logo

Хабарҳо

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

Дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” мулоқоти раиси раёсати бонк Сироҷиддин Икромӣ бо ҳайати расмии ҶС «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport»-и Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти роҳбарии  раиси раёсати ширкати мазкур Калигазин Аслан баргузор гардид.
 
Раиси раёсати ҶС «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport» иброз дошт, ки ширкат омодааст дилхоҳ пешниҳод ва дархостҳои соҳибкорони Тоҷикистонро, ки аз Қазоқистон молу маҳсулот ворид менамоянд, дар ҳамкорӣ бо БДА ҶТ «Амонатбонк» ҷонибдорӣ намояд.
Сироҷиддин Икромӣ гуфт, ки БДА ҶТ «Амонатбонк» дар раванди сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша омода аст соҳибкорони ватаниро дар самти рушди соҳибкории хурду миёна ва дарёфти шарикони рушди боэътимод дастгирӣ ва ҷиҳати воридсозии молу маҳсулот аз Қазоқистон мусоидат кунад.
Сипас, миёни БДА ҶТ «Амонатбонк» ва ҶС «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport» ёддошти тафоҳум оид ба зиёд намудани ҳаҷми иловагии маблағгузорӣ то ба 15 миллион доллари ИМА имзо шуд. 
Роҳбарияти ҶС «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport» тазаккур доданд, ки БДА ҶТ «Амонатбонк» метавонад дархостҳои иловатан пайдошударо то ҳаҷми 23 миллион доллари ИМА ба ширкати мазкур пешниҳод созанд. Онҳо дар навбати худ омодаанд, ки дархостҳоро баррасӣ ва дастгирӣ намоянд.
Дар сурати аз худ шудани меъёри ҷудогардида аз ҷониби ҶС «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport» маблағи умумӣ зиёда аз 30 миллион доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод.
Айни ҳол аз ҳисоби маблағҳои ҶС «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport» ба 6 лоиҳаи соҳибкорони ватанӣ ба маблағи 8,75 миллион доллари ИМА тариқи маблағгузории савдо хатҳои аккредитивӣ кушода шудааст.
 Ҳадафи асосии ба имзо расондани ёддошти тафоҳум, ин, пеш аз ҳама, ҷалби сармояи мустақим ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва зиёд намудани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон ба шумор меравад. 
Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» мекӯшад, ки дар оянда ҳам, баҳри амалӣ кардани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби бештари сармояи хориҷӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намояд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6553
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед