logo

энергетика

ТОҶИКИСТОН. ИСТИҚЛОЛИ ЭНЕРГЕТИКӢ АЗ ОМИЛҲОИ МУҲИМИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛИСТ

Дар лаҳзаҳои душвору сарнавиштсози ҳар як халқу миллат фарзандони ҷоннисору далер, ватандӯсту фарзона ва мардумпарваре ба арсаи сиёсат меоянд, ки бо ҷасорат ва кору пайкори худ раванди таърихро тағйир медиҳанд. Онро ба маҷрои солиму созанда ва бунёдкорӣ равона месозанд. Сарвари давлати тозаистиқлоли тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои хеле ҳассосу душвортарини таърихӣ – гузоштани нахустин хиштҳои таҳкурсии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба саҳнаи сиёсат омада, дар эъмори бинои муҳташами соҳибистиқлолӣ хизмати беандоза бузургро ба анҷом расонданд.
Воқеан, дар қатори дигар ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат муҳимтарин ҳадафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар меҳвари сиёсати иқтисодӣ ва таҳкими истиқлоли воқеии давлати ҷавони мо қарор дорад. Зеро аз татбиқи он иҷрои дигар ҳадафҳо вобастагии муҳим дошта, НБО “Роғун” дар ин маврид нақши ҳалкунанда мебозад. Онро ҳамчун кохи бузурги нур метавон омили муҳими таҳкими истиқлол номид. 
Бунёди НБО “Роғун” бузургтарин ва муҳимтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон – сохтмони муҳташами аср ба шумор рафта, Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки «ҳаёту мамоти Тоҷикистон вобаста ба «Роғун» аст».
Тавре медонем, лоиҳаи НБО “Роғун” ҳанӯз соли 1978 омода гардида, пас аз ба истифода додани НБО “Норак” бо дастури Вазорати энергетикаи ИҶШС сохтмони он шуруъ гардида буд. Бунёди неругоҳ то барҳамхӯрии ИҶШС ва оғози даргириҳои солҳои 90-уми асри гузашта дар ҷумҳурӣ идома ёфта, то ин давра, ба маблағи 820 миллион доллари ИМА корҳо анҷом ёфта буданд. Пешбинӣ гардида буд, ки чархаи (агрегати) аввалини неругоҳ соли 1993 ба кор медарояд, аммо, бо сабаби шиддат ёфтани вазъи сиёсии Тоҷикистон ва норасоии маблағ  соли  1990 кор дар сохтмон қатъ гардид.
НБО “Роғун” на танҳо аҳамияти муҳими иқтисодӣ ва стратегии ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ дошта, он эҳтиёҷоти Тоҷикистон ба барқро комилан қонеъ гардонда, ба рушди иқтисодиёти тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ такон мебахшад. Ҳамчунин, имконияту шароити ба кишварҳои ҳамсоя – Афғонистон ва Покистон содирот намудани барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаю арзонро фароҳам меорад.
Ғояи бунёди НБО “Роғун”-ро дар замони шуравӣ роҳбарияти ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон пешниҳод карда буданд. Ҷумҳуриҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ӯзбекистон, ба ин кор манфиатдор буданд, зеро тавассути обанборҳои “Роғун” ва “Норак” имкони танзими бисёрсолаи оби дарёи Вахш ба даст омада, ба ин васила, беш аз 300 ҳазор гектар заминҳои ташналаб дар ҳудуди Ӯзбекистон шодоб мегардад. Хушбахтона, дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли садду мушкилоти бунёди ин иншооти сарнавиштсоз бар нафъи мардуми Тоҷикистон ва тамоми минтақа ҳал гардид. Пас аз бо иқтидори пурра ба кор даромадани НБО “Роғун”, он метавонад ҳамасола 13,1 миллиард киловатт-соат барқ истеҳсол намояд. Даромад аз фурӯши барқ давоми се сол тамоми хароҷоти сохтмонро мепӯшонад. 
16 ноябри соли 2018 чархаи аввал ва 9 сентябри соли 2019 чархаи дуюми НБО “Роғун” ба кор даромад, ки ба рушду пешрафти бештари иқтисоди кишвар мусоидат намуд. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди корҳои сохтмони НБО "Роғун" таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамоянд ва мунтазам аз бунёдкорҳои ин иншооти аср огаҳ гардида, барои вусъат бахшидани созандагиҳо дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Зимни мулоқот бо коргарони НБО “Роғун” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (13.07.2022) таъкид намуданд: “Неругоҳи барқи обии “Роғун” иншооти стратегӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷумлаи нақшаҳои асосии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими истиқлоли энергетикӣ буда, сари вақт ва тибқи нақша ба истифода супурдани ҳар қитъаи сохтмонӣ ба рушди иқтисоди миллӣ замина мегузорад ва мардуми тоҷик ба азму ирода, неруи созандаи кормандони муҳандисию техникии НБО “Роғун” эътимоди қавӣ доранд”. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба заҳмати ватандӯстона ва содиқонаи бунёдгарони иншооти мазкур баҳои баланд дода, зикр карданд, ки номи қаҳрамонони ин сохтмон дар таърихи Тоҷикистон сабт мегардад. 
 
Ҷӯразода Ҷамшед ҲАБИБУЛЛО, 
муовини якуми вазири маориф ва 
илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2022    №: 163    Мутолиа карданд: 2514
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед