logo

иҷтимоиёт

ХОВАЛИНГ. ДУНЁИ КӮДАКОН РАНГИН АСТ

Ҳар сол фасли тобистон масъулони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг дар қатори дигар мақомотҳои маҳалливу шаҳрӣ дар таъмини истироҳати самарабахши хонандагону  наврасон дар истироҳатгоҳҳо ва муҳайёсозии шароит дар назди муассисаҳои таълимӣ муваззаф мегарданд.   
 
Тавре Муҳаммадназар Амирсаидов,  мудири шуъбаи маорифи ноҳия, ба мо иттилоъ дод, - имсол низ чун солҳои гузашта истироҳати тобистонаи хонандагон дар ду баст ташкил  ва дар  назди 35 муассисаи таълимӣ,  дар маҷмуъ,  наздики   2000  мактаббача ба истироҳат фаро гирифта шудааст. Ба онҳо 380 омӯзгори пуртаҷриба вобаста шудааст. Роҳбарияти  Корхонаи    «Тиллои тоҷик»  амали хайреро  пеш гирифта, бо маблағгузории хеш   истироҳати  150  хонандаро дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7 ташкил намуд. Онҳо се вақт бо хӯроки гарм таъмин буда, саломатии онҳо таҳти назорати доимии табибон қарор дорад. 6 хонандаамон  дар дараи Варзоб - маҷмааи фарҳангию фароғатии «Файзи истиқлол» - и Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми кишвар  истироҳаташро   сипарӣ намуд. 
Кормандони хадамоти оташнишонӣ тамоми лавозимоту таҷҳизоти  оташнишониро дар ҳолати коршоям  нигоҳ дошта, баҳри пешгирӣ  аз ҳолатҳои фавқулода  бо  хонандагон  суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд.  Ҳамзамон, дар ҳамаи истироҳатгоҳҳои ноҳия миёни хонандагон озмуни «Китобхони  беҳтарин»  идома меёбад. Мақсад аз ташкили  чунин озмунҳо баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагон ба хондани китобҳои бадеӣ ва аз худ кардани ашъори адибон  мебошад. Дар истироҳатгоҳҳои наздимуассисавӣ барномаҳои таълимию тарбиявӣ низ роҳандозӣ шудаанд. 
-  Мо  на танҳо баланд бардоштани  донишу зеҳнияти хонандагонро  ба назар гирифта, озмуни  «Китобхони беҳтарин» -ро  гузарондем, боз дар байни хонандагон  намудҳои варзишии футболу волейбол, баскетбол, тенниси рӯи миз, шашкаву шоҳмотро  низ  хеле ҷолиб роҳандозӣ намудаем,  то ки   истироҳаташон   хотирмон    гузарад, - гуфт дар анҷоми суҳбат  М. Амирсаидов. 
 
Холназар КАСИРОВ, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2022    №: 160    Мутолиа карданд: 773
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед