logo

иқтисод

ЗИНДАГӢ РАНГИ ТОЗА МЕГИРАД... БАРДОШТ АЗ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ

Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар тули даҳсолаи охир дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, азми соҳибкорони маҳаллӣ дар ҷодаи ободкорӣ ва заҳмати  софдилонаи сокинон  зери  ғамхории  вижаи  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш рушд кард. Хушбахтона, таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гашта, ки дар баробари навгониҳои бавуқуъпайваста, баҳри тараққиёти иқтисодию иҷтимоии бештари ноҳия нақшаҳои наву ҷолиб рӯйи даст гирифта шаванд. Дар ҳамин замина, аҳли заҳмат дурнамои шашмоҳаи аввали соли 2022-ро бо натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ ҷамъбаст карданд.
- Шукри сулҳу салоҳи пойдор ва оромию осудагӣ дар Тоҷикистони азиз, ки мо тавонистем 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовезҳои шоёни меҳнатӣ ва бо як шукӯҳу шаҳомати хос истиқбол бигирем. Ба шарафи Ҷашни миллӣ дар ноҳия беш аз 200 иншооти  хурду бузург  бунёд ёфт, ки бо ин васила шароити иқтисодию маишии сокинон боз ҳам беҳтар шуд. Зикр бояд кард, ки ин ҳама музаффариятҳо таҳти сарварии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Боиси хушнудист, ки дар доираи омодагиҳо ба таҷлили шоистаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхориҳои самимонаи Сарвари давлат ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳанӯз ба сатҳи худкифоӣ нарасидааст, афзун мешаванд,-иброз дошт Сафармаҳмад Раҳимзода, раиси ноҳия ва ҷараёни андешаҳояшро ба маҷрои комёбиҳои имсола равона сохт:
- Маҳз ҳамин дастгирии рӯзафзун буд, ки аз 17 иншооти тибқи нақша сохташаванда, мо дар шаш моҳ 13 адади онро ба исти-фода додем. Дар маҷмуъ, то Ҷашни фархундаи миллӣ бунёд ва таҷдиди 203 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар соҳаи тандурустӣ 20, маориф 32, фарҳанг 8, хизмати маишӣ 48, варзиш14, коргоҳи саноатӣ 47 ва дигар иншоот 34 адад.
Тибқи супориши Сарвари давлат бо фармоиши Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатӣ, дар маҷмуъ, барои 25 оила сохтмони бинои панҷо-шёнаи истиқоматӣ бо маблағгузории беш аз 10 миллион сомонӣ оғоз шуда, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Бояд гуфт, ки ин иқдом дар ноҳияи мо собиқа надорад. 
Кохи фарҳанг, ки дуошёнаву дорои толор бо 500 ҷойи нишаст ва кошонаҳои ҳусн аст, баъди таъмир оғӯши худро ба пешво-зи санъатварон ва дӯстдорони ҳунар хоҳад кушод. 
Дар доираи тадбирҳои ободонӣ ду километр роҳи маркази ноҳия ба таври хушсифат мумфарш гардид, кор дар ин самт идома дорад. Ин ҳама ободкориҳое, ки зикр кардем, бо маблағҳои ҷумҳуриявӣ аз тарафи Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури Пешвои муазза-ми миллат иҷро шудаанд.
Дар асоси дастури Сарвари давлат дар шафати бинои ҳозираи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ки бо гузашти солҳо фарсуда шудааст, сохтмони бинои нави панҷошёна дар оғоз ёфтан аст. Иншоот тарҳи муосир дошта, бо беҳтарин шароити корӣ таъмин хоҳад шуд. Барои ин ҳама ғамхорию дастгириҳо мо аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пе-швои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона сипосгузорем.
Кумитаи андози ҷумҳурӣ дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат дар якчанд ташаббусҳои ободкорӣ саҳм гузошт. То моҳи сентябри соли ҷорӣ корҳои сохтмонии бинои нозироти андози ноҳияро ба итмом мерасонад. Бино дуошёна буда, зиёда аз 10 ҳуҷраи корӣ дорад. 
Бо саҳми Кумитаи мазкур, майдони Парчами давлатӣ, гулгашту фаввора бунёд ёфта, ин мавзеъ ба яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи фароғату истироҳати сокинон мубаддал гашт. 
Соҳибкорони маҳаллӣ низ баҳри рушди ноҳия кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд, аз ҷумла Ҳоҷӣ Зубайдулло сохтмони бозо-ри замонавиро ба анҷом расонд, ки баъди ба истифода додани он 1000 сокин соҳиби ҷойи кори доимӣ хоҳад шуд. 
Баҳри амалисозии ҳадафи чоруми Ҳукумати ҷумҳурӣ, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат, нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, дар шаш моҳи соли ҷорӣ панҷ корхонаи саноатӣ: истеҳсоли собун, равғани растанӣ, коғази ташноб ва коркарди пахта сохта, ба истифода дода шуд. 
Дар Ҷамоати деҳоти Яккатут эъмори корхонаи калони ресандагӣ дар назар аст. Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он 950 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор мегардад. Бунёди коргоҳи макаронбарорӣ ба марҳалаи ниҳоӣ расида, дар рӯзҳои таҷлил аз 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият мепардозад. Ҳамчунин, бунёди ду корхонаи ди-гар низ дар назар аст. 
Меҳнаткашони ноҳия шашмоҳаи аввали соли равонро хуб ҷамъбаст карда, ба як қатор натиҷаҳои назаррас даст ёфтанд. Чунончи, қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар ҳаҷми 19,1 миллион сомонӣ (100 дарсади нақша) таъмин гардид. 
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 71 миллиону 993,8 ҳазор сомонӣ баробар гашт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 17 миллиону 593,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонӣ ба 1843,2 тонна, гӯшт 800,2 тонна, гӯшти мурғ 13,4 тонна, равғани соф 207,6 тонна, маҳсулоти пластикӣ 1514,8 метри мураббаъ ва хишти сементӣ ба 714,5 ҳазор дона расонда шуд, ки ин нишондиҳандаҳо дар қиёс ба ҳамин давраи соли рафта хеле болоянд. 
Барои таъмири роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 78 ҳазор сомонӣ ва аз буҷети маҳаллӣ 77 ҳазор сомонӣ ихтисос ёфт ва бо ин маблағ 49 километр роҳ таъмир дид. Аз тарафи соҳибкорон ва мардум ба 1 миллиону 113 ҳазор сомонӣ дар деҳоти “50-солагии Тоҷикистон” як пул ва се километр роҳи байни деҳа санг-фарш, дар деҳоти Калинин ва Иттифоқ ду километр роҳ аз таъмир баромаданд. 
Кишоварзон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 349 миллиону 566,5 ҳазор сомонӣ расонданд, ки 109,6 дарсади нақшаро таш-кил медиҳад. 24284 тонна ғалладона (бе дони ҷуворимакка), 22481 тонна сабзавот, 4956 тонна картошка, 8096 тонна полизӣ ва 2265 тонна мева истеҳсол шуд. 
Имкониятҳои соҳаи моҳипарварӣ ба таври пурсамар истифода мегарданд. Ҳоло шумораи хоҷагиҳои моҳипарвар, ки ба онҳо 873 гектар кӯлу ҳавзҳо вобастаанд, ба 39 адад расидааст. Дар ин давра 331,1 тонна моҳӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 192,8 тонна зиёд мебошад.
Бо мақсади беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо дар ин давра аз 607 километр заҳбуру заҳкаш 12 километр бо ёрии се экскаватори гуногунтамға бо харҷи 254 ҳазор сомонӣ тоза карда шуд, 170 гектар замин аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи хиз-матрасонии об киштбоб гардид. 
Мо аз ин натиҷаҳои меҳнатӣ қаноатманд нашуда, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар оянда дар партави дастгириҳои Президен-ти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, вазорату куми-таҳо, соҳибкорон ва ҳар як сокини ватандӯст, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро боз ҳам зебо, шукуфо ва барои кору зиндагонии шоистаи мардуми заҳматкаш мувофиқтар бисозем.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2022    №: 162    Мутолиа карданд: 919
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед