logo

иҷтимоиёт

ХАТЛОН. АВЛАВИЯТ БА ТАҲКИМИ ҶАҲОНБИНИИ ХОНАНДАГОН

 
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ҷаҳду талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳсили босифати  хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.
Маҳз бо дастгирии Пешвои муаззами миллат соҳаи маорифи Тоҷикистон рӯ ба рушд ниҳода, давоми сӣ соли истиқлоли мамлакат ҳазорҳо мактаб, литсею гимназияҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Натиҷаи ҳамин дастгириҳост, ки ҳамасола хонандагони болаёқат аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар олимпиадаҳои дохилию хориҷӣ аз худ донишу маҳорати баланд нишон медиҳанд. Аз ҷумла, 21 – 23 июли соли равон дар Мактаби байналмилалии президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявӣ барои гирифтани аттестати аълои универсалӣ бо  медали тиллою нуқра байни хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар озмун аз 16 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  вилояти Хатлон ҳуҷҷатҳои 52  хатмкунанда ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ пешниҳод гардида, дар натиҷаи ташхиси ҳуҷҷатҳо аз тарафи комиссияи ҷумҳуриявӣ 10 нафари онҳо ба озмуни мазкур роҳхат гирифта, дар он фаъолона иштирок намудаанд. Озмун дар сатҳи баланд доир шуд. Бо нишон додани донишу маҳорати баланд ҳафт  хонандаи муассисаи таълимии вилоят соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гардид. Аз ҷумла,  Муҳаммадҷон Холиқов ва Муин Оймаҳмадов, хатмкунандагони Гимназияи давлатии №1 ба номи Абдуллоҳи Алии шаҳри Норак, бо аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ – гуманитарӣ, медали тилло, Парвиз Амирализода, Дилноза Файзуллозода, Раҳматулло Файзиддинов, хатмкунандагони Муассисаи таълимии давлатии «Гимназияи ҷумҳурияви»-и ноҳияи Данғара, Ойниҳол Раҳимзода, хатмкунандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Кӯлоб, бо аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ, медали тилло,  инчунин, Сиёвуш Хайруллоев, хатмкунандаи литсейи тамоюли техникии шаҳри Бохтар бо аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, бо медали нуқра сазовор гардиданд.   
Ҳамзамон, падару модарони ғолибони озмун бо «Сипосномаи»-и вазири маориф ва илм қадр гардида,  омӯзгорони онҳо бо роҳхати истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ таъмин мешаванд. Инчунин, барои ҳавасмандгардонии ғолибон бо қарори раиси вилояти Хатлон ҳар кадоми онҳо бо мукофоти молиявӣ - 10 ҳазор сомонӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ ба миқдори 3 ҳазор сомонӣ ва  падару модарон бо «Сипоснома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардиданд.
Натиҷаи озмунҳо нишон медиҳанд, ки сол ба сол донишу маҳорати хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон боло рафтааст. Агар соли таҳсили 2020 – 2021 аз вилояти Хатлон дар озмуни ҷумҳуриявӣ бо аттестати аълои универсалӣ, медали тиллою нуқра ҳамагӣ панҷ нафар соҳиби медал гардида бошанд, соли таҳсили 2021 – 2022 миқдори гирандагони аттестати аъло ба ҳафт нафар расид.  Имсол хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят соҳиби 620 медал, ки аз инҳо 82 медали тилло, 186 нуқра ва 352 биринҷӣ мебошад. Ин дар муқоиса ба соли гузашта 193 медал зиёд аст. Дар олимпиадаи сатҳи ҷумҳурӣ хонандагони шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар, ноҳияҳои Данғара, Восеъ, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон пешсаф буда, дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ Данғара соҳиби 182 медал (31  тилло, 68  нуқра, 83 биринҷӣ), Кӯлоб 101 медал (12 тилло, 29 нуқра, 60 биринҷӣ), Бохтар 75 медал (10 тилло, 15 нуқра, 50 биринҷӣ) гардиданд. 
 
Ҳикматҷон ҲАКИМОВ,  
муовини директори Маркази 
дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди 
раёсати маорифи вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2022    №: 159    Мутолиа карданд: 524
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед