logo

Хабарҳо

2,5 МИЛЛИОН ВАКСИНАИ “КОРОНАВАК” ҒАМХОРИИ НАВБАТИИ ҲУКУМАТ БА АҲОЛӢ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали паҳншавии вируси COVID-19 барои пешгирӣ ва коҳиши таъсири манфии он ба вазъи саломатию иҷтимоӣ ва молиявии сокинони мамлакат тадбирҳои муҳиму саривақтиро амалӣ намуд. Аз ҷумла, 1 августи соли равон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 543 ҳазору 200 воя ваксинаи “КоронаВак” ворид гардид.
Маросими расмии супурдани вояҳои ваксинаи мазкур дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури намояндагони расмии ду кишвар баргузор гардид.
Ёдовар бояд шуд, ки ваксинаи “КоронаВак” аз нимаи дувуми соли 2020 барои истифода пешниҳод шуд ва миллионҳо сокинони сайёра аз он истифода бурданд. Моҳи сентябри соли гузашта фаъолнокии он дар подтан (антитело) исботи худро ёфт.
- Бояд гуфт, ки вояҳои ваксинаи мазкур дар анбори махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  нигаҳдорӣ шуда, тибқи талабот интиқоли онҳо ба шаҳру навоҳии мамлакат идома дорад, - мегӯяд масъули соҳа Эмомалӣ Мирзоев.
Бино ба гуфтаи мутахассисон, ҳанӯз ҳам саҳлангории баъзе аз намояндагони ҷомеа дар робита ба ваксинатсия мушоҳида мешавад. Аз ин сабаб, корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқот ва тарғиботи табибон дар маҳалҳо бисёр муҳиму таъсиррасон аст. Шеваи нарм ва бархӯрди дурусти табибони оилавӣ бо сокинон асоси фарогирӣ бо ваксина мебошад. 
Зикри ду нукта муҳим аст: яке расидан ба қадри фаъолияти табибони оилавӣ, ки қариб ҳамарӯза тавассути усули хона ба хона ваксинатсияро идома медиҳанд; дувум, аз назари солимӣ омода будани организми аҳолӣ ба гирифтани вояҳои нав. Дар ин росто, аз табибон хоҳиш карда мешавад, ки нахуст саломатии ваксинагирандаро пурра санҷанд ва баъд ба эмгузаронӣ иҷозат диҳанд. Дар навбати худ, аҳолӣ низ аз хурофоту овозаҳои беасос каноар ҷуста, беҳтар аст, ки ба илм ва амалияи он бовар кунанд.
Дар таърихи илм усул ва шеваҳои дурусту санҷидашудаи Абуалӣ ибни Сино барои пешгирии бемории вабои дар Хоразми қадим рухдода боиси ёдоварист. Ин ҳакими фарзона таъсири амалии даво, парҳезу беҳдошт, покиву назофат ва худшиносиро омили раҳоӣ аз кулли офату бемориҳо дониста буд. Дар осори ӯ ва китобҳои олимони дигари соҳаи тиб ягон вақт амалҳои хурофотӣ ва боварҳои ғайритасаввуротӣ омили таъсиргузору манфиатбахш ба шумор нарафтаанд.
Дар Муроҷиатномаи Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардум низ ин нукта ба таври равшан таъкид гардидааст: «Эмгузаронӣ ба муқобили бемориҳо дар робита ба ҳифзи ҳаёт ба воситаи муҳофизат намудани он аз хавфу хатари беморӣ ба шариат мувофиқ аст. Вақте ки аз нигоҳи шариат ба эмгузаронӣ назар кунем, аҳамияти он зоҳир мегардад, чунки ҳар чизе, ки инсонро аз зарар эмин медорад, онро шариат мутобиқи қоидаи ҷилавгирӣ аз зарар ҳатман тақозо менамояд. Дар китоби Қуръон омадааст: “Ва хештанро бо дастҳои худ ба (вартаи) ҳалокат маафканед ва накукорӣ кунед! Ҳамоно Худо накукоронро дӯст медорад. (Сураи “Бақара”, ояти 195)».
Ба ин хотир, дар асри ХХI ба ҳама гуна фаҳмишҳову таълимоти хурофотӣ рӯ овардан, ҳалокатбор аст. Ваксина омили ягонаи муҳофизати инсон ва таҳкими масунияти ӯ ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, бовар дорем, ки маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавируси COVID-19 дар тамоми ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд ҷараён мегирад ва сокинон ба қадри ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар, бавижа дар самти сари вақт дастрас намудани ваксинаи зидди бемории коронавирус сипосгузор хоҳанд буд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5404
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед