фарҳанг
«ЗАРДУШТНОМА». ПАДИДАИ НАВ ДАР ШИНОХТИ ОИНИ ГУЗАШТАГОН
Дар нашриёти «Промэкспо»-и шаҳри Душанбе китоби «Зардуштнома» чоп шуд, ки ба хомаи Атоуллоҳи Муҷебуллоҳ тааллуқ дорад. Муаллиф кӯшидааст, тавассути назм рӯзгору осор ва кору пайкори асосгузори аввалин дини яктопарастии ориёиён – Зардуштро ба хонанда равшан гардонад.
Атоуллоҳи Муҷебуллоҳ, ки китоби худро бо тахаллуси бостонии Меҳроспанди Отбиён иншо кардааст, менависад: «Бо сар-варӣ ва кӯшиши марди фарзона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳта-рам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006-ро «Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ» ном ниҳоданд ва дар густураи ин солу солҳои па-син корҳои арзишманди зиёде дар ростои шиносоӣ ва шиносондани фарҳанги ориёӣ анҷом дода шуданд. Имрӯз мо дар парта-ви хуршеди озодӣ ва зери дирафши истиқлол метавонем озодона дар бораи он чи асрҳо аз гуфтани он метарсидем, бебим сухан кунем».
Воқеан ҳам, Истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овард, то бори дигар аз ниёгони худ, ки номашон тадриҷан ба фаромӯшӣ мерафт, ёд кунем. Аз ҷумла, ёдкарду гиромидошти оини зардуштӣ, ки бунёди он хирадгароӣ, ростӣ, пиндор, гуфтор ва рафтори нек аст, асли китоби «Зардуштнома» аст.
Достон бо ҳамин панди куҳанбунёни ориёӣ оғоз мешавад:
Чунин пурсид аз Зардушт Кайшоҳ,
Ки сӯйи растагорӣ чун барам роҳ?
Ба посух гуфт Зардушти Спитом:
"К-аз ин се ниҳ ба роҳи ростӣ гом
Нахуст андешаи нек, эй ҷаҳондор,
Дигар гуфтори неку нек кирдор.
Бувад андар ҷаҳон танҳо яке роҳ
Ва он раҳ ростист, эй додгар шоҳ!".
Дар давоми назм, ки 404 саҳифаро дар бар мегирад, аз тифлӣ то ба пояҳои баланд расидани Зардушт, рӯзгори пуртазоду пурмоҷаро, парокандани дини зардуштия ва мушкилоти ин ҷода батафсил қисса мешавад.
Бино ба навиштаи муаллиф, иншои китоб соли 2000 оғоз ёфта, як қатор мушкилоти эҷодиро дар пай дошт. Бахусус, ҷамъоварии гуфтор, панд ва устураҳои қадимии аз гузаштагон ба мо монда кори осон набуд. Ин дар ҳолест, ки аз осори зар-душтӣ, бавижа аз Авесто, Занду Позанд то ба мо пораҳои кӯчак расида омадаанд ва дар меҳвари ҳамин осор ҷамъугир кардани афкор сангин аст. Ёдамон ҳаст, ки Авесторо дар таърих ду бор, маротибаи аввал юнониҳо ва бори дувум арабҳо ба коми оташ андохта буданд ва сурудаву омӯзаҳои он танҳо дар забони баъзе аз намояндагони дин боқӣ монда буду бас.
Нуктаи сутудании асар забони ноби он аст. Меҳроспанди Отбиён низ мисли ҳаким Фирдавсӣ кӯшидааст, то аз забонҳои арабиву туркӣ парҳезад ва аз вожагони бостонӣ ба таври фаровон истифода барад. Таркиби луғавии китоб аз вожаҳои форсӣ ва ҳатто қадимтар аз он (калимаҳои забони авестоӣ, паҳлавӣ) иборат мебошад. Маълум мешавад, ки забони мо бо истифодаи захираҳои вожаҳои аз гӯиш берун монда, таркиби худро ғанӣ ва пояҳои худро мустаҳкам гардонад.
Сарчашмаи вожаҳои асар тоҷикии порсии имрӯза, порсиг, яъне паҳлавӣ, сурудаҳои қадими аҳди сосонӣ, осори устод Рӯда-киву ҳамзамонони ӯ қаламдод шудааст.
Ба ин хотир, дар поёни китоб таҳти унвони «Вожанома ва номнома» як силсила калимаҳо гирд омадаанд, ки барои аҳли фазл ва пажӯҳандагони забон судманд аст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.08.2022 №: 162 Мутолиа карданд: 948