logo

Хабарҳо

ОЗМУНИ ««РОҒУН» – АРСАИ МАРДОНАГӢ»

 
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон барои журналистон ва публитсистон озмуни эҷодиро таҳти унвони ««Роғун» – арсаи мардонагӣ» эълон менамояд
Мақсад аз ташкили озмун инъикоси ҳамаҷонибаи саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ба истифода додани ду агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва идомаи сохтмони ин иншооти бузурги аср, тарғиби дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва истеҳсолкунандаи «энергияи сабз», эҷоди асарҳои баландмазмуни публитсистӣ ва журналистӣ дар бораи қаҳрамонони заҳмати созандаву ватандӯстона, яъне бунёдкорони иншооти бузурги аср – НБО “Роғун”, расидан ба истиқлоли пурраи энергетикии кишвар ва инкишофи инфрасохтори муосири саноатӣ, татбиқи ҳадафи чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – саноатикунонии миллӣ доир мегардад.
Озмуни мазкур аз 1 январ то 31 октябр дар давоми солҳои 2022 – 2026 гузаронда мешавад. Ба озмуни имсола маводе, ки аз 2 январ то 31 октябр дар воситаҳои ахбори оммаи чопӣ, сомонаҳои хабарӣ табъу нашр гардидаанд ва дар телевизиону радио пахш шудаанд, пешниҳод мешаванд. Довталабон метавонанд маводи худро бо нишонии «Шаҳри Душанбе, кӯчаи Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи якум” ирсол доранд. Муҳлати охири пешниҳоди мавод 1 ноябр муайян шудааст.
 
ОЗМУН АЗ РӮИ НОМИНАТСИЯҲОИ ЗЕРИН ГУЗАРОНДА МЕШАВАД:
1. Мақола дар нашрияҳои чопӣ (1 ҷойи якум – 8000 сомонӣ; 2 ҷойи дуюм – 5000 сомонӣ; 2 ҷойи сеюм – 2500 сомонӣ);
2. Мавод дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои иттилоотӣ (1 ҷойи якум - 15000 сомонӣ; 2 ҷойи дуюм – 10000 сомонӣ; 2 ҷойи сеюм – 7000 сомонӣ);
3. Маводи телевизионӣ (1 ҷойи якум – 20000 сомонӣ; 2 ҷойи дуюм – 15000 сомонӣ; 2 ҷойи сеюм – 10000 сомонӣ);
4. Маводи радиоӣ (1 ҷойи якум – 10000 сомонӣ; 2 ҷойи дуюм - 5000 сомонӣ; 2 ҷойи сеюм – 3000 сомонӣ). 
Маводи ба озмун пешниҳодшаванда бояд дар сатҳи баланди касбӣ омода шуда, ба муҳтавои озмун ҷавобгӯ бошад ва набзи сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва заҳмати коргарону мутахассисони тоҷикро ҳаматарафа инъикос намояд. Мавод дар дилхоҳ жанри журналистӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод шуда метавонад. 
Барои иштирок дар Озмун маводи зерин ба Комиссияи озмун пешниҳод мешавад: маълумот дар бораи довталаб; асарҳо дар шакли СD (барои маводи радиоӣ) ва DVD (барои маводи телевизионӣ ва филми мустанад) дар 7 нусха; маълумотномаи эфири барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ; нусхаи маводи чопӣ дар 7 нусха; матни маводи дар сомонаҳои интернетӣ нашргардида дар 7 нусха; нусхаи шиноснома.
Иштирокчиёни озмун шахсони ҳуқуқӣ (идораҳои рӯзномаву маҷаллаҳо, телевизион ва радио, агентиҳои иттилоотӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва ғайра) ва воқеӣ (рӯзноманигорон, муаллифони шабакаҳои иҷтимоӣ) буда метавонанд. 
Хоҳишмандон барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавонанд бо телефонҳои 919-32-34-02, 98-999-71-50 ва 000-00-44-33 ба раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
 
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5021
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед