logo

фарҳанг

САЙРЕ БА КИТОБХОНАҲОИ ХУҶАНДУ ЛОҲУР

 
Дар ҳошияи ташаббуси созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
Бешак, китобу китобхона, китобдориву китобхонӣ, китобнависӣ ва китобсозӣ ва ҳикмати эҷоду бунёди ин ҳама аз васоиту васоиле мебошанд, ки вуҷуди ҳар қавму миллатро дар чаҳорчӯбаи илму маърифат муътабар дониста, мақому мартабаи онҳоро баланд нигоҳ дошта, ҳифз ҳам, менамоянд. Инҳо чун сармояи башарӣ тармимгар ва таблиғгари асосии рушд ва равобит ба шумор рафта, дар таҳкими адабӣ ва фарҳангӣ нақши хос мебозанд. Дарки он таваҷҷуҳи хос мехоҳад, то натиҷаи дилхоҳ ва чашмрас ба даст ояд. Ин ҳамаро метавон чун неруи нарму созанда ва санади муҳим донист, ки тавассути онҳо қарордоди доимӣ ва равобити илмӣ миёни аҳли башар боқӣ мемонад.
Бо дарки амиқи мақому мартаба ва бузургии китобу китобхона бо ташаббуси Сарвари давлатамон лоиҳаи “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” зери кор омад, ки тавассути он ҳазорҳо чеҳраҳои саршор аз хираду дониш дар Тоҷикистон пайдо шуданд. 
Дар ҳошияи чунин ташаббусҳои созандаи даврони истиқлол зарур донистем то сайре ба шаҳрҳои Лоҳуру Хуҷанд дошта, бо ду китобхонаи нодири ин ҷо шиносоӣ пайдо созем. Лоҳур дар Покистони имрӯза ҷойгир буда, бо шаҳри Душанбе аз соли 1973 бародаршаҳр аст. Барои камина мояи ифтихор аст, ки бо ҳамроҳии ховаршинос Сайфиддин Акрамзода аз шаҳри Лоҳур дидан карда, аз обу ҳаво ва файзи шоирону олимону орифон он шарафёб гаштем. Дар ин зимн, ба мо муяссар шуд, то аз маконе дидан намоем, ки бо номи Байтулҳикмат шуҳрат дорад. Бояд зикр кард, ки ибораи мазкур арабӣ буда, тарҷумааш хонаи хирад омадааст. Тибқи дарёфтҳо аввалин маротиба чунин ном дар асрҳои VIII – XI дар Бағдод дар даврони аҳди салтанати хилофати Аббосиён бо ташаббуси Абуҷаъфари Мансур чун маркази бузурги илмӣ, фарҳангӣ ва таълимӣ бунёд гардида, то замони арзи вуҷуд кардани маркази илмии Улуғбек дар Самарқанд идома дошт. Дар ин зимн, донишгоҳи Ҳамдарди Покистон низ дар партави он китобхонаашро Байтулҳикмат номгузорӣ кард, ки 11 декабри соли 1989 ифтитоҳ шудааст.
Ин китобхонаи хусусии донишманд ва иқболшиноси покистонӣ профессор Абдуҷаббори Шокир (вафот 13 октябри 2009) мебошад. Бинои китобхона дар ҳавлии шахсии профессор ҷойгир аст, ки сохтмони он аз санги мармар, дарвозаҳо ҳама кандакорӣ ва шарқиёна сохта шуда, иборат аз чор ошёна ва 24 ҳуҷраи пур аз китоб мебошад. Дар он бо хатҳои настаълиқи чопи сангӣ, дастхат, хатти куфӣ ва ҳам кириллӣ китобҳои бешумор мавҷуданд. Китобҳои дар Самарқанду Бухоро, Ҳиндустону Покистон ва Эрон навишташуда низ, дида мешавад. Манбаъҳои хаттиву ороишии давраҳои темуриён ва бобуриҳо низ, мавҷуданд. Дар он ҷо нусхаҳои “Темурнома”, “Бобурнома”, “Чағатойнома”, қуръон-ҳои бо даст ва оби тилло навишташудаи зиёде мавҷуданд, ки аз асрҳои хеле қадим то ба имрӯз нигоҳдорӣ шудаанд. Агар ба забони сода бигӯем, Байтулҳикмати Абдуҷаббори Шокир аз китобхонаҳои хусусии нодирест, ки саршор аз маводи ховаршиносиест, ки мислаш дар ҷаҳон камёб аст. Он дорои китобҳои 1100, 1000, 900, 800, 700 ва то 100 - солаву муосир аст. Олимону муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ ба он ҷо омада, ба сарчашмаҳои нодири илмӣ дастрасӣ пайдо мекунанд. 
Имрӯз низ фарзандони ӯ ин амали неки профессорро идома дода, ҳамеша машғули ҷилдбандӣ, феҳристсозӣ ва ороиш буда, маводи заруриро барои муштариён фароҳам месозанд. 
Ҳамин тариқ, 12 моҳи июли соли 2022 имкон пайдо шуд, то аз ҳамин гуна “хонаи хирад” дар шаҳри Хуҷанд дидан намояд. Ин хона бо ташаббуси донишманд ва иқтисодшиноси тоҷик, профессор Абдушукур Назаров соли 2011 бунёд гардидааст. Китобхона ба номи олим ва орифи шинохтаи асрҳои XIX – XX Муҳаммад Султон Абдуллоҳи Маъсумӣ гузошта шудааст. Ӯ соли 1873 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, таълимоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст. Сипас, барои идомаи таълим ба Бухорову Қӯқанд сафар мекунад. Ҳамин тавр, соли 1890 ба зиёрати хонаи Худо рафта, дар шаҳрҳои Маккаву Мадина, Доруссалом, Қоҳира, Истанбул ва Афина дониши худро такмил медиҳад. Дубора ба Ватан баргашта, ба ҳайси мударрис ба тадрис машғул мешавад. Бо тағйир ёфтани вазъи замон ҷилои Ватан карда, муддате дар Син-Сзяни Чин муқим мешавад. Дар соли 1933 ба Арабистони Саудӣ кӯч баста, то охири умр дар он ҷо боқӣ мемонад. Бо доштани илму маърифат, забондонӣ ва фаросату фазилатҳои олӣ Маъсумии Хуҷандӣ аз ҷониби шоҳи Арабистони Саудӣ Абдулазиз мушовир таъин мегардад. Ҳамин тариқ, бо амри шоҳ дар конфронси аввалини байналмилалии исломӣ чун намояндаи давлати саудӣ иштирок ва суханронӣ мекунад. Ӯ дорои беш аз 200 тадқиқот дар самтҳои таъриху фалсафа буда, соли 1962 дар синни навадсолагӣ дунёи фониро падруд мегӯяд. Тибқи васияташ аз як каф хоке, ки аз зодгоҳаш аз шафати масҷиди Шайх Муслиҳиддин гирифта буд, ба сари қабраш пошиданд.
Набераи он кас Арбоби шоистаи илм ва техника, профессор Абдушукур Назаров санги бунёди ин китобхонаро гузошт. Моҳи апрели соли 2017 аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд расман ифтитоҳ гардид. Он бо услуби анъанавии тоҷикӣ ва меъмории муосир сохта шуда, аз 3 толори китобхонӣ ва беш аз 15 ҳазор китобу маводи зарурии илмии нодир иборат аст.
Профессор китобхонаи хусусиашро ба номи бобояш монд, то аз он кас қадрдонӣ намояд.
Ҳар ду профессор тавонистанд инсониятро ба сӯйи қуллаҳои дониш роҳнамоӣ намуда, озодӣ, ободӣ ва оромии ҷомеаро дар партави илму маърифат, хираду ҷасорат ва китобу ҳикмат, эътибору эҳтироми миллату қавми худ ҳимоя намоянд.
 
Мирсаид РАҲМОНОВ, 
ходими калони илмии Институти Осиё 
ва Аврупои АМИТ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2022    №: 160    Мутолиа карданд: 1004
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед