фармонҳои президент
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи даъват намудани иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум
Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 24 августи соли 2022 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.
2. Ба баррасии иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум масъалаҳои зерин пешниҳод карда шаванд:
- тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифа озод ва ба вазифа таъин намудани муовини якум ва муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон;
- интихоб ва бозхонди раисони кумитаҳо ва ворид намудани тағйирот ба ҳайати кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 августи соли 2022, № 421
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Толибзода Ф. Н.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Толибзода Фирдавс Назримад бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 августи соли 2022, № 422
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии
Тоҷикистон озод намудани Накхатзода М. К.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Накхатзода Моҳбону Киромиддин аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 августи соли 2022, № 423
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муовини якуми раиси Бонки миллии
Тоҷикистон таъин намудани Толибзода Ф. Н.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Толибзода Фирдавс Назримад муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 августи соли 2022, № 424
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон
таъин намудани Назирӣ Г. Н.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Назирӣ Гулбаҳор Назир муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 августи соли 2022, № 425
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муовини раиси Бонки миллии
Тоҷикистон таъин намудани Шарифзода Ф. Ҳ.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Шарифзода Фируз Ҳомиддин муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 августи соли 2022, № 426
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муовини раиси Бонки миллии
Тоҷикистон таъин намудани Салимзода А. А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Салимзода Алиҷон Абдуҷалол муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 августи соли 2022, № 427
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.08.2022 №: 160 Мутолиа карданд: 2683