logo

сиёсат

«РОҒУН» - МАЙДОНИ ЯКДИЛИИ МИЛЛӢ

Зикри дили ман ҳамеша номи Ватан аст,
Авроди забони ман каломи Ватан аст.
Ман восифи ишқи Ватани маҳбубам, 
Феҳрести китоби ман мароми Ватан аст.
 
Ватандӯстӣ меҳру муҳаббат, садоқат ба Ватан ва омода будани инсон ба боло гузоштани манфиатҳои Меҳан аз манфиатҳои шахсии худ мебошад. Ватандӯстӣ муносибати ҳиссӣ нисбат ба Ватан буда, дар хидмат кардан ба Ватан ва муҳофизат намудани он ифода меёбад.
Ифтихор намудан аз дастовардҳои Ватан, бо хоҳиши худ маҳфуз нигоҳ доштани хислат ва хусусиятҳои фарҳангии он, ҳимояи манфиатҳои Ватан ва халқ сифатҳои беҳтарини ватандӯстӣ мебошанд. Дар шароити бавуҷудоии миллатҳо ва давлатҳои миллӣ, ватандӯстӣ қисми таркибии шуури ҷамъиятӣ, инъикоскунандаи инкишофи омилҳои умумимиллии он мегардад. Ватандӯстӣ дар ҳамаи давру замонҳо яке аз хислатҳои неки инсон ба шумор меравад.
Сарвари давлат, дар рӯзи қасам ёд кардан чунин гуфта буданд: «То ҷон дар бадан дорам, барои Ватани маҳбубам содиқона хизмат менамоям». Ин марди ватандӯст ба худ мақсад гузоштанд, ки Тоҷикистони азизро бо баробари баровардан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул, боз барои мардуми тоҷик амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро муҳайё менамоянд. Тоҷикистон макони зебоманзару кӯҳсор ва дорои захираҳои ғании энергетикӣ мебошад. Ин имконияти бузург метавонад ояндаи Тоҷикистонро нурафшон созад. Бо мақсади истифодаи самараноки неру Сарвари давлат тасмим гирифтанд калонтарин неругоҳ НБО «Роғун»-ро, ки сохтмони он охири солҳои 70-уми асри гузашта шуруъ шуда, бо сабабҳои гуногун нотамом монда буд, ба кор дароварда, мардумро бо захираи энергетикӣ таъмин намоянд. Барои ин амал дар ниҳоди онҳо ҳисси ватандӯстиро бедор намуданд.  
Бунёди неругоҳи «Роғун» яке аз бузургтарин иншооти аср ба ҳисоб рафта, аҳамияти зиёди сиёсиву иқтисодӣ дорад. Зеро,  бидуни барқ ягон соҳа пеш намеравад. Аз нигоҳи иқтисодӣ таҳлил намоем, дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ ба кор даромада, иқтисодиёт пеш меравад. Аз диду назари сиёсӣ бошад, давлатамон ба кишварҳои пешрафтаи дунё дохил мешавад. Ин ҳадафи бузурги Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, мардуми бонангу номус, саховатманду ҷавонмард, ба хотири таъмини мунтазами барқ ва ободии Ватан, вобаста ба тавоноии худ саҳми арзанда гузоштанд.
Ба кор андохтани НБО «Роғун» ягона роҳи бадастдарории истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Мардуми тоҷик чандин солҳо буд, ки аз набудани барқ азият мекашиданд ва иқтисоди кишвар ҳам аз бебарқӣ хисороти азиме дид. НБО «Роғун» дар силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш аз боло 9-ум буда, дар масофаи 110 километр аз шаҳри Душанбе воқеъ мебошаду аз 6 агрегат иборат буда, иқтидори ҳар кадомаш 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди неругоҳ бо баландии 335 метр дар ҷаҳон баландтарин маҳсуб ёфта, иқтидораш 3600 мегаватт мебошад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ имкон медиҳад, ки эҳтиёҷи ба барқ доштаи Тоҷикистон комилан қонеъ гардад ва он барои инкишофи иқтисодиёти кишварамон таконбахш аст. 
Қудрату шаҳомати неругоҳи «Роғун», аллакай, дар хонаи дилҳо эҳсос мешавад ва хушбахтиву комёрии миллатамонро дар ояндаи наздик тасаввур менамоем. Ташаббусҳои созанда, иқдомҳои наҷиби ҳар фарди баору номус, ватандӯст бобати саҳмгирӣ дар бунёди неругоҳ имрӯз ба натиҷаҳои дилҳоҳ боис шуда истодаанд. Баъди ба кор даровардани ду агрегати НБО «Роғун» орзуву омоли деринаи миллати тоҷик ҷомаи амал пӯшид. 
 
П. Р. ПӮЛОТОВ, 
декани факултети 
физикаю техникаи ДДХ
Ш. О. ЛУҒМОНОВА, 
мудири кафедраи 
назарияи физикаи ДДХ

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.08.2022    №: 161    Мутолиа карданд: 740
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед