logo

Хабарҳо

Ҷаласаи вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои СҲШ

 
Дар шаҳри Тошкент ҷаласаи чоруми вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар он вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода иштирок ва суханронӣ кард.
Рамазон Раҳимзода изҳор дошт, ки мо бояд кӯшишҳои худро дар якҷоягӣ бар зидди се зуҳуроти номатлуб – терро-ризм, экстремизм ва сепаратизм равона намоем, зеро ин хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи ҷаҳон, аз ҷумла фазои ки-шварҳои узви СҲШ таҳдид менамоянд. Тоҷикистон ба шарофати чораҳои саривақтӣ, инчунин, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Дар хотима, аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа протокол ба имзо расид.
 
 
Имзои қарордод бо ISAN Corporation + М50 Consulting Group
Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва директори филиали ширкати ISAN дар Алма-Ато Джон Хи Де аз ҷониби ширкатҳои муштараки ISAN Corporation+ М50 Consulting Group оид ба хизматрасониҳои ма-шваратӣ ҷиҳати назорати корҳои сохтмонӣ дар вилояти Суғд ва ВМКБ қарордод ба имзо расонданд.
Тавре Вазорати нақлиёт хабар медиҳад, он дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ – 4» амалӣ мешавад. Дар доираи лоиҳа, дар Бадахшон сохтмони пул аз болои дарёи Ғунд, воқеъ дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ, бо дарозии 200 метр ва роҳҳои ба он пайвастшаванда бо даро-зии 1,1 км, роҳи мошингард дар мавзеи Барсем бо дарозии 3,4 км бо назардошти сохтмони ду долони зиддитармавӣ бо дарозии 840 м (290 м+550 м) ва пул бо дарозии 82,3 метр пешбинӣ мегарданд.
Инчунин, дар вилояти Суғд навсозӣ ва таҷдиди қитъаҳои роҳҳои мошингард бо дарозии 51,2 км дар назар аст.
 
 
««Роғун» – арсаи мардонагӣ»
Бо чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмуни эҷодиро барои журналистон ва публитсистон эълон намуд. Озмун дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва эълони солҳои 2022 – 2026 ҳамчун панҷсолаи рушди саноат баргузор мегардад. 
Он бо мақсади таблиғу ташвиқи ҳамаҷонибаи саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ба истифода додани ду агрегати аввали НБО “Роғун” ва идомаи сохтмони ин иншооти аср, тарғиби дастовардҳои Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва истеҳсолкунандаи «энергияи сабз», эҷоди асарҳои баландмазмуни публитсистӣ ва журналистӣ дар бораи қаҳрамонони заҳмати созандаву ватандӯстона, яъне бунёдкорони иншоот, расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва инкишофи инфрасохтори муосири саноатии ҷумҳурӣ, татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръат доир мешавад.
Озмун аз 1 январ то 31 октябр давоми солҳои 2022 – 2026 гузашта, ба он маводе, ки дар матбуот, сомонаҳои хабари-ву шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизиону радио интишор гардидаанд, қабул хоҳанд шуд. 
Ғолибон ва шахсоне, ки ҷои ифтихориро гирифтанд, бо мукофотҳои пулӣ қадр мегарданд.
 
 
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ доир мешавад
Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод, ки 18 – 19 октябри соли равон дар пойтахти кишвар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» баргузор ме-гардад.
Вазорат аз намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ даъват кардааст, ки ҷиҳати иштирок дар чораби-нии мазкур ба раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорат муроҷиат намуда, маълумоти марбутаро бо тартиби муқарраргар-дида то 15 сентябр манзур намоянд. Ҳамзамон, тақозо мегардад, ки иштирокчиёни ҳамоиш дар торнамои расмии Кон-фронс то 30 сентябр аз раванди бақайдгирӣ гузаранд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3839
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед