logo

фарҳанг

«ЛОЛАҲОИ БАДАХШОН»

 
Бо ҳамин ном чанде пеш аз тариқи нашриёти «Эр-граф» китоби ҳафтумини нависандаи хушсалиқа, киношиноси маъруф Тилло Некқадамов ба дасти хонандагони сершумор расид, ки дар бораи таърихи ташкили ансамбли бачагонаи этнографии Помир ва ансамбли тарона ва рақси Помир ҳикоят мекунад. Муҳаррири китоб Имомиддин Раҳимӣ буда, сарсухани он ба қалами доктори илмҳои фалсафа Назархудо Дастамбуев мутааллиқ аст.
Вақте китобро мутолиа менамоед, маълум мегардад, ки адиби тозакор ба  таърихи пайдоиш ва инкишофи санъату фарҳанги мардуми Бадахшон аз сидқ камар баста, бо далелу санадҳо исбот менамояд, ки санъат дар ҳаёти сокинони Боми Ҷаҳон аз қа-дим нақши бориз дошт ва бо тарзи зиндагии онҳо тавъам буд. 
Нависанда менигорад, ки дар соли 1940 яке аз масъалаҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ омодагӣ ба Даҳаи санъати халқи тоҷик дар шаҳри Москва ба ҳисоб мерафт. Дар тамоми шаҳру ноҳия ва вилоятҳо ба ин чорабинӣ омодагии ҷиддӣ медиданд. Киноре-жиссёри маъруф, Артисти халқии СССР Комил Ёрматов, ки он вақт ҳанӯз навкор буд, роҳбари бадеии Даҳа таъин мешавад. Ӯ ду маротиба ба Помир ба сафари эҷодӣ меравад ва ниҳоят қарори Совети Комиссарони Халқи РСС Тоҷикистон «Дар бораи таш-кил намудани Ансамбли бачагонаи тарона ва рақси Помир» ба тасвиб мерасад. Зеро, созмондиҳандагон ба як хулоса омаданд, ки дар ин ҷо барои ин кор замина ҳаст ва ансамбли навбунёд метавонад дар Москва шарафи санъату фарҳанги тоҷиконро сарбаландона муаррифӣ намояд. Дар Хоруғ аз 15 марти соли 1940 машқ сар шуд ва ансамбл дар ҳайати 42 нафар аз 10 июн тармини худро дар шаҳри Сталинобод (Душанбе) идома бахшида, 70 барнома омода кард, аз қабили «Тӯй», «Ёри азиз», «Сито-ра ҷалол», «Духтари кӯҳистон». Консерти аввалини онҳо 20 июни соли 1940 дар пойтахт баргузор гашт. Дар «Лолаҳои Бадах-шон» ҳайати дастаи ҳунарӣ аз Зебо Искандароваи шашсола то ҳофизи касбӣ Файз Ҷорӯбов номбар шудаанд, ки ин ҷанбаи таърихии асарро хеле мукаммал намудааст. 
Як факти ҷолиб ҳамин аст, ки устод Лоҳутӣ бори нахуст ҳунарнамоии санъаткорони наврасро тамошо карда ба ваҷд меояд ва бахшида ба Ансамбли этнографии бачагонаи Помир ғазале меофаранд бо номи «Лолаҳои Бадахшон», ки дар маҷаллаи «Шарқи Сурх», соли 1941, № 3 нашр шудааст. 
Дар китоб, ҳамчунин, дар хусуси саҳми устод Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Ар-тисти халқии СССР Ғуломҳайдар Ғуломалиев, яке аз бунёдгузорони ансамбл Виталий Сергеевич Смирнов, Мамадназар Отамов ва ҳамаи аъзои ансамбл, маълумоти дақиқ ва аксҳои хотирмон оварда шудаанд, ки аз ин қимати таърихии асар даҳчанд афзудааст.  
Саҳифаҳои 98-108-и китоб ба таассуроти Иосиф Виссарионович Сталин, ки аз тамошои Даҳаи санъати халқи Тоҷикистон дар шаҳри Москва бардошта буд,  бахшида шудаанд. Яке аз узви ҳайати Даҳа оҳангсоз, Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон Ҳукуматшо Бандишоев, аз хотираҳояш чанд лаҳзаро дар ҳузури профессор Аскар Абдураҳмонов, ба муаллиф нақл кардааст. Бино ба гуфтаи ӯ: «Суруди халқии гурҷии «Сулико» (дар тарҷумаи устод Лоҳутӣ) бо забони тоҷикӣ дар иҷрои овозхони зебо ва хушадо Мулук Баҳор дили Сталинро беқарор кард. Вақте ки Мулук Баҳор «Сулико»-ро ба тоҷикӣ мехонд, доҳӣ бо забони гурҷӣ ба Мулук ҳамовоз мешуд». 
Даҳа бомуваффақият ҷамъбаст гардид, роҳбарони Иттиҳоди Шуравӣ  И. Сталин, М. Калинин, В. Молотов ва дигарон  гуфтанд, ки моро гуногуншаклии санъати халқи тоҷик қоил кард. Ҳамин тавр, бо фармони Президиуми Совети Олии СССР аз 24 апрели соли 1941 141 нафар иштирокдори Даҳа бо унвонҳо, ордену медалҳо қадр гашт. 
«Лолаҳои Бадахшон» армуғонест ба Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон.
 
Қурбон МАДАЛИЕВ, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2022    №: 162    Мутолиа карданд: 967
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед