logo

Хабарҳо

Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

 
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар доираи Форуми байналмилалии соҳибкорӣ ва сармоягузории «PomirInvest – 2022» баргузор гардид.
Тавре Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иттилоъ дод, дар ҳамоиш раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода, намояндагони шарикони рушд, созмонҳои байналмилалӣ, сафоратҳо, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, донорҳо, олимону муҳаққиқони дохилию хориҷӣ, коршиносону масъулони соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Ҳадаф аз он, ҷалби донорҳо ва шарикони рушд ҷиҳати таъсиси ҷойҳои кор ва тавсеаи шуғли пурмаҳсул барои сокинони ВМКБ тавассути ташкили омӯзиши касб, рушди ҳунармандӣ ва иштироки ҷавонон дар экосистемаи иқтисодии кишвар ва, дар маҷмуъ, саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръат ва тавсеаи рушди пурмаҳсул дар кишвар буда, ин чораҳо ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ замина мегузоранд.
 
 
Ҳамкорӣ дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ бо Озарбойҷон
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо раиси ҶСП “Телевизион ва радиошунавонии Озарбойҷон” Ровшан Мамедов мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ мусоҳибон масъалаҳои ташкилу гузарондани курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ва такмили ихтисос барои омода намудани барномаҳои сиёсиву-фарҳангӣ, телевизионӣ, радиоӣ, намоиши филмҳои ҳунарӣ ва ҳуҷҷатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
 
 
Маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз даҳаи охири моҳи август маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз мегардад,- иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзӣ.
Имсол, тибқи дурнамо, дар майдони 186 ҳазор гектар кишти чигит гузаронда шуд, ки нисбат ба соли гузашта панҷ ҳазор гектар кам мебошад.
Бинобар сабаби болоравии арзиши сӯзишворӣ ва доруҳои минералӣ, дар назар аст, ки арзиши пахта низ имсол баланд гардад.
Ёдовар мешавем, ки имсол дар мамлакат 36 мошини пахтачинӣ мавҷуд буда, аз он 27-тоаш барои ҷамъоварӣ омода аст. 
 
 
 
Қатораи Кӯлоб – Волгоград ба сафар баромад
16 август қатораи мусофирбарӣ ба воситаи хатсайри “Кӯлоб – Волгоград – Кӯлоб” аз вокзали шаҳри Кӯлоб ба самти Россия ба роҳ баромад, ки аз 13 вагон иборат буда, зиёда аз 600 мусофир дорад. Қатораи мазкур ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе аз шаҳри Кӯлоб ба Федератсияи Россия ҳаракат мекунад. 
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёт, мусофирон ва сайёҳон метавонанд барои сафар намудан тавассути қатора дар хатсайрҳои “Кӯлоб – Волгоград”, “Душанбе – Волгоград” ва “Хуҷанд – Волгоград” аз хазинаҳои Роҳи оҳани Тоҷикистон чиптаҳоро дастрас намоянд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4929
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед