафта, дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия, аз ҷумла  таъмини ҷойҳои корӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии хушсифат, саҳми калон мегузорад.
Дар идома гурӯҳи корӣ аз Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант”-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон боздид карданд. Давоми 57 сол дар муассиса 14 ҳазору 484 нафар таҳсил намуда, соҳиби дипломи таҳсилоти ибтидоии касбӣ шудаанд. Дар доираи корҳои ободонӣ дар Литсейи касбии мазкур осорхона ташкил шуд, ки таърихи таъсиси Литсейи мазкур, таҳсилу фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, синфхонаи даврони таҳсил дар Литсейи мазкур, китобхона ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварро дар бар мегирад. 
Сафари меҳмонон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», КВД «Чарми Данғара» ва ҶСП «Ҷунтай – Данғара Син Силу Текстил» идома ёфт. 
Пасон, аз Неругоҳи обии барқии «Норак» дидан карда, аз зебоиҳои табиати афсункори шаҳри Норак таассуроти нек бардоштанд. 
Дар шаҳри Норак бо ширкати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ҳокими вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов ва соҳибкорони ҳар ду вилоят Форуми рушди ҳамкориҳои вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон баргузор гардид. Мақсад аз роҳандозии ин форум таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ - иқтисодӣ, илмӣ - техникӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ миёни вилоятҳо арзёбӣ шуд. 
Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, ки имрӯз лоиҳаи барои ҳар ду ҷониб судманди «Харитаи роҳ» ба имзо мерасад, ки дар он иқдомоти минбаъдаи мо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак танзим мешавад.
- Бояд гуфт, ки таҳким ва густариши робитаҳои корӣ бо минтақаҳои  Ӯзбекистон  яке  аз  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти иқтисодии хориҷии мо мебошад.  Вилояти Хатлон тавсеаи ҳамкориҳои минтақавиро ҷузъи муҳими стратегияи рушди иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя, ҷорӣ намудани технологияи муосир, фароҳам овардани ҳавасмандӣ барои таъсиси ҷойҳои кор ва рушди устувори минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии минтақа медонад. Итминон дорам, ки сафари кории ҳайати вилояти Сурхондарё ба Хатлон дар таърихи муносибатҳои ду вилоят саҳифаи нав мекушояд, - изҳор дошт раиси вилояти Хатлон.
Дар фарҷоми Форум миёни соҳибкорони вилоятҳои Хатлон ва Сурхондарё 23 созишнома, аз ҷумла лоиҳаи “Харитаи роҳ байни ду вилоят”,  ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, 15 шартнома барои сармоягузорӣ, 6 шартнома барои содироту воридоти молу маҳсулот ба маблағи 26,6 миллион доллари ИМА ба имзо расид. 
Дар идома меҳмонон ба шаҳри Кӯлоб сафар намуда, нахуст ба зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ рафта, дар ҳаққи ин нобиғаи замони хеш дуою фотиҳа хонданд. Директори генералии Осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб Ҳотам Асозода дар бораи зиндагиномаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва таърихи сохтмони мақбара ба меҳмонон маълумот дод. Баъд аз ин, меҳмонон дар майдони оромгоҳ аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва осори таърихӣ дидан карда, бо фаъолияти корхонаи нассоҷии “Ваҳдат текстайл”-и шаҳри Кӯлоб шинос шуданд.
Дар маросими гусел ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравие, ки бозгӯкунандаи фарҳанги пурғановат ва қадимии миллати тоҷик буданд, тақдим шуданд.
 
Зокир ҲАСАН, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2022    №: 159    Мутолиа карданд: 598
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед