logo

Хабарҳо

ВАРЗИШ

 
V БОЗИҲОИ ҲАМБАСТАГИИ ИСЛОМӢ
Паҳлавонони тоҷик се медали дигар гирифтанд
 
Дзюдочиёни тоҷик дар рӯзи 8-уми V Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварданд.
 
Нишони нуқраро паҳлавони маъруфи кишвар Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) гирифт. Комроншоҳ то финал бар се рақибаш ғолиб омада, дар вохӯрии ҳалкунанда аз гӯштигири мизбон Михаел Зганк шикаст хӯрд. 
Мақомҳои сеюм насиби Шодмон Ризоев (-81 кг) ва Абубакри Акобир (-100 кг) гашт. 
Акнун, шумораи медалҳои Тоҷикистон дар V Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ба 8 адад расид. Панҷ медали дигарро Илдар Аҳмадиев (ҷаҳиш ба дарозӣ, нуқра), Асламҷон Азизов ва Фирӯз Мирзораҷабов (гӯштии юнонӣ-румӣ, биринҷӣ) ва Екатерина Ишенко  (пара-тенниси рӯи миз, нуқра ва биринҷӣ ) соҳиб шуда буданд. 
 
 
БАДМИНТОН
Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ ба анҷом расид
 
Аввалин Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон байни наврасони 15 ва 17 - сола, ки мизбонаш шаҳри Душанбе (11 – 15 август, Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ) буд, хотима ёфт. Дар он варзишгарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эрон ширкат доштанд. Бадминтонбозони эронӣ тавонистанд бештари медалҳоро соҳиб гарданд. 
 
Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа  президенти бадминтони Осиё Антон Субово ва намояндагони Федератсияи бадминтони кишвар ва дигар соҳаи варзиши мамлакат ширкат варзиданд.
Бадминтонбозони тоҷик дар Чемпионати минтақавӣ чунин натиҷаро нишон доданд: дар намуди инфиродӣ, ҷуфтӣ ва даставӣ байни бадминтонбозони то 15-сола Одилҷон Абдураҳимов, Одилҷон Абдураҳимов/Қосим Оқилӣ, Дилмираи Бунёдзода/Арамбегим Шоискандарова, Салим Салимов/Нурафшон Чоршанбиева, Одилҷон Абдураҳимов/Қосим Оқилӣ ва Дилмираи Бунёдзода/Арамбегим Шоискандарова мақомҳои сеюмро касб карданд.
Байни бадминтонбозони то 17 - сола бошад, Ҷамолиддин Салимов /Муҳаммадсаид Салимов, Мафтун Шарипова/Омина Охунқадамова, Ҷамолиддин Салимов/Омина Охунқадамова, Мафтуна Шарипова, Омина Охунқадамова, Ҷамолиддин Салимов ва Муҳаммадсаид Салимов сазовори медалҳои биринҷӣ гаштанд.
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5713
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед