logo

Хабарҳо

Ҷаласаи раисони судҳои олии давлатҳои аъзои СҲШ

 
Дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳайатҳои Тоҷикистон, Россия, Эрон, Чин, Ӯзбекистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Покистон ва намояндагони давлатҳои нозир ҷаласаи ҳабдаҳуми раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. 
Тавре аз Суди Олӣ хабар доданд, дар ҷаласа, ҳамчунин, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – намояндаи ваколатдори Президент дар Маҷлиси Олӣ Зариф Ализода, муовини котиби генералии СҲШ Григорий Логвинов ва муовини директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Артур Голованов ширкат варзиданд.
Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён гуфт, ки фаъолияти муштараки судҳои олии кишварҳои аъзо дар самти такмили қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ дар баамалбарории адолати судӣ, ҳамгироии низоми ҳуқуқӣ ва таҳкими муколамаи байналмилалӣ саҳми назаррас дорад. 
Дар охир изҳороти муштараки раисони судҳои олии кишварҳои аъзои СҲШ қабул гардида, таъкид шуд, ки минбаъд низ байни судҳои олии давлатҳои аъзо ҳамкории судманд идома меёбад.
 
 
 
Мулоқоти Шермуҳаммад Шоҳиён  бо Замирбек Базарбеков 
Дар мулоқоти раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён бо раиси Суди Олии Қирғизистон Замирбек Базарбеков таъкид гардид, ки миёни ду кишвар муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва бародарона ба вуҷуд омадаанд, ки заминаи мустаҳками таърихию фарҳангӣ доранд.  Ҳамкории ду кишвар дар асоси муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ инкишоф меёбад.
Ба иттилои АМИТ “Ховар”, бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷониба Замирбек Базарбеков Шермуҳаммад Шоҳиёнро барои иштирок дар конфронси байналмилалии «Мустақилияти ҳокимияти судӣ дар заминаи ислоҳоти конститутсионӣ», ки 16 сентябри соли 2022 дар Бишкек баргузор мегардад, даъват намуд.
 
 
Вобаста ба сохтмони панҷ муассисаи таълимӣ созишнома имзо шуд
Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ва директори иҷроияи блоки лоиҳавии Бунёди авруосиёии пойдорӣ ва рушд Андрей Широков созишномаи грантӣ доир ба сохтмони панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва Турсунзодаро имзо карданд,- иттилоъ дод маркази матбуоти Вазорат.
Зимни имзои созишнома таъкид гардид, ки ҳадаф сари вақт ба итмом расондани корҳои сохтмонӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани ин муассисаҳои таълимӣ мебошад. Айни замон дар иншоот корҳои созандагӣ идома дошта, муассисаҳо, тибқи нақша, моҳи сентябри соли равон мавриди истифода қарор мегиранд.
 
 
Таҳкими муносибатҳо баррасӣ гашт
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода бо муовини мудири кулл, сардори раёсати кишварҳои АвруОсиё ва Балкани Вазорати корҳои хориҷии Давлати Исроил Симона Халперин мулоқот намуд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти Марказ, хонум Халперинро директори департаменти Осиёи Марказӣ ва Қафқози Вазорати корҳои хориҷии Исроил хонум Михал Хершковитс ва сафири Исроил дар Тоҷикистон хонум Зеавит Бен Хиллел ҳамроҳӣ намуданд.
Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Исроил дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сиёсиву амниятӣ, обу энергетика, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва илмиву таҳлилӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
 
 
Ҷаласаи ҳисоботии Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ-ҳисоботии Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон Фозил Обидзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, роҳбарият ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузор»-и дастгоҳи Маҷлиси намояндагон иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аъзои Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон дар ду ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, 35 ҷаласаи Шуро ва 29 иҷлосияи Маҷлиси намояндагон иштирок намуданд. Дар доираи онҳо беш  аз 665 санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва аз рӯи ин масъалаҳо 466 қарори Шуро ва 197 қарори Маҷлиси намояндагон қабул гардиданд.
Дар давраи ҳисоботӣ ба Маҷлиси намояндагон 127 қонун, инчунин, 39 созишномаву протокол ва дигар санадҳои меъёрӣ манзур гардиданд, ки дар такмилу таҷдиди онҳо саҳми вакилон – аъзои Фраксияи ҲХДТ назаррас аст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5846
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед