logo

Хабарҳо

ВАРЗИШ

 
V БОЗИҲОИ ҲАМБАСТАГИИ ИСЛОМӢ
Туркия аз ҳама зиёд медал гирифт 
 
18 август V Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Кунияи Туркия ба анҷом расид. Варзишгарони Тоҷикистон бо 8 медал (3 нуқра ва 5 биринҷӣ) миёни 56 кишвари иштирокчӣ мақоми 29-умро касб карданд. 
 
Медалҳоро аз мунтахаби мо Илдар Аҳмадиев, Екатерина Ишенко, Комроншоҳ Устопириён (нуқра), Асламҷон Азизов, Фирӯз Мирзораҷабов, Шодмон Ризоев, Абубакри Акобир ва дар намуди даставӣ оид ба дзюдо (биринҷӣ) ба даст оварда буданд.
Ҳамин тавр, дар бозиҳо аз рӯи шумораи медалҳо кишвари мизбон – Туркия бо 341 медал (145 тилло, 107 нуқра, 89 биринҷӣ) зинаи аввалро касб намуд. Ӯзбекистон бо 158 медал (51, 42, 65) ва Эрон бо 133 (39, 44,  50) ҷойҳои дуюму сеюмро гирифтанд. 
 
 
 
ЛИГАИ ОЛӢ
Дар дербии шаҳри Душанбе  «Истиқлол» мағлуб шуд
 
Дар бозии мавқуфмондаи даври аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ КМВА дар меҳмонӣ «Истиқлол»- ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд. 
 
Тӯби ғалабаоварро пас аз хатои муҳофизатгари дастаи мизбон Хуршед Абдуллоев (дақ.79) ба самар расонд. 
Бояд гуфт, ки Наврӯз Рустамов, ҳамлагари КМВА, дар дақиқаи 60-ум бо ду корти зард аз майдон пеш карда шуд. 
«Афсарон» пас аз ғалаба бо 16 хол ба зинаи панҷум баромаданд. «Истиқлол» бо 17 хол дар мавқеи чорум аст. 
 
 
 
Ҷоми КФО – 2022 барои «Хуҷанд хотима ёфт
 
Дастаи «Суғдиён» (Ӯзбекистон) дар финали минтақаи марказии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё – 2022 ба дарвозаи «Хуҷанд» (Тоҷикистон) чор голи беҷавоб зада, ба даври дигар роҳ ёфт. 
 
Голҳоро Ҷасур Ҳасанов (дуто), Шоҳрӯз Норхонов ва Ҷавоҳир Қаҳрамонов заданд. 
Дар даври нимниҳоии Ҷоми КФО – 2022 «Суғдиён» 6 сентябр дар майдонаш «Лиони Шарқии Ҳонгконг» - ро қабул мекунад.
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5403
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед